Бахшҳо

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ва баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон

Се рӯз пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, “сайр” дорад ва мавриди баҳси зиёди корбарон қарор гирифтааст. Ин намози ҷаноза ду ҳафтаи қабл дар маҳалли “Оли Совет”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.

Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, ки гуфта мешавад писари муфтии собиқи Тоҷикистон будааст, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”



Амонуллозода дар идома таъкид мекунад, ки Ҳоҷӣ Қурбоналӣ муриди падараш буд ва ӯ намегузорад, каси дигаре дар намози ҷанозаи ӯ пеш бигузарад. Ҳарчанд Ҷамолиддин Амонуллозода Эшони Нуриддинҷонро барои “фитнаандозӣ” муттаҳам мекунад, ӯ танҳо бо изҳори “астағфуриллоҳ” қаноат варзидааст.

Дар ин намози ҷаноза, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аз муовинонаш низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Эшони Нуриддин ба гӯшае рафта менишинанд, то баҳси кӣ пеш гузаштан дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ба поён бирасад. Дар ин навори видеоӣ, ки 18 дақиқа тӯл дорад, дида мешавад, баъзе аз ҷамъомадагон аз ҳузури Ҷамолиддин Амонуллозода, имомхатиби масҷиди Ҳазрати Маволонои ноҳияи Рӯдакӣ норизоӣ карда, борҳо хоҳиш мекунанд, то бигузорад, Эшони Нуриддинҷон ҳамин намози ҷанозаро адо кунад. Ҳатто яке аз наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бо садои баланд мегӯяд, ки “ин майит аз они мост ва мо касеро хоҳем, намози ҷанозаро мехонад”.

Ин видео дар ҳоле сабт ва ин навор дар ҳоле ба майдони баҳс кашида шудааст, ки Эшони Нуриддинҷон тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бандаи Худо
Тавба ва хазорхо тавба, ки муллохо маъракаи чанозаи маитро ба "чанчол" табдил додаанд. Магар чунин мумкин аст, ки барои хондани намози чаноза "интихоботи пешдарои намози чаноза" гузаронем. Дар ин навор чунин холатро тамошо карда, хайрон шудам, ки чунин шахсиятхо чун Эшони Нуриддин, Мухиддин Кабири ва дигарон, ки дар ин навор хастанд, чанчоли ин муллохоро пешгири накардаанд. Ё ин "намоиш"-ро худи онхо ташкил карда бошанд. Накунад, ки боз ягон руз чанчоли "мурдашуйхо", "кабрканхо" ва гайраро дар навор бинем. Одами зинда навори "пешдарои намози чанозаро" тамошо кардем. Хайрон шудам, ки дар байни ин чомеа наход як одами боакл, бамаданият пайдо нашудааст, ки ин маъракаро ба хуби бо маслихат ташкил намуда гузаронад. Шурои махалла, эмомхатиб ва фаъолони махалла чаро пешаки ин корро ташкил накарданд, ки масхараи хама нашаванд.

Санэпидстанция
Ду кайк дар як пустин чои намегиранд!!!!!

файз
О бародар ту ки ба пешвохои Ислом мухабат надори чи мегуи олимони бо амал ворисони пайгамбаран бусидани дасти олимони боамал савоб аст

Исо
Эшони Нуриддинчон Худо ёру мададгору нигах,дорат бошад! Омин! Х,амавак,т х,ак,ик,ат талх аст ин мардуми ч,ох,или мо дер мефах,ман вале фоидаашон надорад Худо х,идояташон кунад!

шам
Инро бесаводи, беакли, фанатизм меноманд. Шармандаги!

Санги бад гуҳар агар косаи заррин шиканад. Навори ҷанозаи Ҳоҷи Қурбоналиро тамошо карда бениҳоят афсӯс хурдам. Афсӯс ба ин миллати гумроҳу нодон, сад афсӯс, ба ин хел мулло кадуча Ҷамолиддин Амонулло бо чунин рафтори соддаву аблаҳонааш худро дар байни омма шармандатар намуд. Халқ худ гавҳар шинос аст, дурро аз хар муҳра ҷудо мекунад. Аммо рағми ӯ Эшони Нуриддинҷон бо тамоми оромиву тамкинаш бори дигар исбот намуд, ки дар воқеъ пешвои арзанда ва сазовори миллат аст. Дар гушае оромона нишастан, ин худ далели хирад мандии ӯст Ҷамолиддин рафтори иблисро кард, ки бо саҷда накардани одам (а) ронда шуд.
Гирифтани баланд гӯяк аз дасташ ва аз минбар рондан ин худ далел, ва гуввоҳ аст, инро бояд дониста эътироф кард, ки мардум худ саррофанд. Ҷамолиддин бо ин амалаш худро шармандаву имичи Эшони Нуриддинро боз ҳам баланд тар кард. Бузурге гуфтааст.
Санги бад гуҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наафзояду зар кам нашавад.

ислом.70mail.ru
Ба номи Худованди бахшанда холис мегуям ки ин фарзанди Худорахмати Амонуллох мунофик аст уро хуб мешиносам агар у савод медошт назар ба суи Куръон мекард Худованд мгуяд: Ва ман яхдиллоху фало музиллала,Ва ман юзлилилоха фало ходиллах. Ба эшонхо касе гараз кард Худо расвояш кард магар Кози барои шумо дарс нашуд?

Рахим
Худо хидоят кунад ин домулора аз худо битарс на аз сабукдуш карданат аз имомхатиби

Ин Амонулозода аз худо наметарсида бошад о майит васият кардаст мон тибки васияташ Эшон хонад намози чанозаро ту чи кор дори ё тарсидаст ки аз имомхатиби срш мекунан

Гарди
Хатиби хак, ки дар Масчид дарояд,
Забон аз панду хикмат даркушояд.
Вале зинхор аз карини он хатибе,
Ки дар майдон алайхи дин барояд.
Агар хохи, ки Шайтонро бубини,
На душвор аст агар бо хуш карини.
Нигар то ки занад лофи мусалмони,
Вале онро хилофи дин ту бини.
Ангушти тахайюр ба дахон кард Иблис,
Чун дид кавлу амал зи баъзе инсон.
Пешвои халк гашта ба зохир,
Ботин ба хилофи дину имоон..... Гарди

ДоМулло
Қори ишкамбада монандӣ дора ин Эшони Нуриддин

Муслим
Бо ҳамон дастбӯсиву бо ҳамон одампарасти.....

Худо боз хам эшони Нуридинчона обуруша зиеда гардонаду ва нигохбон бошаш хело марди ба токат будаст..нав фахмидем ки н.рудакира чамол сохиби мекардаст

ы,
Бубахшад маро Аллохи Бузург!! Саволе дорам ба хамагонатон! Дар Ислом кримация (сузондани маит) Чи хукм дорад? Агар ичоза дошта бошад криматорияхо сохтан мебояд. Ва ччунин шармандагихоро нисбату халку миллату воизон намедидем! Нафратовар аст ин амали зохидони имруза!!

Дар охири навор бисере ба Эшон мегуянд:"ХУШ ОМАДЕ ХАЗРАТ ХУШ ОМАДЕ".Наход одама ба мотам хуш амадед гуфт...Акли тира ...

Ораз
Аз Аллох битарс домуло гайбати олим захри катол асту тахкираш куфр

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)