Бахшҳо
05 дек 2013 09:48Тоҷикистон / Сиёсат

Атовулло хостори тағйири муносибати Аврупо бо Душанбе

Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупоро ба шиддат танқид карда, аз онҳо хостааст, агар воқеан худро ҳомии демократия меҳисобанд, муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир диҳанд.

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор” дар ин изҳороти видеоии худ, гуфтааст, дар сурате ки кишварҳои аврупоӣ ҷонибдор ва ҳимоят аз низоми демократӣ дар ҷаҳон мекунанд, бояд нисбат ба вазъи сокинони Тоҷикистон дар ватан бетараф набошанд. Додоҷони Атовулло мегӯяд, намояндагони кишварҳои мазкур бо вуҷуди дидани интихоботи ғайришаффофу дур аз арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон, изҳор доштанд, ки мо ба сиёсати дохилии кишваре дахолат карда наметавонем. Аммо ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки бидуни дахолат ба мумури сиёсии як давлат ба он таъсир расонд.

“Ин давлатҳо ба хотири риоя шудани арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон метавонанд, як феҳристеро аз мансабдорони воломақоми ин кишвар тартиб дода, вуруди онҳоро ба Аврупо манъ кунанд, яъне бо ин роҳ ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фишор оранд, то ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром гузорад”,-гуфтааст ӯ.

Вале ба қавли раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупо бо ном ҳомии демократия буда, дар асл ҷонибдорӣ аз ҳукуматҳои худкома мекунанд: “Демократия барои инҳо мисли як дона қанд аст, ки барои фиреби кӯдакон чун лозим шуд, аз ҷайб берун ва ба даст мегиранд, дар сурати нолозим онро дохили ҷайб мекунанд.” Ӯ таъкид бар ин менамояд, ки агар дар воқеъ давлатҳои аврупоӣ ҷонибдори рушду пешрафти ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мешуданд, то кунун созмон ё нашрияи сирф озодро таъсис медоданд: “Дар давоми 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ягон созмон ва нашрияи озодеро дида намешавад, ки бо дастгирии онҳо таъсис ёфта бошад, ҳатто иҷрои лоиҳаеро барои рушди демократия дар ин кишвар дидан номумкин аст.”

Додоҷони Атовулло мегӯяд, ҳар давлат ва кишваре муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир намедиҳаду аз он ҷонибдорӣ менамояд, демократия ва арзишҳои онро “зинда ба гӯр мекунад.”

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Ба Баходур ва Кишоварз: Чи агар туро монанд мардумро сохиби барк мекуни аз кучо набудаги чизро барои ту биеранд сафсата мегуи.Як бор вазъияти баркро фахм аз пушти Шумо барин ва Атовуллоев барин "равшанфикрон"муносибат бо хамсоякишвархо ва руссхо бад шуд магар онхо мемонанд ки ту ГЭС бисозиву сохиби барк шави.Дар вакти мухарири газетаи чароги руз будани атовуллоев доимо мегуфт Точикистон барои точикон аст дигар миллатхо моро хурдаистодаанд имруз бошад боз шарм накарда подхалими хамон русхою узбакхо шудааст хатто аз тарики интернету газетахо Махмуд Худойбердеву Ислом Каримовие ки ба кавле душмани мамлакати мо хисоб мешаванд таърифу тавсиф мекунад шарманда.Махмуде ки зидди сулхи точикон сангар гирифта буд ва нахост ки гурезахо дохили ватанашон гарданд.Ин Атовуллоев бовар кунед як сафсата шудааст чизе ки хохад гуфтан мегирад.Ман рости аз аввал навиштахои уро мутолиа менамудам ва хушхол мешудам вале дар як сухбаташ дидам ки пуштибони аз душманони мамлакати мо мекунад яъне Махмуд ва Ислом бовар кунед яку якбора дилам монд ва дар чиддию сихат буданашбовариам нест шуд.Шукронаи тинчи кардан даркор.Хулоса ман ин одамро на хамчун опозитсия балки хамчун хоин мешуморам

Dev
фирдавс комилов,
Atoullo chi zarar rasonid ba tu ? Man tarafdori u ham nestam , tarafdori Rahmoni tu ham nestam , vale Avruporo meboyad az kumakhoi hud ba Tojikiston dast kashad to on dame,ki hukumati oilavii Rahmon kore ba mardumu zaminash kunad. 1, 2 mln. aholii Tojikiston darbadaru bevatan peshpoi rusho futboland, vale manu tu az lagandbardoriamon namondem.

Додочон Атоулло! Дар кадом давлат демократия аст? Дар Амрико? Дар Фаронса? Чи шармандагист. Мефамед, ки демократияро ки фикр кардааст ва пайравони имрузи он чи балохоеро ба сари мардум намеоранд. Демократияро когаз мебардорад.....

шахрванд
Сайед, мо хам тарафдори Атовулло нестем, лекин ту Сайед дар нохияхо аз хар хона пурс як нафар е ду нафар дур аз ватан дар мухочират набошат ман ноодам бошам. Камтар ба зиндагии мардум нигох кардан даркор. Дар Точикистон мо як ду сер дорем факат фикри оилаи худашон мекунанд тамом. У одаме ки фикри халки камбизоат намекунад у одам нест. Баъд мегуи ту шав барк таъмин карда метавони. Халкро бо барку гарми, чои кор таъмин кардан ин вазифаи аввал мебошад.

Ба дев
Он чизе ки ту лаганбардори мегуи ман нангу номуси ватандори мегуям,ки зарае дар вучуди шумо ва Атовуллоев баринхо нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)