Бахшҳо
11 янв 2014 21:06Тоҷикистон / Сиёсат

ВУХ-и Тоҷикистон дар бораи тирпаронӣ дар марзи Исфараю Бодканд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте тирпаронӣ дар марзи кишвар бо Қирғизистонро шарҳ дод. Мақомоти вазорат гуфтаанд, тирпаронии нисфирӯзи 11 январ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷони худ ҷавоби онҳоро додаанд.

Дар ин изҳороти Вазорати умури хориҷӣ, ки шоми шанбе интишор шуд, омадааст, ҷониби Тоҷикистон аз чунин амалкарди марзбонҳои қирғиз сахт нигарон буда, истифодаи нерӯро роҳҳали масъалаҳои муҳим намедонад. "Фикр мекунем, чунин бархӯрди ҷониби Қирғизистон, баръакс, бародариву ҳамсоядории халқу миллати тоҷикву қирғизо, ки тӯли асрҳо боз барқарор аст, халалдор мекунад",-таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ, ки миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара рух дод, се марзбони тоҷик, аз ҷумла як подполковники нерӯҳои марзбонӣ, захм бардоштаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло ин марзбонҳо дар бемористонанд ва ӯ чанд лаҳза пештар аз ҳоли онҳо хабар гирифтааст. “Онҳо ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҳастанд”,-афзуд ӯ. Оқои Олимов дар идома гуфт, ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромист ва музокриоти ду ҷониб идома дорад. Вале ӯ гуфт, ҷузъиёти музокирот барояш рӯшан нест. “Мақомоти марзбонии ҳарду ҷониб барои хатми тирпаронӣ хеле талош карданд. Дарҳол ба ҷои ҳодиса сардори шӯъбаи умури дохилӣ ва масъулони Идораи амнияти Суғд омада буданд. Муҳим ин ки ҳоло оромист, вале намедонем, давомаш чӣ хоҳад шуд”,-гуфт Неъмат Олимов.

Қаблан, манобеи “Озодагон” дар Исфара гуфта буданд, дар ҷараёни тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз сокинони ҷамоати Хоҷаи Аъло ба ҷои амнтар кӯчонда шудаанд. Масъулони ҳукумати шаҳри Исфара низ дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, дар ин бора иттилоъ гирифта, зуд ба Хоҷаи Аъло, маҳалли даргирӣ омадаанд. Аммо онҳо то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Оқсойи вилояти Бодканд дар лащзащои авали тирпаронь ба расонаҳои қирғизӣ гуфтаанд, ин даргирӣ гӯиё баъд аз ворид шудани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳудуди манзили як сокини ин деҳа оғоз ёфтааст. Онҳо гуфтаанд, “сокини деҳаи Оқсой аз ин кор шубҳа мекунад ва дар натиҷа низоъ сар мезанад. Баъд ба ҷои ҳодиса марзбонҳои Қирғизистон меоянду якбора тирпаронӣ мешавад.” Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, панҷ марзбони Қирғизистон марҷуҳ шуда, табибон машғули ҷарроҳӣ ва муолиҷаи онҳоянд.

Қабл аз ин, дар охири соли 2013, миёни сокинони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд дар натиҷаи оташ задани як манзили зист ва чойхона низоъ ба вуқуъ пайваста буд. Таърихи 15-ум як нуқтаи таъмини сӯзишвории сокини деҳоти Чоркӯҳ ва рӯзи 17-уми декабр як ошхонаи сокини деҳаи Оқсой дар натиҷаи баҳси дутарафа оташ зада мешавад. Ин сӯхторҳо боиси нооромии вазъият гардида, соати 22-00 17-уми декабр сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд роҳи мошингарди Исфара-Ворухро баста, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро латукӯб низ кардаанд.

Сокинони Оқсой шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷоза додани Тоҷикистон барои бунёди роҳи алтернативии Қирғизистон масири Ворух-Исфараро боз хоҳанд кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Исфара гуфта буданд, ба ҳеч ваҷҳ барои сохтмони ин роҳи алтернативӣ иҷоза нахоҳанд дод. Вале баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд роҳи Ворух-Исфара боз шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
мухамад тараки
ман хозирам то бар ватан баргардам ин киргизхоро нишон додан даркор ин мардуми бетамиз барвакт аз худашон рафтагиянд

Ин хато аст ва фитнаест баҳри барангехтани низоъ байни давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон. Аз таърих ба мо маълум аст, ки 21 сол аз ин муқаддам, дар байни мардуми тоҷик куфр иғво андохт ва кор бо ҷанги бародаркуш анҷом ёфт. То ба ҳол асари он рӯзҳо боқӣ мондаасту осебу ҷароҳати дили мардуми авом дур нарафтааст. Ана акнун дар назди фитнаи нав истодаем. Фитнае, ки саропо ғайриинсонӣ асту ҳаргиз самараи наҷиб нахоҳад бахшид.Мухлиси азиз, ин ҳолат бароямон навигарӣ нест, зеро бештари тоҷикзабонон ба таври хуб медонанд, ки таи солҳои тӯлонӣ дар кишвари тоҷикон миллатпарвариву маҳалгароӣ вусъат дорад.Паёмбарамон (с.а.в.) ин одатҳои манфурро таҳқир карда онро “ ҷиҳати бадбӯйтарин” номидаанд. Аздусар, дар назди Худованд касе аз каси дигаре бартарӣ надорад, магар бо тақво. Аксари тоҷикон таи солҳои дароз даъвои Самарқанду Бухоро мекунанд, ҳатто бахшида ба он шеърҳо эҷод кардаанд. Гӯё дар даруни давлат ҳама тифоқу осоишта зиндагонӣ мекунанд. Асло,дар байни худи тоҷикон маҳалгароӣ ҳаст, ки зидди фитрати одамист. Ҳеҷ ҷои пинҳон кардан нест.Солҳои дароз “ ту кулобӣ”, “ту помирӣ” ва ё “ленинободӣ” гӯён ҳамдигарро паст мезананд… . Миллатпарвариву маҳалгароӣ ҳаргиз насли одамиро муттаҳид намекунад. Мо набояд мисли ҳамеша андармони фитна гардем. Зеро хислатҳоеро, ки Аллоҳ мазамматашон мекунад, ашхосро ба роҳи шайтон равона мекунаду аз ҳақиқат дураш месозад. Худои мо Якест ва дини мо низ як аст. Аз иғвои аҳли куфр ҳушёру дар амон бошед!

Ин хамаш дасти кофари русхо барои онки киргиз мохи мартба т.саюзба медарояд барохи хамин гранисая махкам мекунад

Дилшод
Ман барои хифзи давлати Чаноб аз фитнаи ачнабиен омодаам чонамро фидо кунам. Хампаймонхо дар назди ман якчанд нафари дигар хаст.

Рустам
Дилшод ман хам бо ту хамфикрам.

якум чавоб ба Саид ки аз дасти шербачахои Рашту Тавилдара хичи намеояд агар халки Кулоб намехест Махмуд холо президент буд...бояд кушунхои Росия аз митакика бароварда шаванд вагарна ахволи халки точик вазмин мешавад...инро инро дар Арменияву Озарбойчон диданд...

Вохима кардед хам шермардхои Рашту хам Кулоб шумо ба гайр аз нобовари ба якдигар ва миени мардуми точик дигар чи кахрамоние барои точик кардаед ки имруз лофи бехуда мезанед Хестану шиштани Шумо барин шермардхо ба ягон одами солим фикр садсолахо лозим набуд ва нахохад буд бехтараш дуругуию лофзаниро кам кунеду аз паси ободии ватан шавед ки холо асри сангин нею асри технологияи электрони аст шербачахои миллаткуш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)