Бахшҳо

Чиниҳо меоянд... Аммо ин Ватан бояд бимонад, соҳибмансабон!

Каюмарси АТО

Аз ҷӯроб то кӯлоҳамон маҳсулоти хитоӣ (чинӣ) аст. Аз қанду шакар то биринҷу равған, бодирингу шалғам ва аз масолеҳи сохтмонӣ то техникаи маишӣ ҳам Made in China-анд. Бар иловаи ин, дар чанд соли охир омадани теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвари ҳамҷавор ба Тоҷикистони кӯчак низ ба мушоҳида мерасад.

Тақрибан як сол пеш дар маҳаллаи мо ҳамагӣ як хитоӣ ё чинӣ мезист. Ҳоло теъдоди онҳо тақрибан ба 30 расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки баъд аз як сол ин рақам ба чанд баробар хоҳад шуд.

Агар дар як маҳаллаи мо беш аз сӣ хитоӣ зиндагӣ дорад, пас, дар тамоми қаламрави кишвар онҳо чӣ қадаранд? Оё мақомот фикр кардаанд, ки ҳузури чиниҳо дар кишвар чӣ паёмаде дар оянда дошта метавонад? Дар ҳоле ки аксари мардони тоҷик барои дарёфти қути лоямуте муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва занҳо муҳтоҷи як бурида нону пули бештаранд.

Дар мавриди даҳҳо зани фиребхӯрдаи тоҷик матбуот борҳо навишта буд. Бо яку ду кӯдак зани тоҷикро партофта рафтани шаҳрванди Хитой дар қиёс ба сару садоҳое, ки шунида мешавад, дарди бахайр менамояд. Чанд вақт пештар хабари дастдарозии як хитоӣ ба номуси духтарчаи ноболиғ ҳам паҳн шуд. Оё ин ягона чунин ҳолат аст?

Ба наздикӣ яке аз дӯстон гуфт, аз рӯи шунидаш дар пойтахт баъзе фоҳишахонаҳое ҳаст, ки махсус ба хитоиҳо хидмат мерасонад. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас, хеле риққатовар аст.

Медонам, ки Чин моро мехӯронаду мепӯшонад. Чин ба мо арзонтарин чизҳоро пешниҳод мекунад, чун медонад камбағалем. Медонам, Чин ба мо қарз додаасту агар хоҳад ба ивазаш як пораи дигар замини кишварро мегирад ва ё шояд бо фоизҳояш ними Тоҷикистонро. Вале намедонам, шаҳрвандонаш дар ин ҷо чӣ меҷӯянд? Мегӯед, мутахассисанд? Пас, кадрҳои мо куҷоянд? Магар ҷавонони мо қобили кор нестанд? Чаро ба коргарони хориҷӣ, аз ҷумла хитоиҳо, пули зиёд дода мешаваду барои кадрҳои ҷавони тоҷик ҳамагӣ чандсад сомонӣ?

Чанд муддат аз баҳри навиштан гузашта будам. Вале ин бор менависам ва ба ҳукуматдорон мегӯям, имрӯз курсиҳоро ба Шумо бовар кардаанд, на барои он ки ҳарчи бихоҳед бикунед. Лутфан, як бор ба дарди ин мардуми афгору рӯҳшикаста ҳам гӯш кунед. Курсии Шумо имрӯз ҳаст, фардо нест. Вале ин Ватан, ин замину кӯҳҳо бояд барои мо бимонад, барои ояндаи мо, барои наслҳои мо. Шояд Шумо хеле ба осонӣ онро соҳиб шудаед, вале гузаштагони мо барои ин сарзамини кӯҳсор хеле ҷон бохта ва хеле бойигариҳояшонро аз даст додаанд. Мефаҳмед?

Ҳоло ин ҳама оғози як хоби даҳшатангез аст. Намедонам, аз ин хоб, ки “аждаҳои сурх” ба он ворид шудааст, бармехезем, ё на.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТОЧЙК
САЛОМ БАРОДАР РАХМАТ МАРОЙ МАКОЛАЙ НАВИСТАГИТ КАРЗА АЙ ГАРДАНТ ХАЛОС КАДИ ВОЙ БАРХОЛИ МОКИ МЕДОНМ БО ХАП МЕКНЕМ НЕКИ РУЗЕ МЕШАВАКИ ПШАЙМОН МЕШЕМ УРУЗ ДЕРМЕШАВА И ХИТОЙЁ НА ДИН ДОРАН НА ФАРХАНГ ДОРАН НА МАДАНЯТ ПАСТАРИН МИЛАТАН ИЁРА НАБОЯТ ИХЕЛИ БАД РАХШОН БТЕМ ИЁ МИЛАТИ МОРА ВАТАНИ МОРА ЧАЗИР МЕКНАН БОВАР КНЕН БАРОДАРО

алдон
офарин қандата зан мард будаӣ ҳақ асту рост ҳоло ғами имрӯзӯ ояндаи ин миллату давлатро мехурдагӣ кам аст .

ба ватандуст
Мо хеч вакт аз хоб нахохем хест. Тахминан 15 сол аст, ки чинихо ба кишвари мо омада, кор карда истодаанд. Точикон бошанд, дар назди онхо гуломанд. Кадри чини зиёдтар аст дар назди макомотхо. Дар хотир доред, ки тахминан 20 сол пас хамаи сарзамини точикон ба чои карз ба чинихо дода мешавад. Ин амалхо аллакай сар шудаанд. Лекин дар ВАО оиди ин далел хабар намедиханд.

Самарқанду Бухоро
"Озодагон", аз ту як хохиш дорам, агар тавони, ичро кун: аз мансабнишинони мо ва коршиносон пурс, ки оқибати зиёд шудани хитоихо чист? Оё ба фарханги мо ягон озоре намерасад? Илтимос, агар ин корро мекарди, бисёр хурсанд мешудам аз ту. Қаблан ташаккур низ мегуям! Ку "Озодагон" озодиатро нишон дех чи.

Ранги хаму нацистои Руссия дозу фигона бардоштен...Ин хел рафтан гира,пагох-фардо,эхтимол, скинхедхои точикхам пайдо мешаванд....

.
Офарин ба русхо намегуед аку бачаи доно , ки 21 сол шуд ними точик ватаншона тараканбоин зер кадаги ..чи корхое ки намекунанд.. барои 30 хитои овоз баланд мекуни чура ..ана хаминта русхорам зур омадаст ки мегуняд гум шавед ватани худтон равед , монед озодона зиндаги кунем.ними бачахошона геркашу герафуруш каранд ...

милат дуст
бале фарид мо точико бояд барой хитойёра камкардан мубориза барем бачигунай боша скенхедан мешем барой милат ватанмон хкматдорой мо дар фикршон нест имруз

мухочир
бародар мо точико ай зарурира мерем расия неки хитойё барой дигачи миян харгиз намераван дига ватаншон амича мора кормефармонан дхраромона мегиран местан хочагикада 4хели хозир уйгурора кадестан фахмо бародар

точикбача
Офарин Каюмарси АТО ! 100% гапат дуруст х,аст. Худо баракатат дих,ад марди ба номуси миллат, мо бо шумоем!
лекин вой бар х,оли як хел мансабдорони беномус, ки аз дасти онх,о динну миллат хор шудааст таърих хафт пуштатонро ба бади ёд мекунад камтар фикри мардуму миллату диннро кунед! чанд соли умратон бок,и аст? аз Худо тарсед фикр кунед ва коре кунед, ки таърих ба неки ёдатон кунад!

сайд
хкматдорой мо сум гуфта хамара фурухтагиян. бовар кнен дар самайлоти точикистон хитой мепари ай точикда хитой бисёрай уйгуро меган ихели рафтестай ояндай точико ранги моай шарт нест ки хкмати мора бгиран шарт онаски дига дар кучой точикистон 1 точик мебини 10 хитой

Парвиз
Ташаккур. Ин доги руз, дарди миллат аст! Хукуматдорони чамшгуруснаву худобехабару мардумбезор, аз ояндаи ин эхтиёт бошед!

Самарқанду Бухоро
"Озодагон", имконияти гуфтаи маро ичро кардан доред ё ин ки не? Хо ё не, чавобашро нависед.

in dar hamai dunyo ast.inro hej kas hak nadorad man kunad.tojikon meravandku rasiyavu digar davlatho.dar davlathoi islomi az hama ziyodan inho.in muhojirat bud va memonad.

саро
Офарин Каюмарси Ато.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)