Бахшҳо

Оё фарзандони Зевар Давлатова ва Асадулло Раҳмонов ҳам “қиссаи таҷовуз”-ро тамошо карданд?

Бо намоиш додани филми «Пойбанди нафрат» аз сӯи муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон – “Баҳористон” Зевар Давлатова ҳамчун журналисти касбӣ назди ман арзишашро гум кард. Ӯро дигар ҳамчун бонуи зебо ва зебоипараст ҳам намешиносам.


Ҳеч журналисти касбӣ ва ҳеч бонуи зебову зебоипараст дар ҳеч шароите розӣ намешавад, чунин филм аз тариқи телевизиони кӯдаконае, ки раҳбарияшро бар уҳда дорад, пахш шавад.

Филми «Пойбанди нафрат»-ро нахуст шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр намоиш дод. Он дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.

Дар ин филм Сомон Муҳаббатов худро узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.

Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.

Худсафедкуниҳои ҷонибдорони Зевар Давлатова, ки шояд мегӯянд, «ӯ ба ҷуз итоати фармони «боло» чорае надорад», беарзишанд. Барои одами ҳирфаӣ ҳеч фармони «боло»-ву «поён» асар намекунад, вақте сухан дар мавриди иффати онҳое меравад, ки ба ту бовар доранд. Зевар ҳамчун нафари ҳирфаӣ қаблтар аз ҳама бояд фикри тамоми кӯдакону наврасон ва волидонеро мекард, ки фарзандонашон ба ӯ бовар намудаву «Баҳористон»-ро тамошо мекунанд. Зимнан, оё фарзандони Зевар Давлатова, Асадулло Раҳмонов ва дигар масъулин барномаеро, ки дар мавриди таҷовуз ба номуси писарон нақл мешавад, тамошо карда бошанд? Оё ин афрод ба фарзандонашон иҷоза медиҳанд, ки чунин барномаҳоро бубинанд?

Гузашта аз ин «Баҳористон» телевизионест, ки аввалтар аз ҳама барои кӯдакон таъсис ёфтааст. Дар чунин шабака пахш гардидани барномаҳои ҳизби наҳзатбадбинӣ оё аз рӯи инсоф аст? Чаро мехоҳанд, кӯдаки бечора дар ин синну сол ба сиёсатҳо омехта шаванд? Дар мавриди пахш намудани суханрониҳои президент, гузоришҳо аз сафарҳои ӯ ба минтақа ва хориҷ, маҷлисҳои ҳукуматро, ки дар баробари се шабакаи давлатӣ, «Баҳористон» ҳам намоиш медиҳад, эътирозе надорем. Аммо намоиш додани барномаҳое ба монанди «Пойбанди нафрат» чӣ маънӣ дорад?

P.S. Телевизионҳои Русия қабл аз пахши ҳар барнома ишорае доранд, ки маълум мекунад ин барнома барои кадом синну сол пешбинӣ шудааст. Масалан «0+» барои ҳама, «16+» барои аз 16-солаҳо боло ва ғайра. «Баҳористон» ҳам бояд қабл аз он ки ин барномаро намоиш диҳад, бояд ҳадди аққал қаблан менавишт, ки он танҳо барои наврасон аст. Ҳарчанд тамошои ин барнома барои наврасон қобили қабул нест.

НӮФАРН-4,
барои "Озодагон"
Мӯҳр
сароб
хайфи инсон ки барои курси ва ба хотири лаганбардори аз тамоми имконияту фасоду пасти истифода бурдаанд

xenon eyes
РУСТАМ,
аз Худо тарсед мегуи ва худат суханхое мегуи, ки гуё ба хастии Худованд боварихам надори! (Араби падару модари туро кушта) киро дар назар дори Паёмбари Акрам с-а-с-ро? Агар ин дини Мубини Ислом намебуд, ту баринхо бо хохарону модаронашон зино карда мегаштанд! ва монанди Хайвон беаклона мегаштанд! Сад афсус... Кадру киммати ин Дини Мубини Исломро Мардуми Гайри мусалмоне, ки Исломро нав кабул мекунанд онхо медонанд! Озодагон хамеша озодиатонро хохонам...

Кудакони ин афрод хамашон телевизиони россияро тамошо мекунанд!!канали Карусельро тамошо мекунанд на Бахористону на Сафина е шабакаи якум ро

Зевар Давлатова ва Асадулло Раҳмонов низ побанди замон хастанд. Онхоро танкид намудан аз руи инсоф нест. Замона дигар гашту мо дигар гаштем, Асо биёр, ки вакти асою анбох шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)