Бахшҳо

Ҷавоби Одинаев ба "Тоҷикистони нав..."-и Ҳумайрои Бахтиёр

Дар пайи нашри матлаби хабарнигори “Озодагон” Ҳумайрои Бахтиёр, зери унвони "Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд, ба унвонии хабаргузорӣ аз номи Пӯлод Одинаев ҷавоб ба Ҳумайрои Бахтиёр ворид гардид, ки бетағйир пешкаши Шумо мекунем:

Шеваи нигориши бархе рӯзноманигорон, аниқтараш мақсаду мароми онҳо на ҳамеша равшану ошкорост. Баъзан гумон мекунам, ки рӯзноманигорон амдан ба таҳлили мавзӯъҳое даст мезананд, ки боиси коста шудани манзалаташон дар байни хонандагон мегардад.

Ахиран рӯзноманигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр ба таърифу тавсифи ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» ва ноком гардидани созмондиҳандагони он – Зайд Саидов ва ҳамақидаҳояш пардохта, мақолаеро бо номи «Тоҷикистони нав»-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд» таълиф намудааст. Ӯ баён кардааст, ки гӯё ҳадаф аз созмон додани ҳамчунин ҳизбе, танҳо бунёди ҷомеаи озоди иқтисодӣ будааст.

Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ки гӯиё баъди маҳбус гардидани созмондиҳандаи ҳизби мазкур Зайд Саидов, имрӯз дигар ҳар шахсе дар бораи бунёди Тоҷикистони нав на ба таври озод, балки тарсида ё ба қавли худи ӯ «миш-миш» мекунад, яъне ошкоро сухан рондан дар ин мавзӯъ маънои «хоин» шуданро дошта бошад. Аммо банда дар ин бора гуфта метавонам, ки ошкоро сухан гуфтан боз чӣ хел ҳам мешуда бошад, дар сурате ки матлаби зайл чунон расонаӣ шуда, ВАО-и Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки дигар аз хондани он ҳамагӣ хаста шудаанд.

Ҳумайро дар мақолааш солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомии кишварро аз лиҳози таъмини доимии барқу газ ба некӣ ба ёд овардааст. Аммо ман мегӯям, ки хуб мешуд ин рӯзноманигори ноогоҳ дигар он солҳои мудҳишро ёд намекард. Он замон, намедонам Ҳумайро чандсола буд, ҳанӯз сари ақл омада буд ё не, барқу газ бозмондаҳои шӯравӣ буданд, ки дар дуди ҷанги бародаркуш нопадидашон сохтанд. Шояд дар пойтахт барқу газ фаровон буд, аммо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мардум нони хӯрдан надошта, қисме аз аҳолӣ дар муҳосира қарор доштанду аксари мардуми тоҷик хун мегирист. Вақте рӯзноманигор ба таҳлили чунин мавзӯи ҷиддӣ даст мезанад, бояд аввал маънии каломи баёнашро хуб санҷидаю баррасӣ кунад. Замони бархӯрдҳои низомии кишвар, ки нанговартарин солҳои таърихи миллатамон ба шумор меравад, аз кадом ободӣ мешуд ҳарф зад. Он замон мардум на гармиро ҳис мекарданду на дар орзуи рӯшноӣ буданд, барои онҳо танҳо оромишу осоиштагӣ неъмати гаронбаҳотарин маҳсуб мешуд, ки он маҳз бо шарофати ҳукумати муосир ба даст омад. Он сулҳу суботе, ки имрӯз бархе ба қадри он нарасида, қасд доранд бо васфи ҳар гуна ҳаракатҳои худхоҳона ҷомеаи нав барпо намоянд, осон ба даст наомадааст ва бояд ҳар як фарди Тоҷикистон дар ин бора андеша кунад.

Дар ҷое рӯзноманигор қайд намудааст, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо дар торикиву сардӣ. Бале, мардуми ҷаҳон кайҳонро фатҳ менамоянд, аммо мисли ин ки Ҳумайро тоза аз кайҳон фаромада бошаду бехабар аст, ки ҳукуматдорони муосири кишвар дар бунёди иншоотҳои барқӣ-обӣ дар пайи чӣ тадбирҳое ҳастанд. Ин мавзӯъ масъалаи доғи минтақа аст ва умедворем роҳи ҳалли худро меёбад, вале барои таҳлили як рӯзноманигори оддӣ тааллуқ надорад.

Муаллифи мақола оид ба мардонагиву ҷасурӣ сухан ронда, ёдовар шудааст, ки ин сифатҳоро аз афсонаҳо шунидааст, вале имрӯз осори онро намебинад. Вале моро дар рӯҳияи мардонагиву ҷасурӣ тарбият карда, қабл аз ҳама ватандӯстиву садоқатро талқин менамуданд, меҳнати ҳалол кардан ва хӯрдани нони ҳалолро доимо дар зеҳнамон тарғиб менамуданд. Пирони рӯзгордида насиҳат мекарданд, ки инсон бояд нафси худро идора карда тавонад, панди маъмулии онҳо – «Нимтаи нон – роҳати ҷон» буд.

Ҳумайро иддао дорад, ки ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи таъсис додани «Тоҷикистони нав»-ро дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Агар ҳар тоҷиру нозиру шоиру рӯзноманигор ҳаққи инсонӣ гуфта, Тоҷикистонро ба маҷрои худ бичархонанд, пас аз ин кишвари кӯчак чӣ ҳам хоҳад монд?

Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Хуб мебуд, агар Ҳумайро ва ҳамақидаҳояш ба ҷои ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ аз «Тоҷикистони нав» худро ба маҷрои нави зиндагӣ омода сохта, мавқееро интихоб менамуданд, ки бар нафъи ҷомеа бошад. Хуб мебуд муаллиф пеш аз ҳама аз худ «Ҳумайрои нав» месохт, ки танҳо воқеияти аслии ҷомеаро инъикос намояд, чун рисолати аслии як рӯзноманигор ин аст!
Мӯҳр
Мачрои нави зиндагие, ки Хумайро ва хамакидахояшро Одинаев ба он омода кардан мехохад, чи гуна мачрое бошад. магар сахттар аз мачрое, ки мо дорем боз мачрое бошад. Худо аз ин бадтар накунад.

Кияй ин чаноби одинаев балора намефахма ким чиера менависа

Одина ибн Ғулом
Ҳумайро дар ҳақиқат дар мақолаи қаблиаш дарди воқеии миллати тоҷикро дар шароити имрӯза дуруст баён кардааст, ба ҳамагон маълум аст, ки миллат хору зор шуда ба хотири дарёфти қутти лоямут дар мусофириву ғариби дар шароити даҳшату беҳуқуқӣ аз байн рафта истодааст. Ҳар рӯз дар назди сафорати Россия гуруҳ гурух тудаи духтарону писаронро мебини, ки соатҳо дар интизори маъмурини рус хору рангпарида тариқи зораву тавалло бо аҳли оилаашон асноди худро тахт карда ҷиҳати мусофират ва тарки ватан омодагӣ мебинанд. Кадом сухани Ҳумайро нодуруст аст, акаи одина аз фабрикаи ҷавоб? Дар мавриди Зайд бошад, ҳама медонанд, ки қазия сиёсӣ ва супоришӣ буда ин инсони ватандӯст бо тӯҳмати ноҷавонмардонаи як гурӯҳ мансабдорони ғайритоҷик ба маҳбас кашида шуд ва то замоне, ки Зайд маҳбуси бегуноҳ аст, миллати тоҷик ором нахоҳад буд ва ҳар гуна маълумотро вобаста ба сарнавишти Зайд ҳамчун навид қабул мекунанд. Саидов З. Ш. идеали ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Бо суханони Авраам Линколн гуфтаниам: " Қисме аз мардумро ҳамавақт ва кулли онро то муддате фиреб додан мумкин аст, аммо ҳама вақт ҳамаи мардумро фиреб додан имконнопазир аст. "

одамхудо
Одинаев баринхо 20-сол шуд ваъдаи бехбудиро медиханд.аз афташ моли ФАБРИКАИ ЦАНОБ хасти .ЗИНДА БОД ОШКОРБАЕНИ!!!

khalo
охир ей бесаводи сафсатагуй!
хумайро мегуяд бовучуди онеки дар даврони чангу дахшат карорхам доштем,лекин хонахоямон равшан ва гарм буд.
дар он давлатеки ракобати асил нест он давлат пешрафт надорад
гуфти бузургони мо аклхоро аклхо ёри дихад
ту бошад рафик одинаев боз лаганбардори ким кадом мансабдорони хукуматии ки чунин харф мезани
одамоне,ки мисли ту сафсатагуи мекунанд аз онхо чирохам интизор шудан мумкик
хамон зайд саидов будки инкадар ободони кард барои халку миллати хеш
токай мисли гулом зиндаги кардан мумкин то кай?

ofarin odinaev barodar.oxir kadom hizba meguyand inho?in xel hizb nabud va nameshavad ham.zaidi bechora hizbam namefahmidu namedonist-dushmanosh axmakash kardan uro.

Сарирохи куча
Рости ман хам маколаи Хумайроро ва хам ин маколаро хондам. МАн аз тарзи нигоштахои баъзе журналистони имруз каноатманд нестам. Чунки факат як тарафи мавзуъро нимрушан мекуннду тарфи дигарашро тамоман нодида мегиранд. Ман тарафдори хукуматам на аз мухолифаш ва на аз наваш. Хамчун як фарди одди хаминро мегуям, ки Зайд Саиде, ки харруз рекламааш мекунед барои мо мардуми одди чи кор кард? Хона сохт бо нархи баланд ба пулдорон фурухт, магоза сохт ба сохибкорони пулдор ичора дод, ким чи корхои дигар кард. Хамаи барои манфият гирифтан ба худ аст. Агар дили мардуми оддиро ба даст овардан мехост ё махбуб шудани буд халки оддира дастгири мекард. Шахсан ин мардро ман то рузи дар расонахо номаш баромадан намешинохтам. Баъдан журналистони азиз дар навиштахоятон хамин калима "Фалони ин хел гуфт..... Фалони мегуяд"ро кам истифода кунед.

Точикак
Хамин чаноби Одинаев аз кучо пайдо шуд. Ин мардак аз афташ ба хонадони чаноб равуо дорад, ки медонад, ки чаноб имруз чи корхо карда истодааст. Хайр дони бигу охир мо хам донем, ки барои бехбудии халкаш ин чаноби ту чи корхоро анчом дод. Рох сохту пулаки карда ба домодаш тухфа дод (бо пули карз!), Рогунро сохт? Баркро фаровон кард? Мардумро аз мухочират баргардонд? Писарашро ба завод ба кор монд? Бовар кун Одина ту хамун Одинаи Айни хасти, ки дар хизмати Арбоб хасти, як фикр кун дер нашудааст, Як Одинаи нав соз аз худат, як бор хакикатро гуй. Чизе ки хумайро гуфт хакикат аст а талх аст. Барои бех шуданаш бемор доруи талх мехурад. Ба мо низ хамин талхихо шояд дармони чони мухочирамон шавад, ...

муаллим
yмар,
ба иншои одинаев бахояш 2 , ва хумайро бахояш 5

Фаромуз
Мӯҳтарам Пӯлод Одинаев Шумо бисёр гапҳои хуб гуфтед, аммо ман бо баъзе фикрҳои Шумо норозиям, зеро Шумо таъкид кардед, ки Ҳукумат дар зери бунёди чанд нерӯгоҳҳо ҳасту дар фикри раҳонидани мардуми тоҷик аз сардию бебарқӣ аст, аммо Шумо ба ин суоли ман ҷавоб диҳед, ки чаро имрӯз мо худамон қувваи барқ надорему боз ба Афғонистон қувваи барқ содир карда истодаем? Чаро Шумо оиди нимта нон гап задеду дар ватани мо миллионҳоро рӯи рост мехуранду мекашонанд ҳеҷ кас аз паи тафтишоташ нест? Чаро имрӯз кадрҳои босавод бе ҷои коранду дар муҳоҷират ва то ҳол дар тақсимоти мансаб маҳалгарои вуҷуд дорад?

Далелхои ин мардаки муаллиф хам мисли далелхои Хумайро заифанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)