Бахшҳо

Далер Шарифов: Кӣ девона, хоин, бегонапараст ва ё сиёҳбин?

Ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи дурдасти кишвар истифодаи вожаи “девона” миёни ҷавонон “мӯд” шудааст. Ҳангоми духтари зебоеро дидан “арӯси девона" ва вақти автомобили гаронбаҳоеро дидан, "мошини девона” мегӯянд. Хулоса, ба ҳамин монанд "хонаи девона" ҳам ҳасту "либоси девона" ҳам.

Ҳатто баъзе донишҷӯён вақте ягон устод дарси хуб гузарад, мегӯянд, "муаллим имрӯз дарси девона гузашт". Яъне, калимаи “девона” ба ҷои калимаҳои “зӯр”, “хуб”, “зебо” ва “беҳтар” истифода мешавад. Дар идомаи ин, агар як нафар ҳақиқатро гӯяду аз камбудҳои ҷомеа эрод гирад, ё агар ба манфиати ҷомеа ибрози назар кунад, ӯро ҳам “девона” мегӯянд. Аммо вақте нафаре чоплусӣ мекунад, ё таърифу тавсиф, ё бо сӯистифода аз мақомаш соҳиби мол ва шароити хуби зиндагӣ мешавад, мегӯянд “одами бофаҳму боақлу ҳушёр аст”.

Намедонам, ба ин ҷомеаи мо чӣ шудааст. Худоё, наход дар кишвари ман арзишҳо иваз шуда бошанд? Наход “бадӣ” ҷои “хубӣ”-ро гирифта бошаду “девона” бо “ҳушёр” иваз шуда?

Кӣ хоин?

Феълан баъзе нафарон дар ҷомеа қаламбадастону соҳибназаронеро, ки барои ободиву пешрафт ва ошкор кардани камбудҳои ҷомеа ҳарфе мегӯянду менависанд, “хоин” меноманд. Бидуни ҳеч гуна андеша, тафаккур ва санҷиши дурустиву нодурустии суханонашон ба онҳо тамғаи хоин ё хиёнат кардан ба Ватанро мечаспонанд. Хусусан, атрофи ҷавонони хабарнигор ин шабу рӯз чунин ҳарфҳо зиёд аст. Дар ҳоле ки ин ҷавонҳо ҳатто ба як гулу хори Ватан осебе нарасондаанд.

Танҳо гуноҳи ин насли ҷавон ин аст, ки мардумро ба зиндагии шоиста, раҳоӣ аз бадрафторӣ, дифоъ аз ҳаққи худашон даъват мекунанд. Онҳо танҳо мегӯянд, имрӯз асри 21 аст ва набояд мо дар рӯҳияи асри понздаҳу чордаҳ зиндагӣ дошта бошем.

Имрӯз арзишҳои волои зиндагӣ бастагӣ дорад бо риояи ҳаққу ҳуқуқ, таъмини шароити иҷтимоӣ ва ғайра. Онҳоро набояд нодида гирифт ва вақте ин чизҳоро барои мардум хотиррасон мекунанд, магар хиёнат аст?! Аммо замини Ватанро додан, фарзанди Ватанро ноодилона ба додгоҳ кашидан, миллатро дар фасли сармо бе барқ мондан, сари роҳи порахӯрону чоплусонро нагирифтан, шахсиятпарастӣ, эътироф накардан ва эҳтиром нагузоштан ба андешаву афкори фарзандони миллати худ, маҳрум кардани руҳониёни ҳақиқӣ аз минбарашон... магар ин қаҳрамонӣ аст? Аввал бояд муайян кард, ки он чор ҷавони қаламбадаст хиёнаткоранд, ё онҳое, ки мӯҷиби ин амалҳо шудаанд? Магар бо иваз шудани арзишҳо ХИЁНАТ ҷои ҚАҲРАМОНИРО гирифтааст?

Кӣ бегонапараст?

Дар ҷомеаи мо ҳастанд ашхосе, ки бо гирифтани маблағи ночиз ё грант баъзе рӯзноманигорону таҳлилгаронро ба бегонапарастӣ муттаҳам мекунанд. Ҳоло он ки давлату ҳукумат як тараф истад, ҳатто сохторҳои низомиву қудратӣ аз гирифтани грантҳо ё кумакҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамеша бархӯрдоранд. Чӣ магар онҳо ҳам бегонапараст шудаанд?! Шумо ҷое хондаед, ки журналистон навишта бошанд, ки биёед аз забону фарҳангу маданияти тоҷикӣ даст кашида, фалон кишварро пайравӣ кунем? Кадом раиси ҳизби мухолиф гуфт, биёед, як қисми хоки Ватанро ба кишвари дигар диҳем? Кадоми ин «бегонапарастон» навиштанд ва ё гуфтанд, биёед, аз таъриху тамаддун ва ҳуввияти худ даст кашем? Кадом «бегонапараст» аз як миллион муҳоҷир хушҳол асту онро як чизи муқаррарӣ меҳисобад?

Баръакс, ҳамин «бегонапрастон» буданд, ки доим менавиштанд ва мегуфтанд дар қаламрави кишвари соҳибистиқлол бояд пойгоҳи ҳарбии ҳеч кишвари хориҷӣ набошад. Ҳамин «бегонапарстон» барои гум шудани ду кӯдаки тоҷик як сол мешавад, месӯзанду менависанд! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки доим мегӯянд «тоҷик набояд дар муҳоҷират ҳақиру бечора бошад!» Ҳамин «бегонапарастон» аз қарзҳои ҳангуфти Тоҷикистон доим нороҳатанду ғам мехӯранд! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки мегӯянду менависанд, ки «тоҷик бояд бошарофату обрӯманд ва саодатманду хушбахт зиндагӣ кунад!» Ҳамин «бегонапарастонанд, ки мегӯянду менависанд, дар кишвар бояд ислоҳоте гузаронд, ки ба зиндагии мардуми тоҷик осонӣ биёрад! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки мегӯянд писари вазир ё мансабдор вақте даст ба ҷиноят зад, бояд дар назди қонун, ки он баробариро барои ҳамаро кафолат додааст, ҷавоб гӯяд!

Аммо афсӯс, “ХУДИҲО” хомӯшанд. Аҷаб ки "худӣ”-ҳо дар ин мавзӯъҳо чизе намегӯянд. Аз дасти "худӣ”-ҳо ба ҷуз таъриф, дурӯягӣ ва мардумфиребӣ чизи дигаре намеояд? Корашон фақат тӯҳмату таҳқир аст, ки мегӯянд «шумо сафсата мегӯед, ягон маводи таҳлилӣ навишта наметавонед». О, ин мушкилиҳое, ки дар мо аст, ҳоҷат ба тадқиқоту таҳлили журналистиро надорад. Онҳоро танҳо ба мардум расондан даркор, то "худӣ”-ҳои худро бишносанд. Вале афсӯс ки «худӣ»-ҳо дар ғами худанду кай парвои дигаронро доранд?! Кай онҳо дар бораи имиҷи Тоҷикистон фикр мекунанд?! Ё дар кишвари мо мафҳуми БЕГОНАПАРАСТ бо ХУДӢ иваз шудааст?

Кӣ сиёҳбин?


Илҳомҷон Ҳомидов, як ҳамкасбамон дар як навори видеоӣ зимни суҳбаташ мегӯяд, дар ҷомеаи мо ҷавонон ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Як гуруҳ доим сафедиро мебинад ва гуруҳи дигар доим сиёҳиро. Ва ӯ худашро аз ҷумлаи онҳое медонад, ки доим сафедиро мебинад. Илҳомҷон, бародари азиз, ман шуморо мефаҳмам! Афсӯс, ки доим сафедиро мебинед, зеро на ҳама қудрати дидани сиёҳиеро доранд, ки дар мадди назари Шумост. Кам нафарони бовиҷдон пайдо мешаванд, ки аз рӯйи ҷавонмардӣ сиёҳиро бинанд.

Аммо он сафедиҳое, ки Шумо мебинед, онро ҳама дида метавонад. Он сафедиҳои даврони истиқлол иборат аз чанд километр роҳҳои мумфаршшуда, ки билохира ҳамаашон пулакӣ мешаванд, бо чаҳор нақб ё парчами 165-метрӣ дар маркази шаҳр ва китобхонаи боҳашамат, таъмиру азнавсозии чанд мактабу донишгоҳро мардум ҳамарӯза батакрор аз тариқи телевизион мебинанд. Инчунин, кушода шудани корхонаҳои ангуштшумори саноатие, ки дар он 14 ва ё 20 одам кор мекунад, чанд корхонаи хурди дузандагӣ ва хиштбарорӣ, ё ин бо белу каланд об баровардан, ки аксарашон баъди лентабурӣ ё қарздор мешаванд, ё бо таъсири ҳодисаҳои "номаълум" корношоям мегарданд. Ҳамаи «сафедӣ»-ҳои медидаи Шумо ҳамин аст. Боз хафа нашавед, таҳсили чанд ҷавонро дар хориҷи кишвар ва ё сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқиро ҳам ба ин сафедиҳо ҳамроҳ мекунем. Инчунин ҷашну маъракаҳо ва сафарҳои президентро ҳам САФЕДӢ мегӯему мебинем. Шукр, ки баъзе соҳибкорон ину онро месозанд, аз қабили ҳаммом ё ошхона ва онро ба сиёсати созандагиву ободкории ҳукумат рабт медиҳанд ин ҳам «сафедӣ» аст.

Акнун ҳамкасби мӯҳтарам, биё, сиёҳиҳои ин миллатро бинем. «Лимит»-и дарозмуддати барқ, ки ба ҳама ҷанбаи зиндагии мардум, хусусан Шумо, ки омӯзгоред, ба раванди таълим моҳҳо халали ҷиддӣ мерасонад ва инҷо гап сари даҳу сад ҳазор аҳолӣ намеравад, гап сари миллион аст. Давоми 20 сол ягон корхонаи бузурги саноатӣ сохта нашуд, ки ҳадди ақал дар он то ду ҳазор нафар кор кунад. Қарзи хориҷиамон рафта то ба буҷети мамлакат баробар мешавад. Шояд бо ин раванд то даҳ соли дигар миллионҳо ҳамватани ману ту ҳамчун мардикор ва он ҳам бештарашон дар шароити вазнин дар хориҷи кишвар бимонанд. Ислоҳоти ҷиддӣ то ба ҳол дар сохторҳои давлатӣ нест.

Ҷавононамонро маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд, ин ҷараёни ба аскарӣ сафарбаркунӣ бист сол мешавад идома дорад ва то ҳол роҳи ҳалли мусбати худро пайдо накардааст. Маошу нафақа ҳанўз нокифоя ва аз зиндагии воқеӣ дур аст. Масъалаи рӯзмарра боқӣ мондани ришваю фасод. Бо таъсири омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боқӣ мондани проблемаи мактабу маориф. Дигар намехоҳам, ин сиёҳиҳоро давом диҳам. Агар Шумои «сафедбин» ин қадар сиёҳиро бинед, кифоя ё ба фикри Шумо ин сиёҳиҳоро нодида бигирему онҳое, ки ин ҳамаро мебинанду мегӯянд, ё роҳи ҳал пешниҳод мекунанд, “сиёҳбину сиёҳкор” бигӯем?! Ё боз ин ҷо ҳам СИЁҲӢ ҷои САФЕДИРО гирифт?

Хуллас, ҳар нафаре, гурӯҳе, ё ҷониберо девона, хоин, бегонапараст ва сиёҳбин мегӯем, бояд як бор андеша кунем ва аввал аз худ пурсем, то куҷо ҳушёру сафедбину, худиву ватанхоҳ ҳастем?!

Далер ШАРИФОВ,
журналист


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Маколаи бехад "девона" навишти, бародар:)) Хазор ахсан, чавонмарди нотарсу "сиехбин", он хама хашму дарде, ки ногуфта дар дил доштам инчо изхор намуди.Хамингуна журналистони бовичдон ба умедам аз ояндаи САФЕДИ ватанам болу пар медиханд. Ташаккури зиед!

Рахим
Бародар Далер ин навиштахои ту моли журналимст гнест ин мадоохи муллохои шикмчарон бо усусли дигар аст Кани як хабар дар бораи кимати тахсисли фарзандони хизбатон раиси ХИЗб дар Туркия навис..ё дар бораи як ходиисаи дигар. ин сомона хам ки моли Кабири аст туфталоогияхои утро чоп мекунад охир ту кадри бесаводи Сафина хасти ку..

Далер чаро хамин гапхоро дар САФИна хангоми ситора шуданат нагуфти???МАрд он аст ки мавкешаро харчо аз даст намедихад холо боз ба Сафина рохат диханд дигар дар ин бора гап намезани..так что давай дасвидания

Дехбонбача
Девонаи девонахош навиштайп чавоби хайвон додай ба баъзехора)))

рахмхудо
муборизаи опозиция ва фронти халки идома дорад.... касе ба маънии вахдат сарфахм нарафт...дуруг дузди беимони бесаводи бешарафи имонфуруши идома дорад.....эй вой барт ту эй вой бар ман.. миллати шикасти маънави хурдааст..ки ислохаш сахт мушкил аст

Далери гироми!

Шумо барин чавонон марди майдон хастед, ки хамма вакт хакикатро ба мардуми шарифи Точикистон гуфта истодаед ва камбудихову чиноятхоро ифшо мекунед. Аз рухи инсоф, хакикат ва ору номус сиёхро сиёх ва сафедро сафед гуфтан шарти аввали одаму одамгари ва мусулмони аст. Ин шарти хатмии зиндагиву амният аст, агар не такдири сиёхи Афгонистон, Югославия, Судон, Тунис, Ирок, Ливия, Сирия ва дингар давлатхову миллалхои сиёхбахт насиби Ватану мардуми мо мешавад.
Ростиро набувад, хеч заволе ба чахон, Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Лекин баъзе аз вузарову фаъолони режими кунунии Э.Рахмон худашон, ки хоин, бегонапараст, чоплус ва дузд хастанд, гумон мекунанд, ки тамоми точикистониён ба мисли онхо хастанд.

Номус,
durust gufti nomus.in daler bechoraakai.

Далер бо номи Муваххид Ансари Фейсбукда хамара безор кадай

Adolatxoh
Асалому алейкум хамватанони азиз. Рости аз хондани ин матн чунин ба хулосае омадам, ки дар хакикат милати мо ба ин мушкилихо дучор аст рохи хали худро найофтааст. Аз адолати ин кас ман рози астам ва ман тарафдори хамин гуна адолатхох,он астам. Ман ин журналистро аз ТВС барномахояшро тамошо мекардам дар хакикат барномаи ч,олиб мегузаронд аз хамон барнома малум буд ки шахси ч,омеафикр ватанфикр аст. Аммо ба гуфтахои ин х,акикат чанд кас мухолиф баромад:
Ч,аноби No name; Шумо дуруст кайд кардед мо тули 21 сол 10' 13 солаашро гуйо ба пешрави сарф кардем, ба инхам шукр, аммо дар ин 13 сол хам метавонистем ба давлатхои мутараки ноил шавем холонки давлати моро ба катори давлатхои кашок мешиносанд сабаби кафомнии мо дар чист! Ин дар ана хамон номутахиди, фасодкори( дар сатхи баланд), хешутабори, шахси кардани заводхо, поймол кардани хукуки шахрвандон ва дигару дигархо сабабхо. Мисоли оди дар сохаи маориф ришвахуриву ришваситони дар сатхи баланд, хама донишгохо пулаки хох, бучави хох, шартномави, холонки бо тарики бучави бойад талабагони босавод дохил шаванд аммо фаркияте надорад босавод хам бо пул бесаводхам, ва бисери хамон савод доштагихо маблаг хам надоранд баде ки нашуд ноилоч мардикори рох ба суи Русия. Фикри ман хамин ки барои пешрафти давлат кадрхои босавод лозим на ин ки кадрхои бо пул дохил шудаги е наин ки шахси бесаводи мансабхаридаги. Агар мо ана хамин хел кадрхо тарбия мекардем тули ин 10, 13 соли гуфтфгитонда яке аз давлвтхо пешрафтаи дуне мешудем.
Чаноби БОЗОР: ту ба фикрам бемантик асти, Ягон шахс бо додани пул хакикати чамияти азобкашидаашро намегуяд ва у ТВС гуфтаии ту чои журналистоне аст ки бояд хакикти чамиятро нагуй яне бояд чоплус боши, ман бовар дорам ин кас аз руи набардоштани вичдонаш баромадаст
Чаноби НОМУС: аз руи номусат гап зан агар ин бахел мебуд х,акикати чамияти имрузаро намегуфт ин кас аз руи вичдону номусаш хакикатро гуфтааст
Чаноби РАХИМ тв саина ва он се шабакаи дигар чое нест ки хакиктро бигуйи ин шабакахо факат барои чоплусиву тарифу тансиф аст.

Ман бо акидахои ту розиям ва тарафдорони адолатхох,он астам. Саломат бошед. Дар амони ХУДО.

ОФАРИН
Ба Рахим

Рост гуфти ака. Ба ин хушомадгуйхои Кабири гапи зур ёфти - "ДАВАЙ, ДО СВИДАНИЕ".
Ин Далер далери надора, рубохай. Хонаи гарма дида, думша хода кардаст. Мард мебуд, и гапхора дар Сафина мегуфт.
И шогирди нахзатирам бояд фахмем неки))), пулша халол бояд бкна, неки бахона чист? номи халк!
Далер ба гуфти Рахим "ДАВАЙ, ДО СВИДАНИЕ"

ТОЧИК
Facebook-Мувахиди Ансори дар Фейсбук Далер нест,наёфтед ва дуруг гуфтед! Одаме ки нотарсиди дар чунин сатх менависад хечгох бо номи дигар кас мавод наменависад ё дар фейсбук пайдо намешавад бо номи бегона так что друг нагу!Ман аз Далер мехохам, ки бо матлабе ба ин тухмат чавоб гуяд чунки Мувахиди Ансори каси дигар аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)