Бахшҳо

Нигаронии раиси нав аз “тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”

Гавҳар ШАРОФЗОДА, раиси тозатаъини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, забони тоҷикӣ дар ҳоли ҳозир бо хатарҳои ҷиддӣ, махсусан таҳқири он аз сӯи худи сокинони кишвар, рӯбарӯст ва дар сурати бетафовутӣ метавонад аз байн биравад.

Ӯ, ки дар нишасти “Маданияти сухан” дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ҳар ҳаракати ноҷову бемаъниеро, ки касе мекунад, ба забони шевои дилнишинамон нисбат дода, ибораи “эй, тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”-ро пеш меорад, ки дар ягон давру замон ниёкони мо ба чунин таҳқир сазовор набуданду нестанд. Ин муносибати баде нисбат ба забон аст.”

Дар ҳамин ҳол, Марҳабо ҶАББОРОВА, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба забони расонаҳо ва овезаҳои таблиғӣ дахл кард. Хонум Ҷабборова гуфт, дар баъзе ҷой тарҷумаҳои таҳтуллафзие овехта шудаанд, ки ягон соҳибзабон ва ҳатто одамони таҳсилнадида чунин ифодаҳои аз мантиқ дурро ба забон намеоранд. “Чунин мисолҳоро аз забони радиову телевизион ва ҳатто рӯзномаҳо низ овардан мумкин аст. Азбаски телевизионҳо тамошобини зиёд доранд, бояд забони барномаҳояшонро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд”,-таъкид дошт муовини нахуствазир.

Марҳабо Ҷабборова илова кард, “ҳодисаи дигари номатлуб, ин истифодаи лаҳҷаҳо дар радиоиву телевизион ва миёни ҷавонон мебошад. Масъулияти ин бар дӯши омузгорону устодон буда, онҳо бояд маданияти сухан карданро ба шогирдон омӯзонанд”,-гуфт ӯ.

Нигаронии раиси нав аз “тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”Саттор ТУРСУН, нависандаи халқии Тоҷикистон, ҳам дар ин нишаст аз нодуруст истифода шудани ибораву ифодаҳои забони тоҷикӣ мисолҳои зиёде овард ва гуфт, “имрӯз на танҳо радиову телевизионҳо, балки ҳатто миёни аксари нависандаҳои мо низ истифодаи ғалати ибораву ҷумлаҳо ба назар мерасад”. Саттор Турсун иброз дошт, “рӯз то рӯз ғалат истифода бурдани ибораву ҷумлаҳо зиёд мешавад ва касе нест пеши роҳи инро гирад ва назорат кунад”. Ӯ аз забони барномаҳои телевизион низ интиқод карда гуфт, “ин ҷо айби бачаҳо нест. нодуруст гап задан системавӣ шудааст, ба як система табдил ёфтааст”.
Мӯҳр
1002
Забони точики соли 1991 бо вуруди нерухои маълум аз байн рафта буд магар шумо хабардор нестед.забон тамоман кучаги лахчави шудааст чи дар матбуот чи дар телвизион ва радио мачбуранд ки ба хамун равия гуфтугу кунанд.

Хакгу
1002 дуруст кайд кардед!Забони радиову телевизион (бахусус телевизион) хеле вайрон шудааст,аниктараш аз забони давлатй ба забони кучагй ва е шеваи махалле табдил ефтааст!Харчанд,ки ин падидаи номатлуб аз солхои пештар каме кохиш ефтааст,бояд раиси Кумитаи радио ва телевизион сари ин масъала изхори нигаронй кунанд ва ба наттокони "у"-гуй талаффузи у-и дарозро ед диханд.Зеро ба мани кухистонй хам шунидани лахчаи махаллй аз тарики садову симо хуш намеояд.....


Рустам
Точикиш кардй-ин хеч гуна тахкир нест. Он мисли як танз аст. Заб кашфиёт кардй раиси нави забон.

Муҳоҷир
ман, форси забони модарии мост чи хел шумо бегонааш мехонед?

Точиквар
Хамон одамоне,ки соли 1994 зери таъсири Ислом Каримуфффф ибораи форсиро аз конуни забон бароварданд,зеро узбакхо мехостанд ва мехоханд,ки ибораи забони форсии бухориро чун забони 1000 соли охири илму адаби узбаки нишон диханд хамон мардум ва хамон калушдепутатхо то имруз мехоханд бо гаразхои сисёи забони точикиро аз форси дур нигох доранд.Ман ба фикри устод Шакури тавъамандам забони мо-забони форсии мовароуннахрсит,чи тавре,ки забони форсхои Ирон форсии Техрон ва точикони афгонистон форсии Кобулист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)