Бахшҳо

Саидалӣ Сиддиқов: “Бобои барфӣ ба анъанаи миллии мо рабт надорад”

Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар нақшаи барномаи асосии солинавӣ намоиши Бобои барфӣ ва Барфак ворид нашудааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ин ду қаҳрамони аслии ҷашни Соли нави милодӣ ба анъанаҳои миллии тоҷикон пайванде надоранд.

“Ин навбат бештар ба арзишҳои миллии худамон бартарӣ дода хоҳад шуд. Барои мисол, дар барномаҳои телевизион ба мисли қабл мусиқӣ, рақсу суруд, барф, сайругашти оммавӣ ва таманниёти идона ҷой дорад, аммо бидуни нӯшокиҳои спиртӣ ва қаҳрамонҳо - Бобои барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ”,-афзуд Саидалӣ Сиддиқов.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, албатта, намоиш надодани Бобои барфиву Барфак дар телевизионҳо амр ё супориши хосе набуда, балки муаллифи барнома чунин хостааст. Ӯ изҳори дошт, “одамон аз пашша фил месозанд. Мо нагуфтем, ки Бобои барфӣ ва Барфаку арчаи солинавӣ бад аст. Ҷомеаи мо дунявист. Ҳар кас ихтиёр дорад бо хости худ онро ҷашн гирад. Ин ҳама идҳо ҷузъе аз фарҳанги мардуми мо шудааст ва ҷанбаи хуб ҳам дорад.”

Бобои барфӣ ва Барфак дар ҳоле ба барномаҳои солинавии телевизионҳо роҳ намеёбанд, ки дар остонаи соли нави 2012 нафаре дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, мавриди ҳамла қарор гирифта, кушта шуд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода буд. Саидалии Сиддиқ мегӯяд, намоиш надодани Бобои барфӣ ва Барфак ба ин надорад ва танҳо хостаи таҳиягарони барномаҳои солинависту бас.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
давлати шумо ягон чи баройи кудакон намекунад монед кудакхо хуши кунанд новый году дед-мороз кати

Соли нав як иди таърихи аз Шурави ба мо монда нахо мо таърихи гузаштагонамонро фаромуш кунем ин як иди хурсанди мебошад як иди хонаводаги пас инхели агар бошад идхои исломи хам барои мо бегонаханд онхо аз мо нестанд ку аз арабхоянд

Аз эхтимол дур нест, ки соли оянда бо бахонаи он ки соли милоди (2014) ба анъанаҳои миллии тоҷикон пайванде надорад, дар мавриди даст кашидан аз ин солшумори харф занад ва пешниходи истифода аз таквими камариву шамси намояд.

Саркамиш ёвон
э афсус ман имсол ба фарзандам ваъда дода будам,ки уро ба тамошои бобои барфи мебарам акнун мачбур мешавам,ки мани камбагал хамрохи писарам ба русия сафаркунам.

Мусалмон
багу,
агар ту худатро мусалмон нахисоби, пас метавони аз чашн гирифтани идхои исломи даст бикаши, зеро ин идхо барои мусалмонхои чахон аст, на махсуси миллати арабу точику дигар миллат, яъне идхои исломи дар доираи миллат махдуд намешаванд. Ман ки мусалмонам, даст мекашам аз соли наве, ки ба дини ман робита надорад.

"идхои исломи хам барои мо бегонаханд онхо аз мо нестанд ку аз арабхоянд"
Чавоб:
Эй чашми дилат кур аст ,намебини хатто немисхохам Исломро кабул карда истодаанд ту боши мегуи иди исломиву араби ....
Дар Ислом миллат нест! Кадом миллате набошад кабул кунад Исломро у мусамон аст натанхо арабхо акнун фахмиди?!!!
Хохиш мекунам Саидали Сиддик минатдории бандаро кабул кунед.

Хар касе ку дур монд аз асли хеш
Боз чуяд рузгори васли хеш.
Соли нави аслии мо ки хеле зебо ва мантики хам хаст НАВРУЗ аст! Ин тасмими телевизион ки аслан аз хукумат об мехурад бисер олист ва ва фикр мекунам огози ислохот дар фазои фархангу миллатдустии точикон аст.

э.р.
Бисер икдоми хуб. Шоистаи тахсин. Шумо вориси фарханги бузургед. Эхтиече ба чунин корхои бемаънии бегонагон нест. Як чахон ташаккур!

М
БАГУ ХУДО медона мусалмон нести? Дар хеч давру замон идхои мусулмони аз арабхо набудан.Ба мисли ту бисёр арабхое хастанд ки хамин идхоро хуб кабул надоранд.Дини ислом хос барои арабхо наомадааст ки ин идхо аз онхо бошад.Ислом барои тамоми башария омадааст,то киёмата.

ман як Худоро ва 6 Пайгомбаронашона парастиш мекунам барои ман онхо хама яканд ва хама идхояшон барои ман нозанинанд

салом хамин либосхои аврупои хам аз они мо нест. мошин хам аз они мо нест, самолет ва хоказхо. мисли афгонхо курта эзори дароз пушида хар ба савор шавед. харфхои кирили солшумори хам а они мо нест. не надо ерундой заниматься отмечали без вас и будем отмечать на дворе 21 век. лучьше займитсь светом что у людей нет.

zet
Э бале ба Шумо таърих донхову, таърихпарастон, Соли нав иди точики нест, Бобои барфи ва барфак точики нест гуфта, кати Микки маус раксу бози кардед, ку шармандахо!!!! Точикистонро дигар кисмат макун!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)