Бахшҳо

Се шарти сафорати Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистон

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз тирпаронии 11 январ миёни марзбонони ду кишвар дар Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 15 январ пахш гардид, аз ҷумла омадааст, “танҳо тафтишоти мунсифонаи дуҷониба метавонад, роҳҳали ин қазия дар партави гуфтугӯ ва равобити судманди Душанбеву Бишкек шавад.” Инчунин, сафорати Қирғизистон дар Душанбе барои ҳалли ин қазия ба мақомоти тоҷик шартҳои зеринро пешниҳод кардааст:

1. Ҷониби Тоҷикистон расман иқдоми "ғайриқонунӣ"-и марзбонони худро эътироф кунад;
2. Ба хотири такрор нашудани ин гуна ҳодисаҳо, дастандаркорон ба ҷавобгарии сахти ҷиноӣ кашида шаванд;
3. Хисороти овардаи марзбонони Тоҷикистон ба Қирғизистон, ҷуброн карда шавад.

Дар идома омадааст, ҷониби Қирғизистон умедвор аст, мақомоти Тоҷикистон бо нишон додани иродаи сиёсии худ дар татбиқи қавонини байналмилалӣ аз додани ҳар гуна изҳорот ва айбномаҳои беасос алайҳи Бишкек худдорӣ мекунад. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
беном
ма хайрон сархадбонони мо мегуянд .ки сархадбонони киргиз ба сархади мо даромаданд баъд тирпарони сар шуд боз чихел Точикистон бояд зарари онхоро чуброн кунад ... ё ягон чизи дигар бошад

Не
Ин киргизакхоро гапи нагзу муомилаи нагз намефорад по хорошему непонимают тирмизакхо

Инро бинеда худ чиноят мекунанду боз ба сари каси дигар бор мекунанд.

Изхороти овардаи сафорати Киргизистон нисбати Точикистон оиди тирпаронии 11.01.2014 бар хилофи шартномахои байналмилали оид ба сархади байнидавлатист

Хуб мешуд, ки Вазорати Умури Хоричии Точикистон оиди ин изхороти пахшгардида ба таври расми чавоб гардонида, бегунохии марзбонони точикро нишон медод.

Ин кргзхои беномуси лошахур гзарондагиян ва фаромуш кадагиян, ки шербачахои точик оли ба хуби катишон гап задестан, ба гандаги шавад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)