Бахшҳо

Ба хоксупории Умедҷон Тоҷиев баъд аз намози ҷанозааш дар "Ҳазрати Шоҳ"

Ҷасади Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 19 январ дар бемористони СИЗО-и Хуҷанд даргузашт, баъд аз зӯҳри 20 январ дар зодгоҳаш Чоркӯҳ ба хок супорида шуд. Наздикону дӯстон ва сокинони Чоркӯҳ намози ҷанозаи ӯро асри рӯзи душанбе дар масҷиди “Ҳазрати Шоҳ”-и Чоркӯҳ гузоштанд.

Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ҳоло сабаби марги Тоҷиев дақиқ нашуда, вале умедворанд, ки мақомот ин ҳамаро рӯшан карда, қонунӣ барояшон хоҳанд гуфт. “Коршиносон ҷасадро дидаанд ва мо мунтазири хулосаи онҳо хоҳем монд”,-гуфт Воҳидова. Вай афзуд, “мо тӯли ду моҳ талаб кардем, ки Тоҷиев барои табобат ба беморхона бурда шавад. Ба мо гӯш накарданд. Имрӯз мутмаинам, ӯ дар пайи шиканҷае, ки дар шуъбаи умури дохилии Исфара шудааст, ба марг расид. Зеро вай аз қисмати ҷигараш сахт шикоят дошт, вале боре ҳам ӯро барои табобат набурданд”.

АЗ БОЙГОНӢ: СӮҲБАТИ МОДАРИ ТОҶИЕВ:


Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.

Ҳоло Зуҳур Иброҳимов, як узви дигари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Исфара, дар боздошт аст.
Мӯҳр
Рахим
Ба наздики хама ХНИТ-ро тарк мекунанд, агар тарк накунанд, хамаашонро ба у дунё равон мекунанд. Охир онхо дар ин дунё зиндаги кардан намехоханд ва охиратро интихоб кардаанд.
Хайфи он чавононе,ки бо рохи фиреб онхоро ба ХНИТ даъват мекунанд ва аз хисоби ин чавонони гумрох, рохбарони ХНИТ ДАР ДУНЁ САЙРУ ГАШТ КАРДА МЕГАРДАНД .
Чавонон бояд пеш аз хама илмхои дунявиро аз худ кунанд ва Ватанро аз ин бумбасти иктисодиву ичтимои рахо кунанд,на балки рузи дароз аз сахар то бегох дар масчид машгули ибодат бошанд,ибодат вакт ва чой дорад.

Э модари чигархун, намедонад ки хамон сагхо писари ин пиразанро ба зарби мушту лагад куштанд. Аз гург инсоф талаб мекунад ((( Модари азиз! дуо кун

Кабирия ман давно пай бурда будам. Бубинед хизби нахзат кариб 40хз аъзо дорад. Ба гайр аз ин + Ватандор + гурупа 24,+ ХИЗБИ Р.Зоиров, ба гайр аз ин+ Зайд Саидов бо авлодаш, +Гаффор Седой, +Мухамадрузи,+ЁКУБ САЛИМОВ. + Бадахшон + мардуми гайри хизбхои номбурда- умуман тамоми хамин 210хз имзо чамъ карда натавонистанд??? неужели я неверю!

aslam
Alloh rahmatash kunad
ba rosti in yak zulmi besh nest aga chunin muomila kunand bo khalqi khesh pas rohi raftaashon ba sui nobudist hatman chunki zulm boqi nakhohad mond bo zulmu zolimi hukmroni kardan der namekashad

ХНИТ
эй Рахим ту аз Худо бехабар будай туба ин дунё даркор бошад моба дунёи охират даркор хондагихот чи коркарсос диплома гирифта росияба марди корикарсос.

11Точик,

yagon jinoyatkor xudro gunahgor hisob namekunad. baroi pinhon kardani jinoyati xud baharkor dast mezanad.!! chorae nayofta ba xudkushi dast mezanad.!! medonad ki bo in raftori xud masilini daxldorro gunahgor karda metavonad. Izhorot yak tan nodihi bo adolat ast. !! Umed doshtem ki dar borai nooromii sarhad dar Kirgiziston izhorot meshavad. !!

Этилоф дар вокеахои киргизистон хомуш буд, аммо дар ин бора худро фаол нишон дода истодааст.

Хамин гуна бе адолати давом кардан мегирад мо бошем мегуем худо рахмат кунад насибаш хамин будааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)