Бахшҳо

Ҳайдар Ҷамол: "Литсейҳои туркӣ барои Амрико ҷосус омода мекунанд" (ВИДЕО)

Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия мегӯяд, литсейҳои туркӣ, ки асосгузори онҳо Фатҳуллоҳ Гулан мебошад, марокизи омодакунии “ҷосусҳо”-и Амрико ҳастанд.

Раиси Кумитаи исломии Русия дар навори видеоие дар ин бора суҳбат карда, гуфтааст, Фатҳуллоҳ Гулан яке аз ҷонибдорони аслии сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ба гуфтаи Ҷамол, Гулан таҳти ҷонибдории ИМА қарор дошта, ташвиқгари сиёсатҳои ин кишвар миёни мардуми мусулмон ба шумор меравад.

Ин руҳонии рус аз пайравони дини мубини Ислом даъват мекунад, ки ҳар куҷое бо амалҳои ташвиқотию таблиғотии Фатҳулло Гулан рӯбарӯ мешаванд, алайҳи он мубориза баранд: “Бояд, алайҳи ин таблиғот мубориза бурд ва мо бояд, чашми бародарони худро кушоем.”



Фатҳулло Гулан, ки муассиси литсейҳои туркӣ дар бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳсуб меёбад, ҳоло дар штати Пенсилвани ИМА ба сар мебарад. Литсейҳои туркӣ ба ҷуз Узбакистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз солҳҳои 90 ба ин сӯ фаъолият доранд. Мақомоти Тошканд соли 1999 баъд аз ба сардӣ гароидани равобити худ бо Анкара фаъолияти ин навъи омӯзишгоҳҳо дар кишвари худро мамнуъ кард. Шумораи литсейҳои туркӣ дар Қирғизистон ба 25 адад расида, дар Тоҷикистон ин навъи омузишгоҳҳо ба 6 адад мерасад.
Мӯҳр
Бародарон, ростӣ баъд аз тамашои ин навор якчанд савол ба сар омад: иқтибосҳо аз Википедия!!!
1. Аз рӯи мантиқ, то чӣ дараҷа дуруст аст, ки сухани «Инвалид второй группы по психическому заболеванию (шизофрения)» бо ҷиддият қабул намуд!
2. Хато накунам агар, аксари ҳамин матлабро хонда аҳсан гуфтагиҳо ба назарам суннӣ-мазҳабанд, ин мардак «Согласно некоторым исследователям является оккультистом, а по вероисповеданию — шиит-джафарит», пас аз кай боз сухани аҳли шия барои аҳли суннат санад шудааст?

3. Ин мардак «С 1993 по 1996 годах Гейдар Джемаль вёл исламский раздел в передачах «Ныне» на Первом канале, «Все суры Корана» на канале «Культура» и «Тысяча и один день» на канале РТР. Религиовед Р. А. Силантьев отмечает, что «на закрытие этих программ не в последнюю очередь повлиял маргинальный философ Гейдар Джемаль, не стеснявшийся использовать их для пропаганды своих экстремистских взглядов.»
4. Шукри Худо, тоҷик мардум халқи соҳибфаросату соҳибирода аст, ҳамин мактабу литсейҳои чанд сол дар кишварамон фаъол бо методи дарсдиҳияшон худро исбот кардаанд, ки хонандагони ин таълимгоҳҳо барои кӣ хизмат мекунанд!!!
Дар охир аҳсан ба ОЗОДАГОН, ки чунин як хабари фитнаангезеро, ки тамоман болои гуфтаҳои хоми як шизофреник ва оккултист, ки дар диндор буданаш ҳам шубҳа дорам, такя карда чунин як матлаб тайёр кардааст!!!

Man xatmkunandai Litseyi tojiki turkii shahri Kulob.in gaphoi guftagi yagonmayda rost nestan.5 sol ma hamuja xondum va yagonmayda raftoru kirdori bad nadidam az korgaroni litsey Az mudir to amu polwuakowa.Ma dar litsey xele va xele chizhoi nagz yod giriftam.zabonho axlok dustdorii vatan digaru digar.Yak hakikati digar hast ki man maktabhoi digarro past namezanam.lekin dar digar maktabho bahora mexaran va baze muallimonash(nos.sigarrete va digar chizho istifoda meknunand.ammo dar litsey yagonmayda inxel chz nest.yagonmayda.ma shgr meknm ki litseyda xondum.va to.murdanma İn Sha Allah dar kafoi litseyum.

Масчохи
Фитратчихои асри 21 ба шур омаданд.Шумо худ бехабар аллакай зери таъсири акидахои туркпарасти гаштаед.Шуморо мохирона ЗОМБИРОВАТ кардаанд.Хамат мегуи ман "пантуркизмро"хис накардаму нафахмидам,нахондам итд итп.Лекин бо тамоми хастият дар химояи турку мактаби турки хасти.Хар Касе Хайдар Чамолро бесаводу ифроти мегуяд,худаш шахси БЕАКЛ ва бесавод хаст.ва хатто 1 фоизи дониши ин марди фозилро надорад.Таи 21 сол ин лицейхо амал мекунанд,лекин дастоварди назаррасе нест.Факат ГАП ГАП ГАП!Ку он академику он олиму он шоиру,он нависандаву,оне мухандису,он кашшофе машхуре,ки дастпарвари ин мактаб хастанд??????НЕСТ!!!!!!Туркия худ магар давлакти ба он кадар пешрафтае хаст дар илому техника,ки мо бояд пайравии онхоро кунем???Не албатта.Лекин акидаи ПАНТУРКИСТОН ОИДИ бунёди ТУРКИЯ БУЗУРГ,ки Точикистонро низ ба ин дохил кардаанд ба хама маълум аст.Чунин лицейхоро бе омухтани забони туркиву таърихи туркия низ ташкил кардан мумкин аст.Танхо точик як характекри гандае дорад.Яъне БЕГОНАПАРАСТЕМ!Агар ягон точик чунин лицей кушояд хатман уро паст зада пеши пояш монеа эчод мекунем.Туркхо мисли точикон дар Олмону дар Руссия гастарбайтеранд ва танхо чугрофияи муносиби онхо ба Туризм онхоро аз мо каме пеш бурдаасту халос.На мошину на компутару на дигар техникае надоранд,ки ихтироъкораш онхо бошанду пешрафтаи дунё.Ба мисли техникаву мошинхои Чопону Куриё.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)