Бахшҳо
14 дек 2013 12:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дахолати Нуриддин Саидов, вазири маориф, ба баҳси “фигура”

Ахиран Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, ба баҳси Исломиддин Нарсов -- мудири маорифи Ёвон ва Меҳрафрӯз Ҳаётова -- омӯзгори забони англисии яке аз мактабҳои ин ноҳия дахл кард. Оқои Саидов субҳи 14 декабр хонум Ҳаётоваро ба ҳузур пазируфта ва аз ӯ ҳақиқати ҳолро пурсид.

Қаблан, Меҳрафрӯз Ҳаётова аз болои мудири маорифи Ёвон шикоят карда буд, ки гӯиё шаъну эътибори ӯро дар назди ҳамкоронаш паст зада гуфтааст, “фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай.” Хонум Ҳаётова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, вай шоми 13 декабр телефонӣ бо вазири маориф сӯҳбат карда, нахуст аз ӯ пурсидааст, “оё барои муаллимаи забони хориҷӣ шудан, бояд фигураю симои зебо дошта бошӣ?”

“Вазир маро дилбардорӣ намуда гуфт, ягон нафар ҳаққи гуфтани чунин суханҳоро надорад. Ӯ барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол маро ба Душанбе даъват кард ва субҳи 14 аз наздик сӯҳбат намуд”,- гуфт ӯ. Мусоҳиби мо афзуд, “вазир хост, бо ҳамн либосе, ки дар назди мудири маориф пӯшида будам, биёям. Вай мехост, фаҳмад, ки чаро афту андоми ман ба мудир маъқул нашудааст. Вазир маро хуб қабул карда гуфт, агар 11 сол дар соҳаи маориф кор карда бошӣ, кадри худро дастгирӣ мекунам. Дар назди ман ба директори мактаб занг зада, хислатнома пурсид. Ба мудири маорифи ноҳия Исломиддин Нарсов низ занг зад ва гуфт, рӯзи душанбе ба назди вазир биёяд. Вазир ба ман гуфт, нафароне, ки ҳуқуқи худро ҳимоя мекунад, ҳурмат мекунаму чӣ қадаре тавонам дастгирӣ менамоям.”

Ин дар ҳолест, ки Исломиддин Нарсов ҳама даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро беасос медонад. Вай гуфта буд, “ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду рӯймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Хулосаи вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи ин баҳс баъд аз сӯҳбаташ бо Исломиддин Нарсов эълон хоҳад шуд.
Мӯҳр
Шарафова С
Вокеъан Вазири имрузаи мо ба вазифаи худ шахси арзандаест. Ман шохиди холам, Саидов Н.мурочиати бисёр корафтодагонро ба таври мусби хал кардааст. Имсол барои халли як масъала ба у мурочиат намудем ва бо дахолати бевоситаи у масъалаи мо халли худро ёфт. Аз ин ру ман ба у миннатдории худро баён менамоям

Ромиш
Кадом хаюарнигоре гуфт абуд ки Саидов вазири мардуми аст рост мегуфтааст. Офарин,ана ин рузат некиат барои худат умрбод хушходи меорад

Дилёб
Зинда боши устод Саидов барои бори нахуст ба садои вичдон гуш доданатон!!!

Ахахахах наши чиновники тупые! Но с ними не скучно ))) wink

МУХТАРАМ ВАЗИР АЗ НОМИ СОКИНОНИ ХУДЖАНД БА МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУГД ВА ШАХРИ ХУДЖАНД НАЗАР КУНЕД ЗЕРО МО МОНДА ШУДЕМ АЗ ПУЛ ДОДАН ХАРРУЗ Я БАХОНА ПУЛ ЧАМЬ КУНИ АКНУН БОЗ ЯК ТАКТИЯИ НАВ БИЛЕТ БАРОИ НАМОИШИ ТЕАТРИ МАЧБУРИ МУАЛЛИМАХО МЕГУЯНД КИ ФАРМОНИ МАОРИФ ОХИР БА ТЕАТР РАФТАН МАЧБУРИ НЕКУ УМЕДВОРАМ БА ИН АРЗИ МО МЕРАСЕДУ БАРОИ ХАЛКУ МИЛЛАТ ДИЛСУЗ БУДАНАТОНА МАЬЛУМ МЕКУНЕД ЗЕРО ЧАНОБИ ОЛИ МИСЛИ ХУДАШОН ДИЛСУЗ ОДАМОНРО БА САРИ КУДРАТ МЕОРАД

Агар кормандони маориф ба либоспуши нею ба саводу интизоми сабакгирандагон ахамият медодан бисёр хуб мешуд,чунки мо чандин солахо дар сохаи илму маориф акиб мондаем.Ин амалхои корманди маориф бошад боз як худнамоишдихи аст,ки мутаасифона солхои охир бар зидди дин фахмотар гуем (мода) шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)