Бахшҳо

ВИДЕО: Намоиши эълони ҳукми Зайд Саидов дар телевизионҳои давлатӣ

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, шоми 26-уми декабр, эълони ҳукми Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро намоиш доданд.

Тибқи ин гузориш барои таҷовуз ба номус, гирифтани пора, қаллобӣ, маҳрум кардан аз озодӣ ва серзанагӣ Зайд Саидов ба 26 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ, ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба соҳибкорӣ тайи 5 сол маҳрум гардид.

Дар гузориш таъкид шудаст, ки бархе аз парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов барои тафтишоти иловагӣ баргардонда шудаанд.

Аммо вакилони Зайд Саидов ин ҳукмро сиёсӣ хонда, изҳор доштанд, ки аз болои он рӯзи 30-юми декабр шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.


Мӯҳр
Хомуш
Росай
Хамин Насри Сомонира мегунку писараш зиндонуш краву баъ куштуш

Намуна
Tojik,

бародар мухочир ин корупсияи гуфтагии худут,ки мегуй ку аку як ду вазиру (...)... дигара тафтиш кунан бад мебинан ки чи кор кардаистодаанд сухан сари он меравад ки махс хамин корупсияро хамин вазиру ..рои дар сари вазифа буда сер (пора) худи корупсия поррахур хастанд хамашон,ин кори Саидов.З.Ш. супориши буд барои он ки чаро у хизб месохтааст хукумати шарманда нишон дод ки дар Точикистон ягон одам наметавонад озод ва ё мустакил кореро ба фоидаи чамъият кунад,яъне маънои онро дорад ки хукуматдороне ки имруз хукум меронан то вакте онхо дар вазифа астанд ягон кас коре на ба фоилаи худ на ба фоидаи чамъият карда наметавонад,хукумат мардуми худро (Точикистонро) он чунон содда кардааст ки хамма муши мурдавори лап задагиян мардум хаминхел хап кадан гирен оста оста як хели шумодахам хамихел гунохора зада (Худо нишон надихад) пушти панжара мебаранд... сад афсус ки имруз чомеаро чунин ашхос рахбари мекунад,ки дигар намедонам номашонро чи монам шумо худатона медонет Худо окибати хамаи моро ба хайр биёрад то ба сари хукумат мардони бо имону бо тавфик омадана,ин хукуматронони муввакатиро них Худо хидоят кунад,ки аз ин беадолати даст кашад,лек ин додгоху кароргоху фармоишгарон рузи киёмат ИншоАллох чавобатонро мегиред дар ун дунё адвокати шумо корхои хубу хайри кардаатон мешавад лекин аз амалхои ба Зайд кардаи шумо бармеояд, ки шумо чандон ба корхои,хайру нек сару кор надоред аз ин лихоз шумо бе адвокат мемонеду окибататон аз хозир маълум ))))) такрор,

батик
Дар хакикат имрузо мо кахрамони асосии точиконро пайдо кардем. Ва ин нафар Зайд Саид аст. Кахрамони миллати точик. Дар алифбо бояд сурату номша гузоран. Ва ун бародаре ки номи писарашро Зайд гузошт хато накард. Худованд ба акаи Зайд сабри комилро ато фармояд. Омин.

Озодбек
Худованд ба Оилаи Зайд сабри чамил тияд Э акаи Зайд сари шумор ки гаранг кард ки ин корро кардед сохиби хамаи чиз будед ба шумо чи намерасид хамин давлат шуморо Сохибкори маъруф карда буд ман медонистам ки шумо сиёсатмадор нестед кадом сиёсатмадор худашро дидаю дониста ба оташ меандозад хатто ба аробакаш маълум буд ки тар Точикистон барои бисёрзани ба чавобгарии чинояти мекашанд наход шумо нафахмидед? Ба шумо хамаи шароит мухайё буд шарт набуд президент шавед кадом номарде сари шумор гаранг карда ба номи шумо доги суди овард ман хеч вакт хурсанд намешавам ки касе ба чунин руз гирифтор шавад Худованд хамаи мо бандагонашро дар панохи худаш нигох дора. Аммо ба як чиз хайрон мешавам, ки наход у намефахмид, ки дар ин мубориза У маглуб мешавад охир ба хама маълум буд ки ягона номзади арзанда барои президент шидан ин Эмомали Рахмон мебошад чаро ба мукобили давлат баромад хамин давлат уро ба чунин руз расонид хай агар у дар давлати дигар мебуду дар гариби мегашт мефахмидем лекин дар Точикисто ба хама шароит мухайё яке аз сохибкорони машхур боз чи намерасид барои амалхои некро кардан шарт нест ки ту президент боши рости барои як кори дигар шармам меояд агар Зайд духтарчаи 16 соларо тачовуз карда бошад яне Худован Уро чазо додааст намехохам ки ба сари милати точики ман ягон нохуши рух дихад аз мардуми Точикистони азизам хохиш дорам, ки якдигарро дуст доранд бо якдигар бародар бошанд Худованд дар Точикистони азизи ман Тинчию ороми файзу баракат дар хар хонадони точик насиб гардонад Омин Оллоху Акбар

Мансур
Ин як беадолати дар Тоҷикистон наход дар парванда мухри махфӣ зада буд дар телевизонҳои давлати ба намоиш доданд. Бори дигар исбот шуд ки дар Тоҷикистон адолат вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт. Зайд Саиде ки ба ин давлату миллат саҳми арзанда гузошт ин туҳматҳои носазоро дар ҳақаш бор карданд. Ҳамавақт дуогуем барои шумо акай Зайдуллоҳ иншоллоҳ рузе мерасад адолатпарвароне пайдо мешавад шумо аз зиндон халос мешавед ва ин судёҳои зархариде ки ҳақиқатро намедонистанду ҳукми фармоиширо хондан дар он дунё ҷавобашонро медиҳанд агар дар ин дунё надиданд.

шухрат
Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам,
Хамма офок пур аз фитнаву шар мебинам.
Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хамма дар гардани хар мебинам!
Рости бор давлату миллату хукумати худро бисер эхтиром мекардам. Хар чо, ки менишастам ба гуфти огои чаноб шукронаи ободиву осудагии Точикистони бихиштосоро лахза ба лахза гирди забонам давр медодам, аммо намедонам чаро нвфратам зиед мешавад!
Зайд Шеровичро аз наздик мешиносам яьне солхои донишчуиям дар корхонае, ки рохбарии онро Зайд Шерович ба ухда дошт " Чамияти сахомии Гулистон" пешина бо номи 50 солаги буд кор кардам ба хайси назоратчии сифат! Рости бор инхел шахси хоксор одди ба мисли Зайд ангуштшуморанд!!! Харки ба халку миллат хизмат мекунад магар сазояш чунин аст??? Ин бори аввал нест чанде пеш Чурабек охуновро, ки мардуми бехонаро хонадор мекард бо чунин мукофоти давлати кадрдони гардид!!!

ОГОХ
Ай кучо медонен ки чанд сол дар зиндон мешинад ин маънои онро дорад ки шумо таслим шудед бечора мардак дар гирду атрофаш одамхои чиди надоштаст хама оби чашм ба мисли кудак гиря мекунанд мукобили чараен шино карданро ед гиред стрес кобилияти кордони зираки ва часоратро кам мекунад ягон сол сафед шуда мебромадагист мусибат на хама вакт бадбахти меорад ваъдаи Парвардигор аст...........................

умед
Зайд агар бо як даст чандон некуихо карда бошад,инхо бо ду даст зулм.

Хамин хешу таборони акаи Зайд ё ягон наздиконеаш ки бо у дар гуфтугу мешаванд, хатман ба у расонед, ки тамоми мардуми точик нисбати он кас эхтиром доранд. Шахсан ман на мешиносам на медонам ин шахсро, факат дар бораи тамоми некихои ба точикон кардааш огох хастам, баъдан инчо на махалгарои, чунки бисёрихо мегуянд э вай Гарми буд.....ин аз бесаводист, масалан ман худ зодаи Дангара хастам ва медонам мебинам ки чандин нафар дар холати Шок карор доранд ва барои акаи Зайд дуои нек карда истодаанд.

сипас ин судяхои беадолат боз шарм надошта, бо модаи фалон кисми фалон гуфта даъво доранд, дар холате хеч як гунохи уро исбот карда натавонистанд. Шояд дошт ягон гунохаке, ки хар як мансабдори имруза сад баробари уро дорад, бовар кунед хама дар ин давру замон гунох доранд, аммооооо............

озода
Окибати серсумии бе таго амияй.. Хато кард сохибкори бечора.

Фаррух
Метарсам, ки хаминхел ноадолатихо моро боз ба нооромихои соли 1992 буд, мерасонад. Ояндаи мо чи мешида бошад.

Хонанда
Адолатбаровардагони зеринро Худованд ба хамин руз худашонро расонад.

dehkon
офарин акаи Зайд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)