Бахшҳо

Эътирози хонанда ба Кабирӣ ва ҷонибдорӣ аз Рустаму падараш

Як хонанда бо ирсоли номае ба унвони хабаргузории “Озодагон” ба суханҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди мансаби нави Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури кишвар, эътироз намудааст.

Ин хонанда, ки худро Дилшод муаррифӣ кардааст, мегӯяд, гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба мансаб гирифтани Рустами 26-сола вокуниш нишон медиҳанд, ки худ дар гузашта даъвои ворид шудани қишри ҷавон ба кобинаи ҳукуматро доштанд. Дар ин номаи хонандаи “Озодагон” аз ҷумла, омадааст, “Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз он ки фарзанди раисҷумҳури кунунист, аммо донандаи хуби чандин забонҳои хориҷӣ низ ҳаст, яъне нафари одӣ нест, кадри тайёр мебошад.”

Ин сокини кишвар бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Хадамоти Тоҷикистон аз зиракии падараш – раисиҷумҳури кишвар дарак медиҳад: “Зеро мо хостори дар оянда пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии Авруосиёро дорем. Аз ин рӯ, нафаре бояд роҳбари Хадамоти гумрук бошад, ки наздик ва содиқ ба президенти кунунист. Яъне, бояд шахси боварбахши президент бошад, ки баъди пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад.”

Чун ба гуфтаи ӯ, аллакай натиҷаи гаравиш ба сӯи Иттиҳоди гумрукӣ маълум мешавад ва Путин дарк кардааст, ки бидуни ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна наметавонад пеш равад ва аз гузаштҳо кор мегирад. Чанде қабл тавассути шабакаҳои Русия суханронии Путинро намоиш доданд, ки мегуфт мо ниёз ба муҳоҷирони кории Осиёи Миёна дорем ва бояд ба онҳо шароити осони корро муҳайё кард. Хусусан, яке аз гузаштҳои навбатии ӯ танҳо тавассути муҷаввиз (потент) дар ҳама намуди кор, чӣ инфиродӣ ва чӣ ширкатҳо кабул намудани муҳоҷирон буд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аллакай марҳилаи нави ҳамкории президентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шудааст ва албатта байни онҳо маслиҳатҳое сурат гирифтааст, ки мову шумо намедонем.”
Хонанда дар идома аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шудани писари 26-солаи Эмомалӣ Раҳмон хушбин бошанд, ки ӯ базудӣ боиси ворид шудани маҳсулоти босифат ба кишвар хоҳад шуд. Муаллифи нома инчунин ба интихоботи президентии 6 ноябри Тоҷикистон дахл карда, гуфтааст, ҳикмати барои бори чаҳорум ба курсии риёсати ҷумҳур нишастани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳанӯз тамоми мақсадҳои ӯ пурра амалӣ нагаштаанд: “Ӯро зарур буд, то як навбати дигар ба ҳайси раҳбари кишвар боқӣ монад”
,-навиштааст хонандаи мо.

Муаллиф дар охир ибрози умедворӣ кардааст, ки дар ин навбати раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҳатман муносибати Душанбею Тошканд ба як сатҳи хуб хоҳад расид: ”Ҳоло бубинед, дар рӯзҳои наздик гуфтугӯи созандаи Тоҷикистону Узбакистон низ оғоз мешавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯ Ислом Каримов дар натиҷаи сафарҳо ба кишварҳои пешрафта, аллакай дарк карданд, ки ҳеч як кишвар бидуни робита ва муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо наметавонад, пеш равад.”
Мӯҳр
Dev
"барои бори чаҳорум ба курсии риёсати ҷумҳур нишастани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳанӯз тамоми мақсадҳои ӯ пурра амалӣ нагаштаанд: “Ӯро зарур буд, то як навбати дигар ба ҳайси раҳбари кишвар боқӣ монад”"
Maksadhoi Rahmon barovarda nameshavad, to in 9 farzandu heshu tabori zijoda sohibi pulu mol , zindagii hub, honahoi barhavo dar horij nagardonad , maksadash purra amali nameshavad!!! nahod to in daraja kundfahm bud,ki zabondoniro ba ihtisosmandi pajvand dod.

спитамен
Кабири чи занхо барин нолида гаштай? Марди зада гир вазифара. Эмомали мардак барин зада гирифтаст власта чи коре хохад мекунад халолаш бод.

Шухрат
Чурачон "озодагон" ту чи хак дори ки номаи як нафарро гирифта хабар менависи. Ва бо идеологияи худ харчиро ки мехохи мувофик карда руи чоп меори. Дилшодро ман хуб мешиносам эшон Кабириро идеали худ дар зиндаги карор додааст ва хечгох дар мукобили бобои Кабири эътироз баён карда наметавонад. Банда ба ин хеч бовар надорам. Хуб мешуд хамон номаро дар шакли замима дар поёни хабар ё хамон тавре, ки буд интишор медоди. Ин коратон махсусан дар дили камина хамчун исеъмолгари ин сомона нисбататон шубха эчод кард.

мухаммад
Забон медони бояд тарчумон кор куни ихели боша тарчумонора хамаша вазир кунед

Фаридун
бародар Дилшод наход ки дуруг гуи рустам ба гайр ай забони точики онро хам соз намедонад . дигар забонхоро кай ёд гирифт

хатлони
Рустам вазифа муборак шавад. Хатлон бо шумост ба пеш ! Иншоаллох президенти ояндаи ЧТ.

Аз сафсата безор
Сафсатагуиро бас кунед!

Ватандуст
мухаммад, Мухаммад, хуб гуфти, расо хандидам. Аммо Рустами Эмомали ман бовар дорам, ки Раиси гумрук шуда кор карда метавонаду аммо ба тарчимони зураш намерасад. Чунки кори раиси гумрукро ба чояш дигахо мекунанд, аммо тарчимониро ба чош дигахо карда наметавонад. Як бор дар пеши одамо тарчимони кунад, даррав чанде дониш доштанаш аник мешад.

биёен хами медонаму мегуям гуфта худа харчизи намешудагияш кати пияр накунем ............охи як чиза гуфтан даркор ки акалан 40-50 фисат хакикатба назик бошад................. хеч як писари шох е худ президент шахси донишманду окил ё одил намешавад................!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)