Бахшҳо

Жириновский: Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтанд (ВИДЕО)

Навори баромади Владимир Жириновский -- роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия дар мавриди ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шабакаи Ютуб гузошта шуда буд, то кунун даҳҳо ҳазор бинанда гирифтааст.

Дар ин навор Владимир Жириновский дар Думаи давлатӣ барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна зарур хондааст, ки Русия на аз артиш, балки аз лоиҳаҳои иқтисодӣ кор бигирад. Жириновский таъкид кардааст, Русия 150 сол боз бо кишварҳои Осиёи Миёна забон як карда наметавонад ва ишора намудааст, ки Маскав дастандаркори бисёри ихтилофҳо дар минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

“Мансабдорҳо дар Маскав нишаста, минтақаи Осиёи Марказиро ноогоҳона аз нигоҳи миллию марзӣ тақсимбандӣ карданд. Дар натиҷа узбакҳо Самарқанду Бухорои тоҷиконро соҳиб шуданд, ки дурдонаи минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Қазоқу қирғизҳоро, ки ягон фарқият надоранд, ду миллати алоҳида эълон карданд. Дар натиҷа як адовати қавмӣ ба миён омад. Пеш аз вуруди русҳо дар Осиёи Миёна хонигариҳо буданд ва аз нигоҳи миллӣ тақсим нашуда буданд. Ин хирадмандии мардуми минтақа буд ва дар ҳамгироӣ зиндагӣ мекарданд”,-таъкид кардааст ӯ.



Жириновкий дар идома афзудааст, Русияро зарур аст, аз таърих ибрат гираду дар замони муосир барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна на аз аскарон, балки аз лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ кор бигирад: “Тоҷикистон меваю сабзавоти барвақтӣ дорад. Бояд интиқоли онҳо ба Русия роҳандозӣ шавад. Кишварҳои Осиёи Миёна пахтаю маҳсулоти хом ва қувваи арзони кориро дорад. Бояд дар он ҷо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа дар бозори Русия ҷои маҳсулоти пастсифати Чинро маҳсулоти Осиёи Марказӣ мегирад.”

Дар зери навори ин баромади Жириновский дар Ютуб ҳудуди 200 наазар нашр шудаанд, ки бархе ӯро ҳақ ва баъзеи дигар миллатгаро, дурӯя ва иғвоангез хондаанд.
Мӯҳр
Ачоиб халки Точики ман заминхоро аз даст медихему баъд ба шеърхониву-сурудхони- ва ба нолиш медароем:
"Хам Самарканд, хам Бухоро бахудо шахри ман аст."
Баъд аз 50сол боз хофизонаш чунин месароянд:
"Хам Бадахшон,хам Зарафшон бахудо шахри ман аст."

магаммед
Самарканд ва Бухороро гавхораи фарханги Осиёи миёна донистаанд, хак аст. Ин ду шахр бо дасти миллати точик сохта шуд ва дар натичаи бе адолати, ба Узбекистон расид. Яке аз сабабхое, ки Узбкистон бо Чумхурии Точикистон муносибатхояшро дуст кардан намехохад, хаминаст. Агар миёни точикони Точикистони ва точикони Самарканду Бухоро равуо шавад, кууууууу, барои ба даст овардани шахрхои бобогиямон заминаи хеле хуб бувад. Аз мардумони точикони руи дунё хохиш дорам, Самарканд ва Бухороро бо тамоми точиконаш фаромуш накунед ва оид ба ояндаи он бетараф набошанд. Боки худо хофиз.

Sino
рост мегуйд жириновский э худочон хамонвахт ба чой сталин жириновский мебуд иншоллох бахости Худованд самарканду бухорора вакте мешад ки бармегардонем
Паембар(с)фармуданд:Шумо мардумро бо молу чалб намуда наметавонед,валекин бо руи кушодаву ахлоки хуб онхоро чалб намуда метавонед(р.Хоким)

Хайрият, ки оғои Жириновский дар ҳаёташ як маротиба ҷурат намуда ҳарфи ҳақ мезадааст. Аввал ба матн бовар накардам вале зимни тамошойи навор.. аҷабо санг ҳам дил дошта. То ба индам ин шахс ба унвони муҳочирон сияҳнома менавишт. Ба ҳар ҳол ҳамин байти шоир дуруст будаст ... Ҳар куҷо девонаву ҳушёр мегӯяд оллоҳ

Рустам
Канй олимону коршиносон ва журналистони хакикии точик, ки дар атрофи ин гуфтахои Жириновский фазосозй намоянд? Олимони нодони мо доим хапу хомушанд. Акаллан хамин гуфтахоро асос карда, ба узбакхо гуянд, ки вокеан каламрави точиконро онхо дар як фурсати кулай сохибй карда буданд. Сталин ваъдаи бознигарии марзхои Осиёи Миёнаро ваъда карда буд. Он бояд баъди ЧБВ аз нав дида мешуд, аммо...

Аз сиёсати миллатгароёнаи давлати Узбакистон аз точикии точикони Самарканду Бухоро чизе намондааст. Холо на мактаб доранду на рузнома. Шеваи гапзании онхоро дуруст фахмида намешавад. Худи онхо ягон бор даъвои точикй ва ба Точикистон хамрохшавиро накардаанд. Мебоист, ки масъаларо ба мухокимаи байналмилалй мебароварданд. Агар мисли молдавану карабогихо бошанд, гапи дигар аст. Аммо дер шудааст...

ЖИРИНОВСКИЙ факат дар марузааш дар як чо рост гуфтааст: Ин хирадмандии мардуми минтақа буд ва дар ҳамгироӣ зиндагӣ мекарданд”

И Жирик хов пов дидаст.... Ё очиридной план Барбароси Русо саршуд?

Kanddota bzan Jirinivski Yak khel vakt khutona gum meknen fahmo in az asab hast neki inkhel gapora bisyortar bzanen.
Rost,
Hak
OK.

У сухани хакро гуфт, дар Казокистон калон шуд факултаи хукукшиносиро хатм кард тарихро хуб медонад. Аз рузи аввал ин Хукумати Шурави ба халки Точик зарар овардан дигар кори хубе накардааст.Инро хар як фарди (ТОЧИКИ НОМУСДОР) Точикистон донад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)