Бахшҳо

Хонанда: “Қадри милисаро надонед, кӯр мешавед!”

Хонандае бо номи Маҳмуд дар посух ба навиштаи Зафари Сӯфӣ бо номи “Безорӣ” мактубе фиристода, мавзеъгирии дувумиро нодуруст хондааст. Вай гуфтааст, падари ӯ ҳам милиса буд, аммо ҷонашро барои пок кардани ҷомеа аз ҷинояткорон фидо кард.


“Ин номаро аз номи ҳамсолонам, ки падари меҳрубони худро ва он модароне, ки шавҳарони азизашонро аз даст додаанд, ба муаллифи “Безорӣ” Зафари Суфӣ менависам.

Ман 13 сол доштам, ки падарам майори милитсия дар як амалиёт алайҳи гурӯҳи ҷинояткорон, аз тири ашхоси ноҷавонмард, душманони миллат, онҳое, ки ободӣ ва тинҷии кишварро намехостанд, ба ҳалокат расид. Мо чор нафар дар оила бесаробон мондем.

Модарам дар кӯчаи зиндагӣ сарсону ҳайрон буд. Дар он рӯзҳое, ки мушкилоти зиндагӣ домангири кору рӯзгори мардум буд, барои таъмини шикаму тани мо намедонист чӣ кор кунад. Додарчаам Беҳрӯз, ки ҳамагӣ 5 сол дошт ва ба падарам сахт унс гирифта буд, аз набудани қиблагоҳамон ба касалӣ печид.

Мо падарамонро сахт дӯст медоштем, хоҳарчаам Нилуфар ҳар вақт, ки ба хона медаромад, либосҳои низомии падарамро, ки дар ҷевон кашол буд, ба оғӯш гирифта талх мегирист. Ҳар гоҳ, ҳамсолонамро бо падарҳояшон медидам, дилам реш-реш мешуд. Ба Худо навҳа мекардам, ки чаро падари азизамон, пуштибонамонро аз мо рабуд. Магар ӯ ҳаққи зиндагӣ ва навозиши фарзандонашро надошт?

Аз ин вазъияти мо - фарзандон модарамон низ бистарӣ шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ моро бо азобу машаққат калон намуд. Имрӯз ман дар донишгоҳи миллӣ мехонам.

Ҳангоме ки мақолаи «Безорӣ»-ро хондам, аз дарду алам ва фироқи падарам ба фарёд омадам ва натавонистам субҳгоҳ китобҳоямро гирифта ба донишгоҳ равам. Пеши назар симои падари азизам бо либосҳои низомии милиса падидор гашт. Ҳарчанд модарам суол кард, ки чаро ба дарс намеравӣ, натавонистам ба ӯ посух диҳам ва гӯям, ки як нафари бедард милисаҳоро таҳқир намудааст.

Ин мақоларо нафаре нависта буд, ки аз ранҷу заҳмати шабонарӯзии кормандони милиса, ки дар гармии тоқатфарсо ва сардии қаҳратун хизмати мардум мекарданд, бӯе набурда буд. Медонам, ки имрӯз ба ивази ҷоннисориҳои милисаҳо, аз ҷумла падари раҳматиам ватан ободу сулҳу оромӣ ҳукмфаро гашт...”
Мӯҳр
Исфаринский
Ин МИЛИСАЕ,КИ ИН БАЧА МЕГУЯД ДАР ДАВРАИ ШУРАВИ БУД.ХОЛО МИЛИСАХОИ ТОЧИК АЗ ДУЗДУ АВБОШ ВА отморозокхои бефарханг иборат аст.Ба номи АЛЛОХ касам мехурам Зафар Суфи дуруст мегуяд.Аксарияташон,яъне 99 проценташон аз кучаи ахлок нагузашта аз он кудрате,ки давлату конун барои онхо додааст истифода карда мардумро азияту шиканча ва дагалона рафтор мекунанд!Онхо худро ШОХ хис мекунанд.Ва ин бесабаб нест!Зеро онхо боварии комил доранд,ки касе онхоро чазо дода наметавонаду конун худи онхоанд.Боре дар руи хавлии милисахонаи Чоркухи Исфара шохиди чунин ходиса гаштам!ДАР РУ хавли,яъне дар дохили бино не,дар кабинет не,чавоне ба занги телефони чавоб дод.Аз дур милисае дагалона ба у дод зад,ки бо телеф гап назанад.Он чавон бо мулоими гуфт,ки магар дар руи хавлии милиса гап задан манъ аст?Он милисаи авбош,ноодам,якбора аз гиребони он чавон кашола карда суханхои кабехтаринро нисбати у раво медид.Инро дида ду се милисаи дигари ин шуъба омада он чавонро зан зан занон ба даруни бинои милисахона дароварданд.Баъди чанде он чавон аз ончо баромад,ки тамоми чояш сурху сафед вакте мардуми дар куча буда пурсиданд,у гуфт,ки 3-4 нафара уро дар шуъба латукуб карданд.Ё Аллох дар чашми ин гушнахои ноодам тамоми мардуми корафтода хамчун чинояткор метобанд.Бадтарин муносибатро онхо нисбати мардуми худ раво мебинанд.Ин як мисоли оддитарине буд,ки симои милисаи хозираи точикро нишон медихад.Ман даххо мисолхоро медонам,ки танхо барои пул шуда милисахои точик дар Исфара садхо чавонро ба терроризму балою бадтар гунахкор эълон намуда суми зиёдашонро гирифтаанд.Касе.ки пул ёфта натавонист 8-10 соли хабс гаштаанд.Чанд нафараш аз азобу шиканча ба мисоли Усмонбой Бобоев фавтидаанд.Ман намедонам ин бача дар бораи кадом хизматхои милисаи хозираи точикро мегуяд...

Комрон
дар милиса кадрхои бехтарини миллат кор мекунанд-дуруст хаст-ки ончо ифлосхо низ холо зиёд хастнд-ташаккур додарам Махмуд собик корманди милисаи давраи вазнини Тавилдара-92-96.Ташаккур!мухтор,
мухтор,
мухтор,

Агар милиса одилу корупционер набошад,барои ба мактаби милиса дохил шудан хафт хазор доллар дода дохил мешаванд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)