Бахшҳо

“Ҳуҷум”-и Дӯстов ва ҳимояи Фролов аз муносибати Русия бо муҳоҷирон

Рӯзи 17 декабр зимни як нишаст дар мавзӯи ҳамоиши Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна ва бурду бохти он, бархе аз коршиносони тоҷик сиёсати Маскавро дар умури муҳоҷират интиқод карданд.

Саймуддин Дӯстов, роҳбари созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”, аз ташкили лагерҳо ва муносибати бад бо муҳоҷиронро дар Русия зикр карда, таъкид намуд, ки ин кишвар ягон стратегияи миллӣ дар умури муҳоҷирати корӣ надорад. Дӯстов барои Русия бархе аз кишварҳои Аврупоро намунаи ибрат хонд.

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе, дар пасманзари интиқодҳо аз сиёсати кишвараш пуштибонӣ карда, изҳор дошт, ки на ҳамаи иттиҳомоти ҳозирини конфронс алайҳи Русия асос доранд. Ӯ таъкид намуд, агар ҳама аз интиқоди Русия кор гиранд, ин ба манфиати ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории Тоҷикистону Русия нест. “Ин ки баъзе аз коршиносону афроди алоҳидаи ба фикрам на он қадар босалоҳият аз Русия интиқод мекунанду мехоҳанд бо кишварҳои дигар бо ҳам оянд, ин назари онҳост. Аммо роҳбарияти Тоҷикистон назари тамоман дигар ва хоҳони густаришу ҳамоиш бо Русия аст. Он гуфтушуниде, ки бо роҳбарияти Тоҷикистон дорам, оҳангу фазои тамоман дигар дорад. Ин назарҳои интиқодии баъзеҳо маро дар ҳайрат гузоштаанд”,-афзуд сафир.

Оқои Фролов дар идома аз муносибати Маскав бо муҳоҷирон дар Русия низ ҳимоят карда, гуфт, ҳоло ҳудуди 12 миллион муҳоҷир дар кишвараш иқомат доранд, ки аксарашон ғайриқонунӣ буда, бисёре аз онҳо коре намекунанд: “Аксари ин муҳоҷирони ғайриқонунию бекор ба дӯши Русия бори гаронанд. Дар мавриди узвияти Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои Русияю Қазоқистону Белорус имрӯз бояд таҳлили асоснок гузаронда шавад ва дар асоси далелҳо оид ба ҷанбаҳои мусбату манфии ин ҳамоишҳо сухан бояд кард.”

Дар ин ҳамоиш Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, низ баромад карда, изҳор дошт, ки қисми асосии буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд ва бинобар ин саросемагӣ дар мавриди пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад: “Мо имкон дорем, воридшавии Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ назорат кунему таҷриба гирем. Мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини инфрасохтори зарурӣ чанд сол дорем. Бояд роҳҳои оҳан созем. Баъд аз ин имкон дорад, дар бораи натиҷаҳои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гап занем.”

Дар робита ба ин, Игор Лякин Фролов таъкид кард, кишварҳои шарики Русия метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шаванд ва Қирғизистонро мисол овард, ки ният дорад, расмиёти узвияташро дар Иттиҳоди гумрукӣ то миёнаҳои соли оянда ба итмом расонад. Дар пайи узвияти Қирғизистон Тоҷикистон низ метавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, чун яке аз шартҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ният дорад, дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро ташкил кунад, ки дар он ҳаракати мардум, сармоя ва мол миёни кишварҳои узв озод хоҳад буд.
Мӯҳр
123
Мансур Бародар,
падарам рахмати дар вакти шурави кор ва фаъолият карда, ба ватанаш содик буд, аммо хукумати шурави точиконро намегузошт, ки олимони бонуфуз гарданд. Танхо бархеашонро мегузошт, ки партбилети коммунсти доштанд, ва хамун хам дар чодаи танхо фархангу шеърнависи. Дар аёми шурави хондану "лечени", ки ту мегуи бародар бепул набуд. Хамаи ин аз хисоби андози гарони падару модаромон пардохт мешуд. Вагарна илоче надошт ва набуд. Мо Русияро бад намебинем, мо шовинист нестем, аммо худро поймол додан лзим нест. Русиягихо дар хакикат дар хама кору фаъолияти мо, пешравии бурдбории мо бо як чашми нафрат нигариста моро писханд мекунанд. Мо бошем ба онхо бояд лабай гуем. Ин рафтори мо ба онхо писанд аст. Дар Русия моро Чурка меноманд. Ва моро ба геноцид алайхи русхо хам гунахкор донистаанд. Дар Тошканд руи рост моро "кидать" кардаанд. Боз мо инхоро шарики стратеги хонем??? Сиёсати хоричии мо бо Русия холо дуруст аст ва хангоми наздик шави ва ё ба ягон ташкилоти расми бо Русия даромадан мо ба тарики автомати ба онхо гуломони асли хохем шуд. Ман гуломи Русия ва ё дигар давлат шудани нестам, ту чи??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)