Бахшҳо

Ҳиҷобдор чӣ мегӯяду аврупоипӯш чӣ? 2 назар ва 2 мавқеъ

Хабарнигори “Озодагон” бо ду сокини шаҳри Душанбе, ки яке ҳиҷобдору дигаре аврупоипӯш аст, сӯҳбате орост ва аз ҳардуи онҳо далели дилбастагӣ ба либосҳояшонро пурсид. Назару мавқеи онҳо бидуни таҳрир нашр мешавад.


Меҳрангез -- донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон:
“Сатр, пеш аз ҳама, барои занҳои мусалмон фарз аст. Ман дар яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург таҳсил мекардам ва баъд аз хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар назди як зан сабақ гирифтам. Пеш аз сабақ гирифтан, бо либосҳои аврупоӣ мегаштам ва ҳаракат мекардам, либосҳои гаронарзиш бихарам. Ба сатрпӯшҳо муносибати хуб надоштам, чун мегуфтанд, баъзеяшон корҳои ношоям мекунанд. Аммо муаллимае, ки асосҳои дини Исломро таълим медод, бо панду насиҳатҳои худ маро ба пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ водор кард. Ман ҳоло либосҳои ба қавле исломиро аз маркази савдои “Саодат” харидорӣ ва ба бар мекунам, ки қиаматаш аҳ 200 то 600 сомонист. Аз ин кор пушаймон нестам ва худро ором ҳис мекунам. Бо он ки дигарон чӣ мепӯшанд, коре надорам. Ин хоҳиш ва интихоби ҳар нафар аст, ки чӣ бипӯшад ва ё напӯшад. Вале агар либос нимбараҳнаву шаҳватбарангез набошад, хубтар аст. Ман ҳоло дар Донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунам ва аксари духтарон бо ҳиҷобу рӯсарӣ мегарданд. Ҳоло ба ин муҳит одат кардаам.”

Таҳмина, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Бештар либоси аврупоӣ мепӯшам, чун барои ман мақбул аст. Ман худро бо ин гуна либосҳо озод эҳсос мекунам. Либоси кӯтоҳ, танг ва кушодро танҳо дар тобистону аввалҳои тирамоҳ мепӯшам ва ҳамеша мехоҳам, ки аз дигарон фарқ кунам. Вақте ман ба харидкунӣ меравам, албатта, барои худ либоси босифат ва замонавиро интихоб мекунам ва бисёр вақт ҳаракат мекунам аз либосҳои хонаҳои муди “zara”, “fendi”, “gucci”, “prada” бошад. Нархи он либосҳое, ки ман ба бар мекунам, аз 300 то 800 доллари амрикоист. Ба фикри худам низ хеле гарон аст, аммо ҳаракат мекунам, ҳадди ақал чоряки нархи он либосҳоямро бо маошам рӯйпӯш намоям. Медонам, ки мардум дар ҳаққи мо ҳар хел сухан мегӯянд, вале ҳар кас хуб медонад, ки ба ӯ чӣ зебанда аст. Гузашта аз ин, агар ҳиҷоб дошта бошиву бештар гуноҳ кунӣ чӣ? Магар ҳоло сафи онҳое, ки сару рӯи худро пӯшондаву дар паси парда чи корҳое намекунанд, каманд? Хуб нест, ки ошкор бошиву ба роҳи рост биравӣ? Худо инсоф диҳад, вагарна на ҳиҷоб кумак мекунад, на панду насиҳат.”


Акс аз Интернет

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Zanja_23
Рости агар дар наздам духтари точики сарлучу либоси гайри милли дошта бошад худамро тахкир шуда мешуморам ва аз точик буданам шарм медаром ва агар боз инхо худро мусалмон шуморанд пас мани мусалмон чи нолам аз даюсии мардони ин миллати мусалмон!

ахмадчон
БА ФИКРИ МАН ИН СОҲИЛ ТАРАФДОРИ БЕСАТРИ ХОҲАР МОДАРОН ЗАНИ МУСУЛМОН МЕБОШАД АГАР ҲАР ШАХСЕ АГАР САТРО ҚАБУЛ НАКУНАД У ШАХС ОЯТҲОИ ҚУРЪОНРО ИНКОР КАРДАСТ ОҚИБАТАШ БА ҲАМА МАЪЛУМ

Сохил
ахмадчон,
Ту бародар боре хам Куръони Каримро хондаи??? Дар кучои у калимаи сатр аст??? Дар сураи Нисо хаст ки, занон чойхои шавхатангезатонро (возбуждаткунанда) пушед ва то хол олимони дин ба 1 хулосаи муйян наомаданд, ки чи тавр либос ба зан чоиз аст. Чунки хастанд мардоне ки аз гардани зан, чашмонаш ё лабонаш "возбуждат" мешаванд. Барои хамин аз оне ки занро дар даруни халта (бурка) мисли салафихо андохтан биеед нафси худро пеш гирем. Худо ин фармонро барои аз мардони касиф эмин доштани занон амр кард ва холо асри 21 аст ва мо мисли одамони асри 6-7 вахши нестем ки ба хар зани бе руймол дарафем. Худо барои мо акл додааст ки он аз нафс пурзуртар аст! Боки тавакалат ба Худо!

авалуш ки дили ту соф нест тахмина. дили ту соф мешуд ту ХУДОРО мешинохти . тиям як душмани ислом хасти . ту ХУДОРО мешинохти аз барои ХУДО кор мекарди. аз ХУДО метарсиди либос барои паказуха намепушиди балки бо сатр мегашти !!! АЛЛОХ хамаи моя хидоят кунад омин!!!

ХАМЗА
''Дустони азиз! Ба хотири Худо насихат кунед. Яке аз одоби насихат ин аст, ки махфиёна сурат гирад, на дар миёни мардум. Зеро дар хузури мардум касеро насихат кунем, ба чои ин ки насихатро бипазирад сабаби нафрати у мешавад. Мо инсонхо фаришта нестем, ки хато накунем, на, хамаи мо хатокорем, аммо бо нарми рафтор кун, бар мардум осон бигир ва хар лахза бидон, ки ту хам хато мекуни.''

ЛУТФУЛЛО
МАН БА ФИКРИ АБДУРАХМОН РОЗИЯМ БАЛЕ САТР ИН АМРИ ХУДОСТ БОЯД ХАР ЯК ЗАНИ МУСАЛМОН ИНРО КАБУЛ ДОШТ.

Судя
Сатр ин фармони Худо аст! Касе, ки сатр мекунад мусалмон аст!
Касе, ки сатр намепушад ё сатрпушро эх,тиром намекунад вай душмани Худо аст! Яъне зани бесатр чинояткор дар назди Парвардигор х,аст, уро оташи Дузах интизор х,аст!

"Кушиш мекунам бо маошам ру пуш мекунам" ин Тахминахон маошашон чанд пул бошад ки?

Ман тасаввур намекунам , ки зан ё хохари ман бе сатр бошад . Ин мардо гуё дар баданшон орият надоранд бо тарафдори кунлучхо хастанд . Э, муред бехтар худо даюсхоро бадтарини бандахо хонд . Хамаи бадбахти аз хамин ниммусулмонхо як тараф бояд бошем ё мусулмон ё не . Мусалмон хасти сатр бипушон , нести ? гап надорем .

Хулоса бароред
Сохил,
аввал ин ки максад аз мисоли дар боло овардаи ман албатта себи бе нукс буд, дигар ин ки ба фикри банда шумо аз Ислом фарсаххо дур хастед. Чаро? Ба он хотир, ки Худо дини Исломро охирин дин ба башарият фиристод ва он то абад бе тахриру тачдид, каму зиёд карданаш боки хохад монд. Он гуна, ки Худо фармудааст:
"Имруз дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ба унвони оини (човидони) шумо пазируфтам. "
(Сураи Моида, ояи 3).
Аммо шумо бо ин гуфтаатон: "...холо асри 21 аст ва мо мисли одамони асри 6-7 вахши нестем ки ба хар зани бе руймол дарафем... " ишора бар ин карда истодаед, ки дигар барои занхо сатр (амри Худо!) лозим нест, чун хама "замонави" шудем ва нафсхо "сер". Магар ин дар баробари амри Худо гарданшахи кардан нест? Хамон халта (бурка) - и гуфтаатон фарзи Худост! Зиёд мехостам шумо бо ин калимоте, ки вокеъан куфри хастанд, рихлат накунеду сар ба тавбаву сачдаи илохи фуруд оваред, шояд У рахмат кунад.

Азамчон
Сохил
наход давоми 14 аср хазорон олимони ислом кади ту нафахмидан.ту мусалмон нести. магар ту рози хасти, хохар, апа модар ва зани ту бе сатру хичоб бошанд.ин амри ХУДОСТ.хохарони мусалмон хушо ба холи шумо.аз гуфтахои ин шайтонхои инси хичолат нашавед.дар панохи ХУДОВАНД бошед.

Сафарлихон
Озодагон факат ба мавзухои "нозук" даст мезани а?Шарт аст мардумро ба хотири сатру хичоб байни хам чанг андози?ХАМИН ХАМ МАВЗУЪ ШУДИ КИ НАВИШТЕД?тО МАРДУМ АЗ ПУШТИ САТР ХАМДИГАРКУШИ НАКУН ДИЛИ ШУМО ТАР НАМЕШАВА БА ФИКРАМ!

хонанда
САЛОМ. АЗ ОЛЛОХ ТАЛАБИ ДУО МЕЧУЯМКИ ТАХМИНАРО НИЗ МОНАНДИ МЕХРАНГЕЗ БАРОИ РОСТ ХИДОЯТ КУНАД... ОМИН

man
Хусни духтар ноаен мешад агар ягон тори муяш нанамояд....

Хма айб айби худи мо мардон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)