Бахшҳо

“Шояд ғайриинтизор бошад, вале Эмомалӣ Раҳмон Худо нест!”

Марат Мамадшоев

Рустами Эмомалӣ, раиси хадамоти гумрук ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди падараш Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод.

Ӯ гузориш дод, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд ва писару падар ба назар розӣ менамуданд. Дигарон низ зоҳиран розӣ буданд.

Барои ман аҷоиб, ки кори якҷояи падару писар минбаъд чӣ гуна сурат мегирад? Оё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ, ки дар дар тобеияташ аст, чун бо мансабдорҳои дигар муносибат мекунад? Ӯро монанди дигарон интиқоду оммавӣ сарзаниш мекунад?

Умуман оё дар ҷаҳон ҳаст падаре, ки кори фарзандашро мунсифона ва бетарафона баҳогузорӣ кунад? Ин суол ҷавоби қотеонаи манфӣ дорад- дар ҷаҳон падари беҳиссиёт ё худ робот нест. Танҳо Худо метавонад, бо офаридааш мунсифона ва аз рӯи адолат муносибат кунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Худо нест. Гарчанде барои бархе аз атрофиёнаш шояд ин ғайриинтизор садо диҳад.

Бесабаб нест, ки қонунгузории аксари кишварҳо фаъолияти хешовандонро дар як шохаи ҳокимият қатъиян манъ карда, онро як шакли фасод хондааст. Фикри омма низ дар бисёри давлатҳо мухолифи чунин тартиби оилавии хизмат дар давлат мебошад.

Албатта ҳастанд, шаҷараҳои оилавии бонкдорҳо, ҳунармандон ва тоҷирон, ки писар зери назорати падар нозукиҳои касбашро меомӯзад, то баъдан ҷойашро гирад. Аммо Тоҷикистон бонку фирма ё худ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд нест, ки ба як оила тааллуқ дошта бошад.


Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
хакикатчу
Мохрухсор ту ай супер девоноши!

Девона
Агар акаи Марат бо ин часорат ва ошкорбаёнияш, ки хоси як марди ХАКИКИ ва ШУЧОЪ аст, девона бошад, пас ман хам девона хастам. Касе ин мансабдоронро интикод намояд, ба у девона мегуянд. Мухрухсори нотавонбин, алхол 90% ахолии ТЧ "девона" хастанд, чуз 10% ашхоси лаганбардору косалес, ки бо ин "хушёри"-и худ косалеси карда, коми худро равганин месозанд.

Офарин
Акаи Маратшо суханони дилсихкунандаи халкро Шумо гуфтед, ахсан ба Шумо. Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад. Худи Э.Р. конун баровардаги буданд, ки раис ё вазир ва ё дигар мансабдорон наметавонанд хешовандони худро дар зерсохтор ба кор кабул намоянд.

харкаски дарди миллатро бигуяд девона мешудааст хайфи хамон инсонхоеки друг меган дар миллати точик

Борис
Садкаи номи Мохрухсор шави

Офарин Марат!
Аҳсан! Аммо ба фикарам берун аз ватан ҳасти мисли ман!

Dev
Мохрухсор,
Kosh hamai tojikon chun Marat "devona" mebudand!

Девона
Ор дорам аз он ки мисли ту Мохрухсор солим бошам

tajik
маро ишки мавлоям Хусайн алайхиссалом девона кардааст эй ахли Куфа!

saud
мохрухсор и гапхои бемаънира гуфти шарм надошти мисили амрикоихо карди ку агар як мусалмон ягон кори баде кунанд терарист ва девона агар гайри мусалмон бошад ором мегардан аз худо тарсед мо кар нестем мешунавем хама овозахороооо

Шариф
ба фикрам ин Моҳрухсор худаш ба касалии рӯҳӣ гирифтор аст, бечора....

Шариф,
Не бародар, инхо хамаш ба худшон тенчан, чандумин зани кадом чиновники такабурай.Хурда хов да короче.

газничи
tajik туро ишки мавлоят ба чаханнам мебарад рофизи

вокиян ин назари дуруст аст чунки ин кор зиди конуни хезмати давлати ва конунгузори мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)