Бахшҳо
29 июл 2013 10:57Тоҷикистон / Сиёсат

Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Ставкаи дохилшавиро то 25 ҳазор $ баровардаанд

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, афроди алоҳидае дар мавриди фасодкорӣ зимни қабули донишҷӯён ба донишгоҳи тиббӣ сару садоҳоро паҳн мекунанд ва имсол ставкаи дохилшавиро ба ин муассиса ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баровардаанд.

Қурбонов мегӯяд, ин кори дасти манфиатхоҳоне ҳаст, ки мехоҳанд зимни маъракаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ пул кор кунанд: “Агар довталаб 25 ҳазор доллари амрикоӣ дошта бошад, метавонад 5 маротиба донишгоҳро хатм намояд. Он маблағеро, ки ба ин нафарони манфиатхоҳ медиҳанд, метавонанд тариқи шартнома ба буҷаи донишгоҳ гузаронанд ва беягон мушкилӣ қабул хоҳанд шуд.”

Қурбонов таъкид намуд, ки аксари онҳое, ки ба миёнаравон пул медиҳанд, бо дониши худ, беягон мусоидати миёнаравон дохил мешаванд: “Ин миёнаравон вақте мебиёянд ва мебинанд, ки номи довталаб дар рӯйхати донишҷӯён аст, дарҳол занг мезананд ва мегӯянд, ҳамаи корҳо ҳаланд. Бисёранд, қиссаҳое, ки довталабон дохил намешаванд ва волидонашон назди ман омада мегӯянд, мо ба фалону фалон ҳамин қадар пул додем. Аммо мо намедонем, ки ин нафарон кистанд. Баробари ин вақте довталабон намегузаранд, ин миёнаравон ба ҳар зудӣ пули онҳоро намегардонанд. Чунин қиссаҳо бисёранд.”

Дар ҳамин Қурбонов афзуд, ки имсол донишҷӯёнро 200 нафар бештар қабул мекунанд: “Дар маҷмуъ 1410 нафар бояд қабул шаванд. Айни ҳол 3675 довталаб ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 нафар зиёдтар мебошад.”

Ба иттилои Қурбонов аз 1410 нафаре, ки бояд қабул шаванд, аллакай 133 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд. Ҳамин тавр имсол барои як курсии донишҷӯӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон се довталаб сабқат хоҳанд кард.

Мӯҳр
Dilafruz,
Привет красавица. Шинос намешем-?? Номи ман Ханчарали 26 сол дорам. Вазнам 70 кг. Рангам зардинаи чиркбардор муи сарам тенчай. Кошу мичгонхои сиёхи камтар бемане дорам. Гушом шунаво аст агарчи лакка хам бошад. Хуроки дустдоштаам шакароби ба равгани загер аст. Аз сарояндахо бештар Боборачаби кулобира гуш мекунам. Фасли дустдоштаам бахор . маълумотам миёна. Истикоматкунандаи Ш. Вахдат. Не женат.
Бо сипос!!!!

Хамаашро фахмидам, аммо як чизро нафахмидам.Оё 200 нафаре ки Донишгохи тиббии Дангара кабул мекунад хамаашон ба тарики бучави ё инки шартномави? Илтимос чавоб дихетон. ман мехохам ба он чо равам .

Асаломб, Ман озир дар шахри, Тольятти дар унветситети, Тольяттинский Государственный Университет, дар факултети ХиИЭ тахсил гирифсодам.
Ман мехохам ,ки дар шахри Душанбе дар сохаи тибби перефот гирам. Перовот гирифта мешавад ё не ?

Ассалому алайкум.Чаноби Курбонов Ман дар соли2014 Колледжи тибби ш.Панчакентро хатм намудам барои дохилшави ДДТТ ба дипломдорон иимтиёз дода мешавад ё не.

бунафша
Ман хучатхоямро ба донишгохи тиби
супоридам аммо ба донишгохи аграри гузаштам метавонам хучатхоямро аз аграри гирам ба тибби супорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)