Бахшҳо
27 дек 2013 16:49Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Нороҳатии писари Зайд Саидов аз намоиши телевизионҳо (ВИДЕО)

Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, аз шеваи намоиши эълони ҳукми падараш тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ изҳори нороҳатӣ кард.

Хайруллоҳ Саидов мегӯяд, падараш ҳукми худро бо сари баланд ва табассум қабул карда буд, аммо дар телевизионҳо чанбд бор сари хами ӯро намоиш доданд. “Ин аз чӣ далолат медиҳад? Ин маънои онро дорад, ки мақсад бадном кардани судшаванда ва гунаҳкор нишон додани ӯ буд. Ҳарчанд падарам давоми мурофиа сари баланд дошт ва табассум мекард. Ҳатто дар ҳолатҳое дасти худро ба китфи ман ва ё бародарашон, ки онҷо ҳузур доштем, мегузошт, то сабр бикунем. Пахши танҳо як лаҳзаи сари хами падарам, маънои муғризона будани наворро дорад”,-таъкид кард ӯ.

Эълони ҳукми Зайд Саидов дар ТВ

Хайруллоҳ Саидов 26 соли зиндонро барои падараш ҳукми комилан муғризона, ноодилона ва беинсофона арзёбӣ намуд: “Ман дар тамоми мурофиаҳо ширкат доштам ва далели қотеъонаи бегуноҳии ӯро пешниҳод кардем”. Ба гуфтаи Хайруллоҳ, Зайд Саидов ҳукми худро оромона қабул доштааст: “Барои падарам чӣ як сол ва чӣ 26 сол фарқ надошт, ҳамааш баробар. Барои он, ки ҳамааш тӯҳмат ва буҳтон аст”.

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 26 декабр эълони ҳукми Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро намоиш доданд. Дар ҳоле ки мурофиаи Зайд Саидов пӯшида буду хабарнигорон имкони ворид шудан ба боздоштгоҳ, маҳалли мурофиаро надоштанд, танҳо шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ он лаҳзаро ба навор гирифтаанд.

Бар асоси гузорише, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш доданд, Зайд Саидов барои таҷовуз ба номус, гирифтани пора, қаллобӣ, маҳрум кардан аз озодӣ ва серзанагӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ, ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба соҳибкорӣ тайи 5 сол маҳрум гардид.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шумо тахамулпазир бошед Зайд фикр дошт ки дар ин Тоыикистон бо пул хамаро мехари ва бовари аз сарвати худ дошт ки аз Фаронса омад вале тираш хок хурд

Oli mebined ki dar ruzi istiqloliyat avfash mekunand.

mardikori rusiya
Ин хукми 26 солае ки инхо додаанд, танхо дар хужжатхои ин судяхо хаст.лекин он такдиреки Худои ин судяхо навиштааст, умед мекунемки хеле кам аст ва иншоаллох Зайди миллатдуст ба наздики озод хохад шуд. Омиин!Мухочир,

Олег
все к лучшему...этого человека я знаю ..правильно сделали арестовали...надо наказать таких людей

Million ho pull nobud mishavad va million ho reshvat doda mishavad az bolo to poyon tajovuz va zeno dar tjk shabu ruz penhon va ozod anjom midehand holo ba mardi ke xudash omada va bidune yagon esbot tuhmat kardid az xudo ku namitarsid kam az kam az mardum ku sharm kunid en malum az ke Z. Saied ke bud va che xezmat karda bud en ruz ho ham xohad guzasht mo nabenim xudo mibenad va ham midonad

said
ин шармандагии тамоми хукумату суду прокуратураи точикистон аст ки танхо барои манфиати як оила кор мекунанду тамоми нафарони дигар мисли пашшае кадр надоранд!

муслима
Хайруллох бародар Худованд падари шумо ва хонадони шуморо нигах дорад ва иншаалох дар 5 солахои наздик озод мешавад факат сабри шумоен даркор боки саломат бошед............

АЛХОЛ ДАР ТОЧИКИСТОН ХАЛКИ ТОЧИКРО ЧУН ИНСОН НАМЕПАЗИРАНД ХУКУМАТДОРОИ МО БО МО МИСЛИ БАРРА РАФТОР МЕКУНАНД ? ИН ХУКМ ТАНХО МАКСАДИ ТАРСОНИДАНИ ХАЛК АСТ ? КОРОЧЕ гуфтанд ,ки ТИНЧ ГАРДЕН Ё МЕШИКАНЕМТОНА !

Хайрулло бародар азиз. Ба Шумо ва аҳли хонадон сабри ҷамилро аз даргоҳи Аллоҳ хоҳонам. Ин ҳама санҷиш аст ва мебояд ба он сабру тоқат кард. Боқи дар ҳақи қиблагоҳатон дуъо хайр менкунем ва умед ба он дорем, ки дар фурсати наздик озод шавад. Дар амони Аллоҳ.

Суман
Салом бародари азиз Хайрулло!!!! Хечгох гамгин нашавед, ки Зайд Саидовро дар чунин холат нишон доданд, тамоми халки Точикистон ба бегунохии Зайд Саидов бовари дорад, агар шахсан падари шуморо нашиносам хам вале бо тамоми эътикод ба онкас бовари дорам, тамоми мурофиахои у барои мо зарбаи сахте буданд, аз хукумат асло не балки аз Худованди мехрубон талаб мекунем, ки марди шариф зудтар рахо гардад. ЗАЙД САИДОВ БАРОИ КУЛЛИ ТОЧИКИСТОНИЁН АЗИЗ АСТ!!!!! Акаи ХАЙРУЛЛО агар ЗАЙД САИДОВРО ДИДЕД пас ХАТМАН ИН СУХНОНИ МАРО БА ОНКАС РАСОНЕД, КИ ТАМОМИ ТОЧИКИСТОН БА БЕГУНОХИИ ЗАЙД САИДОВ БОВАРИ ДОРАД, МО ЗАЙДРО ДУСТ МЕДОРЕМ ВА ЭХТИРОМ МЕКУНЕМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)