Бахшҳо
18 дек 2013 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Посухи радди ҳукумат ба дархости Ҳизби наҳзати исломӣ

Ҳукумати Суғд ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа гуфтааст, ҳақ надорад, ба донишҷӯён кумак ё аз онҳо қадрдонӣ кунад.

Ин бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд тасмим дошт, аз як қатор донишҷӯёни фаъоли минтақа қадрдонӣ кунад ва аз ҳукумати вилоят барои дарёфти толор ва номгӯи донишҷӯён мусоидат талаб карда буд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 18 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳукумати вилоят бо ирсоли як нома ба дархости онҳо ҷавоби рад дода, гуфтааст, ин иқдом хусусияти таблиғӣ дошта, хилофи қонун мебошад.

Ба гуфтаи Ёқубов, мақомот дар ин номаи худ ба унвони онҳо, аз ҷумла гуфтаанд, “ин қидоми Шумо зидди моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф ҳаст. Чун мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ “тарғиб”, таъсис ва фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст. Ҳамзамон донишҷӯёну аспирантҳои муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо тартиби муқаррар гардида аз сӯи мақомоти маҳаллӣ андозаи муайяни стипендияҳо пардохт мешавад ва маъмурияти донишгоҳҳо низ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи ҳукумат барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ донишҷӯёнро пайваста бо кумакҳои моддӣ фаро мегирад.”

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ин иддаои мақомот бе асос мебошад, зеро ба гуфтаи ӯ, масъулини ҳукумати вилояти Суғд вожаи “таблиғ”-ро дар бахши иқтибос аз қонуни маориф дар номаашон илова кардаанд ва дар матни аслии моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф калимаи “таблиғ” наомадааст.

Аз сӯи дигар, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд илова менамояд, ки ин иқдоми онҳо низ гузаронидани корҳои таблиғотӣ ё ташвиқот дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба гуфтаи ҳукумати ин вилоят, гӯиё онро қонун манъ кардааст, маҳсуб намешавад: “Чун мо аз масъулини ҳукумати маҳаллӣ хостем, худ макон ва ҷои баргузории чорабиниро муайян созанд.” Ин масъули ҲНИТ бар ин аст, ки ин амали мақомоти ҳукумати вилояти Суғд бозгӯи манъи ҳамкории аҳзоби сиёсӣ, бахусус ҲНИТ бо муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Дафтари ҲНИТ дар Суғд ахиран аз тасмими худ барои дастгирӣ ва ҷонибдории 100 донишҷӯи фаъоли вилоят хабар дода, гуфта буд, бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ин вилоят барои баргузории маҳфили қадрдонӣ аз ин донишҷӯён толор хостааст. Ин масъули дафтари ҲНИТ иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдоми ӯ танҳо боло бурдани ҳисси донишомӯзию ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва тақвияти ҳамкории ҲНИТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистону донишгоҳҳои кишвар мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шоирчон
Ана инро нотавонбини мегуянд. Ана инро ночавонмарди мегуянд. Дар хакикаст, чихел барои донишчу таблиги хизбхои сиёси ичоза набудааст?. кунчкови карда конунро дидам, дар моддаи 3 конуни ЧТ дар бораи маориф хамин калимаи таблиг тамоман вучуд надорад. Чигуна ба конун калима даровардаанд? Ана часорати чиноятро бинед. Корду гилоф дар дасташон

Маълум мешавад, ки раиси хизби нахзат дар вилояти Сугд аз конунгузори ва умуман вазъи вокеии Точикистон бехабар аст. У намедонад, ки конуни маориф мохи июли соли 2013 азнав кабул карда шуд. Аммо у "таблиг"-ро дар нашри соли 2004-и конуни маориф бехуда чустучу кардааст! ))))))))

Масчох
Э дооооод аз дасти хамин хукумат

Хакгу
Ман як нафар ятим хатмкардаи Ддх, хастам. Гайр аз гурухи бучави гузаронидан, дар як сол як бор 100с пул медоданд, тамоми радиову телевизионро оварда нишон медоданд. Ман ки аз хамсабаконам ятим буданамро пинхон нигох медоштам тарики Тв муаррифи кардандама, ёри хамин буд. Стипендияи ба ятимону маъюбон мукарраршударо на хама вакт мегирифтам. Шукр бе хамон хам гузашт, имруз зиндагиам тинч. Факат хаминро гуфтаниам,ки хизбхои сиёсиро намемонанд ёри диханд, пас худашон таъмин кунанд. Ин хоку обу диёр дар баробари вазирбачахо хакки онхо хам хаст. Гранчи хоричиро гирифтан айб нест. Чунки млионхо доллари мо хам аз тарафи iRS ба берун рафтаистодааст.

тарафдори ХНИТ
Бародарони Нахзати (ХНИТ) шумо росткавл ва баинсоф будед ва мемонед иншоАллох, вале аз баъзе фитнахои пайравони Зардушт хаста набошед…

Мирзои ХОЧИМУХАММАД
Рохбарони донишкадахо донишчуёнро ихтиёрй-ичборй ба суфуфи ХХДТ ворид мекунанд, кулли рохбарон аъзои ХХДТ-анд, онхо мансабдори давлатй махсуб мешаванд- ин амалхояшон "КОНУНЙ" будаасту кадршиносй кардани шуъбаи ХНИТ аз донишчуёни пешсаф бо максади таблиги дигарон ба донишандузии бештар "КОНУНШИКАНЙ"!!!??? Чунин бархурди беинсофона, зиддиконунй, бемантик ва чунин шархи нодурусту гаразнокро факат мансабдорони соли 2013-и Точикистони демокративу хукукбунёд ичро карда метавонанд, на каси дигар дар олам. Шоистаи ворид кардан ба китоби Гиннес аст, манъи амали хайрро, дар кадом минтакаи олам кумак ба кишре манъ шудааст????????

Икром
ХУКумати шарманда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)