Бахшҳо

Далер Шарифов ба Мулло Ҳайдар: “Фаромӯш накунед, дар асри 21-ем!”

Дар кишваре, ки 99 фисад мардуми мусалмон зиндагӣ мекунад, бештари рӯҳониён вазифаи аслии худро фаромӯш карда, даст ба мавзӯъҳое мезананд, ки ҳайрати кас меояд.

Ба ҷои он ки аз фаризаҳои илоҳӣ, ба монанди ҳиҷоб, таълими Қуръон, ибодат дар масҷид, муомилоти зиндагӣ тибқи шариат ва даҳҳо мавзӯъҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон мувоҷеҳи мушкиланд, пуштибонӣ кунанд, андешаҳоеро тариқи матбуот аз онҳо мехонем ё мешунавем, ки хандаовар аст.

Чанде пештар Мулло Ҳайдар (Шарифов) аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб дар «Asia-Plus» гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст. Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд.

Домуллои «муҳтарам» ман ба ин кор надорам, ки андешаҳои Шумо хилофи Сарқонун ва тамоми арзишҳои демкократисту ба кадом бандҳои қонун мухолифат мекунад. Бигзор, инро ҳуқуқдонҳо ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ба шумо бифаҳмонанд. Домуллои «муҳтарам» агар овоз надодан ба Эмомалӣ Раҳмон «ҷинояте зидди давлат ва миллат» бошад, бояд пас аз интихобот онҳоеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надодаанд, ҳамаашонро дохили зиндон кард, чаро ки ҷиноят зидди давлату миллат амали нобахшиданист.

Ба маълумоти Шумо Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ба хотири ҷиноят зидди давлату миллат яке понздаҳ сол ва дигарӣ як умр ба ҳабс маҳкум шуданд. Аз ин хотир баъди хондани Чоркитобу Мухтасар кам-кам қонунҳои кишварро мутолиа кунед. Шумо ҳамчун домулло ва рӯҳонӣ бояд бидонед, ки тибқи шариати Ислом ҳар шахс ҳаққи интихоби зиндагии арзанда ва шоистаро дорад. Ва ӯ ҳақ дорад аз «улуламр»-и ғайришаръӣ итоат накунад ё ба ӯ раъйи худро надиҳад ё баръакс аз роҳбаре, ки тамоми хостаҳои динӣ ва дунявиашро бароварда мекунад, пуштибонӣ ва итоат намояд. Ин мавзӯъ дар дини муқаддаси Ислом хеле муҳим аст. Чаро ки Ислом дини диктаторӣ ё диктаторҳо нест. Домулло, Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.

Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи бузург ва минбаъда дар Ислом на ба тариқи дуздии овозҳо ё фишору хиёнатҳо, балки тариқи интихоботи озоду шаффоф яке паси ҳамдигар роҳбар таъин шуданд. Хусусан ҳангоми интихоби ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ, ки ҳардуяшон дар мақому мартаба ва илму дониш ва тақво қариб баробар буданд интихобот ҳамин хел сурат гирифт, ки бо шоҳидии се саҳоба хона ба хона гашта ба тарафдории ин ду нафар овоз ҷамъ карданд ва яке аз инҳо дар интихобот, яъне ҳазрати Усмон ғолиб омад ва ҳазрати Алӣ омада, бо ӯ байъат кард ва ӯро ба мақоми хилофат табрик намуд.

Домулло медонед, ки ин воқеа дар дини Ислом 1400 сол пеш сурат гирифта буд ва алъон мо дар асри 21 қарор дорему мардумро маҷбур мекунем ба тарафдории касе овоз диҳанд ва овоз надоданашонро ба номзади мавриди худ ҷиноят ҳисоб мекунем. Шумо, ки саллаву ҷелак ва номи муллоӣ доред, аз номи Ислом баромад мекунед ва то ба имрӯз зиндагиатон пушти номи Ислом аст бояд мардумро аз ахлоқу аҳком ва ҷавонмардиҳои саҳобагон раҳнамоӣ кунед. Давлатдории боадолатонаи Умарро барояшон қисса кунед.

Ба мардум бифаҳмонед, ки Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ бо либосҳои дарбеҳшудаву шиками гурусна ба мардум хизмат мекарданд. Онҳо хилофатро авлодӣ накардаву тамоми тиҷорату саноату зиндагиро монополия накарда буданд. Ва ҳамин буд, ки то Испания хилофаташон тӯл мекашид. Шумо, ки пеши Худо аз ҳар авоме дида масъулияти бештареро доред ва фардо аз ин ҳама масъулият пурсида хоҳед шуд. Аз ин хотир ҳамчун як мусалмони Тоҷикистон аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳар чӣ назар медиҳед, як бор онро дар тарозуи ақл санҷед. Шумо, ки намояндагӣ аз дини муқадаси Ислом мекунед, бештар кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои мардуми мусалмон рафъ гардад. Агар ба ҷуз мулло будан вазифаи дигаре ҳам доред, пас, инаш ҳавола ба худатон, ман ҷуз мулло Шуморо каси дигар намешиносам.

Бигзор мардуми Тоҷикистон касеро ки худашон салоҳ медонанд, интихоб кунанд. Ману Шумо домулои «муҳтарам» ва ҳеч нафари дигар ҳақ надорад ба ҳуқуқи мардум дахолат кунад. Ҳама чиз маълум аст ва мардум худашон медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд. Вазифаи аслии Шумо домулло ин аст, ки ба мардум ва мансабдорон ҳалолхурӣ, хиёнат накардан дар мансаб, надуздидани овозҳои мардум ва риояи ҳаққу ҳуқуқи мардумро фаҳмондан мебошад. Тағйир додани ҳолу аҳволамонро Худованд бар дӯши худамон вогузор кардааст.

Домуллои «муҳтарам» Худованд мефармояд, «Худованд ҳоли ҳеч қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте онон он чӣ дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд» (сураи Раъд, ояти 11). Пас, бояд ба хотири пешрафт ва саодатмандии мусалмонон ва миллати шарафманди тоҷик дилҳоямонро ва андешаҳоямонро тағйир бидиҳем, на ба хотири кадом манфиатаке шахсиятпарастӣ кунему аз пинҳон кардани ҳақиқат ва нодида гирифтани масъалаҳои муҳим даст бикашем.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Эй канд занед набераи Нури! Кашфиёт муборак! Аммо ва баъд, Далербой чаро андеша накардед, ки аз миёни зиёда аз 7-милион сокини кишвар касе ба ин андешаи "Савори эхсос"-и Бобой Хайдар посух нагуфт. Ба он хотир, ки бехтарин чавоби у сукут аст. Шумо бошед дустам ба ин чавинию тандурусти, имконоти зехнию акли ва аз хама мухим ба гузаштагони саодатталаби худ акалан нигох накарда, ба "ки ва ба кадом андеша" дарафтода, кашталгири намуда истодаед...... Хайр майлаш дустам, хурдагири нашавад, Шумо бо кадом мехвар ва ё ченак макому мартаба, илму дониш ва таквои хулофои Ислом Алию Усмонро андозагири кардаед, ки онхоро хатто "Кариб баробар" мешуморед. Ин ва дигар чузъиёти андеша ва ё ин матлаби Шуморо хамин гуна муйсафедон "агар дарафтанд" зиёд маълум мегардад, ки аз чониби эхсос идора мешавед..... Шумо дустам бехтараш дигар вожаи мубораки "мухтарам"-ро хеч гох, алалхусус баъди калимаи Домулло дар нохунак нагиред. Бигзор хар касеро мехохед эхтиром накунед, вале хадди аккал чунин амалатонро ба намоиш нагузоред. Он вакт Шуморо сирату сурат тавъам хохад буд.

Ба мо навиштачоти Далер Шарифов дар кор нест!!!!!!!!

Далерчон офарин!
Хеле мехнат мекуни.
Муваххид Ансоричон!
Дуо мекунам боз чанд зани хуба мисли Саида бигири, Муваххидчон!

Абдулкодир
МошоАллох бародар Далер хакро гуфтед.

изатуллох
офари вокеан чавони хакгую часур будаи ин мулло ба гайр аз як лаганбардор чизи дигаре нест инро ман нагз мешиносам

хандаовар
Сайрандеш,
Сайрандеш агар бехтарин чавоб сукут мебуд чаро худатон сукут накардеду мавкеатонро нишон дода назаре навиштед?Хуб як чавон назараша ба як муло расондааст, чи чои вохимаву нигарони дорад?Эхсоси аст даруни нохунакда менависад харчизеки бошад чавони бедор аст.Инаш эхсоси вайш терорист дигараш аъзои ХНИТ?Медонед Сайрандеш ки гунохи ин чавонон чист?Онхо хамаги як гунох доранд мисли ману шумо нестанд дар сафамон нестанд андешаи дигар доранд!!Онхо моро мачбур мекунанд ки буздилона ва бо номхои мустаор вориди бахс шавем ва харчики мехохем гуем, кори онхо аз руи эхсосу кори мо бо аклона?Ман вокеан ин бачаро бад мебинам,хеле одами мутакабир ва худхох аст амо гохо эътироф кардан даркор,ки на хама харфи онхо бад аст!!!

Ого Саирандеш онкадарам андешаи сайёр надоштаи .. аз афтат маълум ки хело худатро хаким метароши аммо дар чашми чумхур ин суханон хаканд ва дар хакикат хам хаканд.. ин Далер гапи хакро инчо навистааст ..ин мулло ба ном гапи гуфтааш худ чиноят аст .. чоплусиро бас кунед аз шумо хохиш ..фикрашро бисер пур мазмун ва дуруст ифода кардааст !!!

Рашид
ин нахзатихо насли фиротгароии vbche сурия астанд доираи фахмишон хамин кадар аст касе аз тарафдороншаон як калим гуфт тамом...гуянда устод, буузург, ва хомии ислом..мемуред ботинтона кушоед худатон хайру шарра фарк кунед охир

Насим
Э кандата бизан бародар Далерчон, нуги каламат намеша бурро бошад.

MrX
Офарин бародар Далер. дар ҳақиқат ту хеле ДАЛЕРИ

saidumar
almuhim vojib ast ba har musulmon dar har korash va har guftorash bargardad ba asli islom ki kuroni sunat ast va ba fahmi rasul salalohu alaihi va salam va sahobagoni u dar hamon vakt hakikat khub malum meshavad
guftai manu guftai u
fahmishi manu fahmishi u
foidai shakhsi kase ast

Мулло Набот
Ин навишта агар назари шахсии муаллиф бошад, Мулло Хацдар хам назари шахсии худро гуфтааст. Ба мартабаи мулло Хайдар расидани ту холо фарсаххо рох аст. Навиштахоят берабту бемантиканд, Як бор худат чумлахоятро бин, то кучо мухолифат доранд.

Розик
Офарин Далербой гапи хакка гуфтед да

Як нафр шхси боимон
Асан ба шумо бародар далер худо дар панхаш нигохад дорад ахсан ахсан ахсан

Bakhtiyor
bisyor ham khub shud, ki janobasho qonunhoi mukholifatdoshta bo dinro qabul kard ba in vosita mo mullohoi voqeiro shinokhtem

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)