Бахшҳо

Иди қурутоб: Ҷавоби тоҷикон ба “Орел и Решка” (ВИДЕО)

Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия охири ҳафтаи гузашта дар посух ба барномаи “Орел и Решка”, ки таоми миллии тоҷикон, - “қурутоб”-ро дар зовияи манфӣ намоиш додааст, Иди Қурутоб ташкил намудаанд.

Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, “Иди Қурутоб” ҷавоб ба барномаи украинии “Орел и Решка” мебошад, ки барандаҳои он каме ба таҳқири тоҷикон роҳ додаанд: “Ҳадафи мо ҳам аз баргузор кардани ҷашн ин аст, ки ба мардум фаҳмонем қурутоб як таоми миллӣ аст ва аз пасмондаҳои дигар ғизо омода намешавад”.


Мӯҳр
Imruz Idi kurutob Pago dostu bolga .., Eki kurpacha ??? E akli kamtona Xudo gira !!! Xama problemaxoton az beaklitonai ... Kurutob avkote budai ki joi Faxtrai ... 300% xolesterin ... Vazbin I rugani zageri toza nakarda ... Orel I reshka guftan bugarden aku ... Aib ki to Xoli as kafoi xamu gap boshen. Bajoi yak civilizirovaniy shaven .., Shumo naoborot .., Bo tualetoi be konalizaciaytonam Id kunen I tarif kunen. sharmandaxo, dune dar Fikri chi ... Shumo az kurutob gap Zanen !!!

дар берун асри 21, ие холиям курутову шакарову гушти буз гуфта гаштиян.Оши палав гу свет гу ба халки бечора.

Бо арзи салом!
Ин навор дакикан бозгукунандаи сатхи биниши тахлилгарони сиёсии милли аст. Аз будани хадафи хато, набудани он бехтар аст. Аз таблиги дуругин пазируфтани ростии талх бехтар аст. Ошкор аст, максади аслии ин навор - таблиги «Курутоб» ба унвони таъоми муътабари милли дар пеши миллатхои чахон аст. Агар бародарамон Зинат Амон ва хаводорони эшон ба умки масъала хуб мерасиданд, харгиз икдом ба хамчунин касд намекарданд.
Аз рохи эхсосот ва хуи махаллстиези будааст, ки иддае аз кутохназарон, хостанд, аз як газои содаи махалли, таъоми муътабари милли бисозанд! Агар инон хатто як назари кутохе бар решаи номи газо мекарданд, бидуни шакк, чои таъаммул бар сарашон холи мешуд! «Курутоб» дар асл аз ду вожа: «Курт» (мугули) ва «об» (точики) сохта шуда ва асл он «Курт ва об» аст.
Окои Изат! Инсофан бигуед, кадоме аз ин ду вожа асли мохияти газо ташкил додааст? «Курт»-и мугули ё «об»-и точики-форси?
Окои Изат Амон! Агар надонед, бояд бидонед, ки «Куртуоб» аз газохои саридастии сарбозони мугули буда ва мугулони сахронавард, ба далели зиндагии кучи доштанашон, бахусус хангоми юриш ва харакаташон аз як чо ба чои дигар куртхои зиёдеро дар кисахо хамл мекарданд ва хар гох ки ниёз ба тагзия доштанд (дар хар чое, ки карор доштанд) аз халл кардани курт дар об таъаммул мекарданд.
Чолиб ин чост ва донистанаш барои миллатдустон хам бад нест, ки дар тули таърихи беш аз 700 сол, газои «куртоб» харгиз дар фехристи тагзия ва хуроки шахрнишон ва дехнишинони точикону эрониён ворид набуд. Аз хама мухим, ашрофи ин минтика, номи «куртоб» ва хамчунин навъи хурокро аз газохои хосси рунуд ва мугулони кароуннос («мугулони сиёх»- номи тахкири барои мугул) медонистанд!
Зимнан суол ин аст, ки дар кадом фехристи таърихи таъомхои милли мухитмтарин шахрхои хуввиятсози миллии Мовароуннахру Хуросон номи «куртуоб»-ро дидаед?
Окои Изат Амон! Медонам, нияти хубе доштед, вале агар каме бештар таъаммул мекардед, дар фехристи таъомхои миллии точикон ва эрониён бехтар ва асилтар аз куртуоб газохоро пайдо мекардед! Аммо бояд бидонем, мушк он аст, ки бибуяд, на он аст, ки аттор бигуяд!
Бо орзуи барори кор муаррих Лукмон Бойматов

беном,
Ман точ,икам , аммо аз Точ,икистон наям. Мо точ,икони Фарғона низ таъоме бо номи Қурутоб дорем , лекин бароямон Қуртоб х,еч, гох, аз Палову Шу'рбо бартар нест!
Фикр мекунам , ки барои Шумо точ,икистониëн низ х,амин тавр аст. Пас чаро ду-се нокардакорону хоми Шумо ин таъомро таъоми милли точ,икон меноманду дар арсаи ч,ах,он муаррифи' мекунанд? Ва касони дигар тах,қир амекунанд , Палав дар як гу'ша монда меравад. Метарсам , ки Шакаробро низ таъоми милли точ,икон меноманду точ,икро паст мезананд

Курутоб ин таъоми миллии точики мебошад. бародарон пеши потона не камтар дуртар назар кунед. мардуми точик аз кадим ин таъомро таёр мекунанд. баъзехоятон худро чунон таърихшинос мегиред ки гуё мисли шумо одами босавод дар чахон набошад. аз курутоб ру гардондед фардо аз Самарканду Бухоро хам ру мегардонед. окибаташ он мешвад ки дар ояндаи мегуед " Халки Точик вучуд надошт". дар боло хондам бародаре гуфт: "Курутоб гизои камбагалона мебошад" бародар хай шумо бо гушти барраи 6 моха ва бо шашлику хурокхои аврупоои калон шудед назаратон хурокхои факиронаро намегирад!!! Курутоб дар хурокхои милли мардуми бародари мо Узбакистон нест!!! дар Афгонистон хам нест. пас аз ки бошад РУСХО? АМРИКОИХО?. хубаш хамон таърихшиносон чавоб гуянд!!!

zet,Шумо гуш кунед!
1)Коре,ки Иззат кард ягон мансабдору -лаганбардор накардааст.Хамавакт мо мухочирони сарсону-саргардонро дастгири мекунад. Хамин кифоя!
2)Инчо гап на факат дар бораи курутоб меравад,балки чахонбинии чавононро васеъ мегардонад хатто дар хамин навор хаст.
3)Чавонхои мо имруз чунон гумрох шудаанд,ки хатто намедонанд бо кадом сабаб,ё ки сабабгораш кист, ки онхо дар Россия сарсону-саргардон хастанд?! намедонанд. Иззат бошад ба ин чавонхои рохгумзада рохи хакро нишон медихад.Аммо аз чи бошад,ки ба як гурух инсонхо намефорад. Мисли шумо!

Насибҷон
Биёед, баҳси онро, ки қурутоб хӯроки миллӣ аст ва ё маҳаллӣ як сӯ гузорем... Ин ба бисёриҳо рӯшан аст, ки он хӯроки як маҳалли Тоҷикистони азизи мост ва бигзор он ҳам дар дастурхони мо бошад. Вале агар мо таоми миллӣ бигӯем, бояд ҷойгоҳи таомҳои тоҷикиро дуруст муайян карда, пас якеи онро чун таоми асосии миллӣ ба дигарон манзур созем. Мо, хушбахтона, чандин чунин хӯрок дорем, вале машҳуртарин ва миллитарин хӯроки мо ҳамоно палав аст ва инро бояд ҳар як тоҷик бидонад! Палав хӯроки тамоми тоҷикони ҷаҳон аст--ҳам тоҷикони Тоҷикистону ҳам тоҷикони Ӯзбакистон, ба шумули тоҷикони Самарқанду Бухоро( зимнан як намуди машҳур ва фарқкунандаи палав палави Самарқанд аст) ва дигар манотиқи Осиёи Миёна ва ҳам тоҷикони Хуросон( Афғонистон) ва тоҷикону форсизабонҳои Эрон...Палавро чун хӯроки бас судманди мо Абӯали ибни Синои бузург ва Искандари Мақдунӣ ситоиш кардаанд. Барои ҳамин, ба хотири ин ки ин хӯроки хешро ҳам бо дастони хеш ба ӯзбакҳо набахшем, бояд танҳо ин хӯрокро таблиғ кунем, на қурутобу дӯғобро...Зеро таблиғи қурутоб, ба вижа дар хориҷа, ин маънии ба ҷои поин фаровардани палав аст ва чунин бархурди мо хидмати хубе ба миллат нахоҳад шуд. Ман ин ҷо дигар хӯрокҳоямонро паст намезанам, вале воқеиятро бояд гуфт, ки палав хӯроки пурра тоҷикист, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва имрӯз ҳам хӯроки асосии ҷашну маъракаҳои мардумиамон( хатнасур, ҷашнҳои мардумӣ, маъракаҳои шодиву ғам) палав аст. Он нукта, ки ӯзбакҳо палавро мехоҳанд хӯроки миллии худ бихонанд, ба воқеият дуруст намеояд. Онон палавпазиро аз мо, тоҷикон омӯхтаанд ва имрӯз дар Ӯзбакистон хӯроки машҳур дониста шудани палав ҳам ба ин бастагӣ дорад, ки дар он ҷо ҳам палавпазҳои аслӣ тоҷиконанд ва онҳо барои дар байни дигар ақвоми турки(ӯзбаку қазоқ ва қирғиз) ин ҷумҳурӣ ҳам паҳн гардидани палав сабабгор шудаанд. Аз ин нигоҳ, аз ҳамаи ҳаммиллатони гиромӣ хоҳиш дорам, ки дар ҳар ҷо палавро чун хӯроки шумораи аввали тоҷикӣ муаррифӣ кунед ва албатта, ҳар яки Шумо пухтани онро медонед, зеро мегӯянд, ки тоҷике, ки палав пухта наметавонад, тоҷики пурра нест...

Як ҷаҳон ташаккур,шербачаҳои миллат!Иззат Амон,зинда бош!Ман бо гуфтаҳои шумо ҳамфикрам ва дастгирӣ мекунам.Тоҷикон,бояд иттифоқ,сарҷамъ бошанд!

посух
Табаки чуби, курут ин хама озукаи кучманчиги.
Курутоб таоми кучманчиён мебошад!

посух,
Бародар чи дар даврахои пеш одамо дар чини хурок мехурдан? хама дар табак мехурд. агар надони табак аз точико аст ва мемонад. ба Фикрм шумо одамои асри 21 хастед табакро намедонед.

Курутоб як таоми бемани аст ки аз хурдани он ба гайр аз гирифтор шудан ба касалихои инфексиони боз дар як лахза зардачуш низ мешави ва ин хуроки мардуми омехта аз мангиту мугулу лакайю киргизу узбак калуг бо точик мебошад ва бо точикони асил рабте надорад

вав
Ин чо гап на танхо дар бораи курутоб аст. Он чо бештар онхо ба ошхонаи ифлос, курпачахои чиркин, оташдони аз чихати гигиена номакбул, ошпазхо ва официанткахои ноозода ахамият дода буданд. Мумкин ба чашми мо ин чизхо он кадар хам нанамоянд, чунки одат кардаем. Лекин мардуми аврупои аз ин азиатчина хазар дорад.

Путник
Офарин Иззат Амон фарзанди бонумуси миллат! аз нав миллати чафокашидаро ахмак карди. Пистаи бемагз, агар лаб во кунад, расво шавад.

Қурутоб таоми кучманчиён!
Барномаи "О и Р" хакикати холлро нишон дода буд.
Ба тайории курутоб майдаи фатирро истифода мебурдааст, ки ба уруси оъедки мегуянд.
Чаро фатири сихат ва хатто кошукро пешнход накарданд?

Ба кавли точикони кухсор таррит ном дорад.

Бародарони азиз! Сабаби асосии дар ш.Москав тавсиф,яъне реклама кардани курутоб аз тарафи чавонон беахмияти ва сабукфикрона муносибат намудан ба баъзе тарафхои манфии ин таъом мебошад.Бояд ин мавзуро чукуртар мухокима намуд, то хатоги такрор нашавад.Курутоб таъоми хуб аст,лекин барои ки,инчунин дар кучо ва дар кадом холат хурдани у маьни дорад.Чихати хубиаш:болаззат аст,гизонокиаш баланд аст ва хело дер хал мешавад.Бо ин сабабхо аз кадим мардхо баъди хурдани курутоб намад мемолиданд ё ба шикор мерафтанд ё бузкаши мекарданд чунки бе харакати фаъолона хазми ин таъом мушкил аст ва барои пайдошавии панкриатит заминаи хуб аст.Чихати манфи:Курутобро бо кошук хурдан мумкин нест чунки маза надорад,барои лаззат бурдан фатирмайдаро бо равган,дуг ва пиёз ба мисли лой молидан лозим,яъне факат бо панча ба ин таъом хамчун ба ботрок гута зада хурдан лозим.Дар натича агар зери нохун ягон зарра чирке бошад тоза мешавад.Зеро ин чиркро хатто собуншу намеравонад.Ана сабаби мазза.Бинобар ин аз чихати этики ва эстетика ин таъомро милли гуфта реклама кардан нашояд.Ба касе маъкул аст бигузор дар деха ё дар хонаи худ хурдан гирад.Лекин дар шахре,ки хоричихо хастанд ин таъомро ба руйхати таъомхои ошхонахо рох додан хуб нест.Мудири ошхона агар аз ин маънавиёт бохабар мебуд шояд банавргирии барномаи Орёл ва Решкаро бо бахонае ичоза намедод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)