Бахшҳо

Эътироз

Зафари СӮфӣ

Ман агар бархезам,
Ту агар бархезӣ,
Ҳама бармехезад.
Ман агар биншинам,
Ту агар биншинӣ,
Чи касе бархезад,
Чи касе бо душман бистезад... Ҳамиди Мусаддиқ

Ростӣ аз назари мо вокуниш ба суханҳои нодоне, ноогоҳе амале мисли об дар ҳован кӯбидан аст. Аммо ин авохир зиёд шудани амалҳое аз ин қабил нохуни тез ба рӯи ғурурамон мекашад. Аламовар аст, ки инҳо гоҳе дар либоси дӯст кори душман ва гоҳе огоҳона миллати моро таҳқир мекунанд. Таи чанд ҳафтаи ахир расонаҳои “шарики стратегии Тоҷикистон”, яъне Русия бо ҳар баҳонае авзоъи кишвари моро гӯё ба риштаи “таҳлил” мекашаду дар камоли ҳамоқат миллати моро таҳқир мекунад. Вокуниш ба ин гуна матолиб ва сукути миллатдӯстон дар баробари он ба ҳеч ваҷҳ нишонгари тарс ё бетарафӣ нест. Онҳо худро ба ин афкори ғаразолуд ва ашхоси ноогоҳу беобрӯ баробар кардан намехоҳанд ва аз сӯи дигар андешаи он, ки ҳатман ин нанг, ки гӯё фармоиши ҳукуматро анҷом медода бошанд ба номашон мечаспад, онҳоро аз вокуниш бозмедорад. Вале то кай? Мо агар дар дохили кишвар бо ҳам ноҳамоҳангиҳое дорем, аз рафтори ин ё он шахсият ё давлатмарде норозием, агар ин ё он барномаву амали ҳукуматро танқид мекунем, ин ба хотири он аст, ки мехоҳем кишварамон обод бошаду мардум дар озодӣ ва рифоҳ ба сар барад. Аммо вақте як расонаи хориҷӣ матлабе дар бораи кишвари мо омода ва пахш мекунад ва он ҳам фақат нукоти ба истилоҳ заъифро ба тасвир мекашад ва гузашта аз ин таҳқиру туҳматро раво медорад, ифодагари фармоишӣ ва олудаи ғаразҳои нопоки афрод ё гурўҳҳое будани ин матлаб аст, ки бояд дар баробараш вокуниш нишон дод.

Барномаи шабакаи телевизионии РБК-и Русия, ки ахиран пахш шуд, як далели ғаразолуд ва нишонгари фаъолияти фармоишиву ғайриҳирфаӣ будани матолиб алайҳи тоҷику Тоҷикистон дар расонаҳои русӣ аст. Ҳикмате ҳаст, ки агар марги саг расад ба меҳроби масҷид мемезад. Номуси ҳар миллат ва обрӯи ҳар кишвар ба монанди меҳроб аст, яъне муқаддас мебошад. Агар дар баробари ин муқаддасот беодобӣ кардӣ ҳатман ҷавоб хоҳӣ гирифт.

Гардонандаи аслии ин барномаи РБК албатта афроду гуруҳҳои таъсиргузор дар Русия ҳастанд, онҳое, ки дар симои миллат ва кишвари мо манобеъи арзони даромадро мебинанд. Ва сифати муҷриёни ин гуна барномаҳо дар камоли аҳмақӣ аз ҳама ҳад мегузаронанд, ки ин маврид низ истисно нест. Мо огоҳона ному насаби гӯянда ва коршиносҳои ин барномаро зикр накардем, зеро арзиши инро надоранду як лӯхтаке беш нестанд. Вақте барномаро тамошо мекунӣ оҳанги бадхоҳӣ ва ҳатто душмании гӯянда бо тоҷику Тоҷикистон ошкоро мушоҳида мешавад. Албатта барои ноаён мондани ин оҳанги бадхоҳӣ огоҳона ба шахси раиси ҷумҳур мерасанд ва албатта ин амалашон барои ба даст овардани дили бархе афроди ба истилоҳ мухолиф ва норозии ифротӣ ва тундрав аст. Медонанд, ки агар неруҳои солим вокуниш кунанд шояд ин ифротиҳо дар пуштибони аз РБК ва бар зидди ҳаммиллатони худ садо баланд хоҳанд кард.

Замони ҷанги шаҳрвандиро ёд меоранду махсус фитнаангезӣ мекунанд ва таъкид мешавад, ки “кӯлобиҳо сар мебуриданду хонаҳоро оташ мезаданд”. Ангехтани оташи маҳалгароӣ ва ба ин васила доман задан ба оташи нифоқу бадбинӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон як ҳадафи асосии пинҳон зери ин ишораи гӯё гузарост.

Тоҷикистонро як кишвари фиребгар муаррифӣ мекунанд, ки гуё бонки ҷаҳонӣ ва чандин кишварҳоро фиреб медода аст. Шояд манзураш ҳукумати Тоҷикистон бошад? Дар ин сурат ҳам магар Бонки ҷаҳонӣ, соири бунёдҳои молии байналмилал ва кишварҳо ба ин ҳад содаанд, ки дар баробари фиреб сукут варзанду бо кишваре ҳамкорӣ кунанд?

Гузоришгари шабака аз Тоҷикистон тасвир бардоштаву иддао мекунад, ки дар Тоҷикистон зистан “не очен комфортно”. Магар назарсанҷии саросарӣ гузарондеду мо бехабарем? Шумо аз куҷо медонед, ки «комфортно» ҳаст ё нест? Гӯё далел ҳам меорад, “битовие прибори и автомобил предмет роскоши”, яъне василаи таҷаммул аст. Вақте як коло андак ва дастнорас бошад метавонад нишонаи таҷаммул маҳсуб гардад. Барои як руси ноогоҳ душвор аст дарки ин воқеъият, ки тоҷик миллати таҷаммулгаро нест, албатта ин чанд тан навкисаву навдавлатҳо истисноанд. Тоҷик парвардаи хонавода ва беш аз ин ҷомеаи суннатист ва ҷамъгароӣ як нишонаи рушани ин падида аст. Меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ ҳамчунон дар аксари фарзандони ҷомеаи тоҷик мустаҳкам аст. Аз ин рӯ бар мабнои меъёрҳои фардгароёна ва арзишҳои пучи моддипарастона ба зиндагӣ ва рафтори тоҷик набояд нигоҳ карду ба баррасӣ гирифт, ки нанги тоҷиконаро бедор мекунад ва оқибатҳои сангине барои ин гуна афроду гурўҳ хоҳад дошт. Албатта ин таҳдид нест, ин баёни воқеъият аст, зеро мо тоҷикон одат накардаем зӯргӯиву таҳдид кунем, балки дар лаҳзаи лозим нангу номуси тоҷиконаамонро амалан нишон медиҳем.

Мегӯянд лулаи газ нест, ҳаст, худи газ нест, зеро фитнаҳои афроду ниҳодҳои Русия боис шуда, ки ҳамсояи мо дигар барои мо газ намедиҳад. Водопровод нест мегуяд. Охир ин сухан дар бораи кадом кишвар аст? Кучо водопровод нест? Ин мардум аз чи об мехуранд, агар лулаи об нест? Ин ки дар бархе минтақаҳои хушк дар замони шуравӣ ҳам мушкили камбуди об вуҷуд дошт, ҷои баҳс нест. Магар дар ҳама манотиқи Русия водоправод ҳаст? Мушкили об дар кишвари шумо вуҷуд надорад? Албатта дорад!

Лулаи фозилоб нест мегуяд. Бинандаи кутоҳандеш шояд ба даҳшат биуфтад, як кишвари асри миёнагиро пеши назар орад, ки дар фозилобу ганд ғарқ шуда бошад. Аммо воқеъият чизи дигар аст. Лулаҳои фозилоб ҳаст. Агар нест фозилоби ҳазорҳо хонаҳои баландошёна дар шаҳрҳову шаҳракҳои Тоҷикистон куҷо меравад? Шояд ба даҳони ғору бефаровези ин хабарнигори пурғараз?

Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки дар тамоми тули барнома фақат аз тоҷику Тоҷикистон бадгӯӣ мешавад, вале як кадре нест, ки нишондиҳандаи ин вазъияти баде бошад, ки ин хабарнигорон ва коршиносони ноинсоф иддао мекунанд.
Як туҳмати дигар дар ҳаққи тоҷикон ин буд, ки иддао шуд дар рустоҳо мардум иҷоза намедиҳанд духтарҳо дар мактабҳо таҳсил кунанд. Бинандаи ноогоҳ пас аз шунидани ин ҳарф шояд фикр кунад, ки Тоҷикистон як Афғонистон ё бадтар аз он як Вазиристони шимолист ва мардумаш мисли қабоил бо суннатҳои асри санг зиндагӣ мекунанд. Бо суханҳои умумӣ ва бидуни овардани далел ҳарф задани хабарнигор нишони боризи ҳирфаӣ набудани ӯст. Дар кадом рустои Тоҷикистон ин амали зишт ба таври умумӣ вуҷуд дорад? Дар тамоми рустоҳои Тоҷикистон чанд тан духтарро падару модараш аз таҳсил манъ кардаанд? Агар мисоле ҳаст, агар як –ду ҷоҳил аз фарти ҷаҳолат ин корро карда бошад, набояд рузноманигоре, ки ба арзишҳои ин ҳирфа эҳтиром қоил аст, он амалро фарогир эълом дорад. Дар камоли ҳамоқат ба ҳамаи мардуми шарифи рустонишини тоҷик чунин туҳмат задани хабарнигору гӯяндаву коршиноси РБК бояд беҷавоб намонад. Мутмаинем дигар дар ин амал таъхире нахоҳад шуд ва дигар тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба кучактарин таҳқиру тӯҳмат аз сӯи бегонагон посух хоҳад дод.

Мо мехостем решаи бадбинӣ ва нафрати ошкоро алайҳи тоҷику Тоҷикистонро дар ин барнома пайдо кунем ва ҳангоме ки гуфт Раҳмонов насабашро аз ов-и русӣ халос кард, пеши худ гуфтем, шояд ин кор писандашон наёмада. Аммо ин хоҳиши ҳар инсон аст, гузашта аз ин чаро исрор доранд, ки ному насаби як мардуми дигар бояд русӣ бошад? Вале вақте дурӯғро ба ҳадди ниҳоят расонда иддао карданд, ки дар идораҳои сабти аҳвол мардумро маҷбур карданд, ки насабашон бидуни ов-у ова бошад ба худ иқрор кардем, ки ин бозӣ бо афкори мардум аст ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф аз ҳеч коре ва ҳеч дурӯғе рӯй намегардонанд. Охир дар ҳеч минтақаи кишвар чунин набуд. Аммо, эй кош чунин мебуд, зеро тоҷик як милатест бо тамаддуни чандинҳазорсола ва чи зарурате дорад пойбанди расми нодуруст ва сохтаи як қавми дигар бошад. Мо ҳанӯз фаромӯш накардаем ва шояд ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки бобову бобокалони ҳамин русҳо ба минтақаи мо бо шамшеру тӯфанг омада моро аз бузургтарин хостгоҳҳои фарҳангамон, яъне шаҳрҳоямон ҷудо карданд. Ин фоҷиаро ҳеч гоҳ тоҷикон нахоҳанд бахшид. Гузашта аз ин ов-у ова, ев-у ева дар шакли насаб дар байни русҳо ҳам торихи қадимӣ надорад. Бузургтарин фарзандони Русия мисли Пушкину Толстой, Достоевскиву Есенин ва садҳо тани дигарро метавон мисол овард.

Мо иддао надорем, ки мардуми тоҷик дар рифоҳи комил ба сар мебарад. Аммо мушкили нодорӣ характери густарда дорад, гуфтани гӯяндаи барнома як навъ таҳқири ошкори миллати шарифи тоҷик аст. Мо медонем ва шояд онҳо ҳам огоҳанду худро нодида вонамуд мекунанд, ки нодортарин хонаводаи тоҷик аз як хонаводаи миёнаҳоли унҳо зиндагии беҳтару инсонитар дорад. Дар тамоми Тоҷикистон як бомжи тоҷикро наметавон пайдо кард. Ин дар ҳолест, ки дар Русия шояд дар ҳар кӯчаву паскӯча се-чаҳор ва гоҳо бештар аз он майзадаву бомжро метавон дид. Агар дар Тоҷикистон як бомже ҳаст он ҳам намояндаи миллати рус аст.

Як туҳмати дигар дар мавриди муҳоҷирати фарогир буд. Гуфтем шояд ҳузури тоҷикон дар Русия инҳоро нороҳат карда, ки чунин бадбинона ва душманона моро бадгӯӣ мекунанд? Шояд мисолҳо аз ин муҳоҷирати фарогир меоранд?! Аммо, афсӯс ҳамчунон дурӯғ буду тӯҳмат ва ҳеч як далели мушаххас пешниҳод нагардид. Муҳоҷират вуҷуд дорад, аммо на фарогир, балки мавсимист. Гузашта аз ин зиёд рӯи ин мавзӯъ набояд русҳову Русия монёвр диҳад. Муҳоҷиронро, ки ба қавле ҳамин турӣ пул намедиҳанд, гузашта аз ин дар хеле ҳолат ҳаққи ҳалоли заҳматашонро намепардозанд, яъне ғоратгарӣ мекунанд ва даъво кардани ғоратгар хандаовар аст. Фаромӯш накунанд, ки ин муҳоҷирон талбандагӣ намераванд, мераванд кор кунанд ва Русия як бозори коре беш нест. Муҳоҷирон нерӯи кории худро сарф мекунанд, дар тоқатфарсотарин вазъият кор мекунанд, ки мардуми Русия ба ҳеч ваҷҳ наметавонад он корро анҷом диҳад.

Ин хонуми коршинос ҳам ба зоҳир дилсӯзона сухан мегӯяд, вале огоҳона фактҳоро воруна нишон медиҳад. Дар ҳамин барнома буҷаи солонаи Тоҷикистон наздики се милиард доллар эълон шуд ва ин хонум бо зикри он ки 3 миллиард доллар аз Русия ва Қазоқистон ирсол шуда, иддао мекунад ин маблағ ду баробари буҷаи солонаи Тоҷикистон аст. Намедонем онҳо кадом шакли риёзиро дар мактабҳояшон мехонда бошанд. Ё шояд аслан риёзӣ намехонанду фақат дарси арақхӯрӣ ва зӯргӯӣ меомӯзанд?

Ҳамин хонум иддао мекунад то си дар сад аҳолӣ аз рустоҳои нодор мераванд ва боз таъкид мекунад, ки амалан рустоҳо беодам мемонанд. Охир си дар сад ё ҳамаи аҳолии русто мераванд? Беш аз ин чаро як мисол намеоред? Аз кадом русто аҳолӣ рафтаву амалан русто беодам монда? Ба ин таваҷҷӯҳ надорад, зеро вазифадор аст воҳима кунад, ки мардуми рустоҳои Тоҷикистон хонахез ба Русия омаданд. Ҳол он ки ин рустоҳои Русия аст, ки холӣ монда ва дар ҳоли нобудист ва миллат низ дар ҳоли пир шудану дар сурати пешгирӣ нашудан дар ҳоли фано қарор дорад.

Дар қисмати поёнии барнома гӯё дар зимни сӯҳбат гӯянда мавзӯъеро матраҳ мекунад, ки дар асл решаи ҳамаи тӯҳматҳо ва бадбиниву ангехтани оташи нифоқу фитна дар ин барнома аз ҳамин сарчашма об мехӯрад. Мегӯяд ширкати Русал мехост корхонаи алюмении тоҷикро бозсозӣ кунад ва тоҷикон нагузоштанд. Чи дурӯғи бузурге! На Русал ва на ҳеч ширкати дигари русӣ ҳеч аз паи обод кардан набудаву нест. Ҳама медонанд, ки ширкатҳои вобаста ба ҳукумати Русия дунболи бозсозӣ нестанд, балки дар пайи соҳиб шудан ба ин ё он корхонаву иншооти роҳбурдӣ ва асосӣ буданду ҳастанд. Воқеан агар ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто як кори хуб ва миллатдӯстона анҷом дода бошад, ҳамин рондани Русал аз кишвар буд.

Коршиноси ноогоҳи барнома аз нияти ширкати Интеррао (Раоаэс) барои сохтани баландтарин сад ва неругоҳе бо иқтидори тавлиди барқ бештар аз неругоҳи Норак сӯҳбат мекунаду номи ин неругоҳро ба забон намеорад. Шояд ҷое ин мавзӯъро хонда ё шунида ва умуман хабар надорад, ки неругоҳи Роғун куҷост ва шояд намедонад ва ё худро ба нодонӣ мезанад, ки ин ширкати русӣ солҳои тӯлонӣ ба ҷуз ваъдаи холӣ ҳеч иқдоми амалие дар ростои сохтани неругоҳи Роғун анҷом надод. Ба назар мерасад ин пуружае барои фишор овардани ҳукумати Русия ба давлати Узбакистони ҳамсоя буду бас. Онҳо ошкору ниҳонӣ сохтмони ин неругоҳро чун хатаре барои Узбакистон ҷилва доданд ва тухми фитна коштанд. Раоаэс ва ё ҳар ширкати дигари русӣ тарҳҳои миллӣ мисли Роғунро дар ҳеч ҷо насохтаву намесозад. Пои Чин ё Эронро дар ин масъала ба миён кашидан ҳам ҳадафи фитна ангехтан дораду бас. Ин гуна тарҳҳои миллиро худи фарзандони миллат месозанд ва агар имрӯз не, ҳатман фардо Роғун сохта хоҳад шуд!

Як нуктаи охир ин аст, ки ҳама иштирокчиёни ин барнома нороҳат аз он ба назар мерасанд, ки шарики тиҷории Тоҷикистон дар бахши содирот кишварҳое мисли Туркия, Чин, Эрон, Афғонистон ва Қазоқистон асту Русия дар зинаи охир қарор дорад. Инҳо он қадр дар ҳамоқат печидаанд, ки мантиқи равобити иқтисодиро намехоҳанд бипазиранд. Охир колоро ба тарафе мефурӯшанд, ки харидор аст. Агар Русия харидор набошад ва ин ё он колоро бихоҳад ба нархи поин бигирад, вақте харидори дигар ҳаст, чаро Тоҷикистон манфиати худро зери по кунад? Дигар замони зӯргӯӣ ва тасоҳуби дороиҳои дигарон гузашта, ки ҳоло шумо мехоҳед ё намехоҳед, бояд ин воқеъиятро бипазиред.

Бозӣ кардан ба номуси миллате аз сӯи дастгоҳҳои таблиғотии миллати дигар фақат як натиҷа ба бор меорад ва он ҳам ҳисси нафрат ва интиқом. Набояд фаромӯш кунанд, ки ҳарчанд тоҷик миллати сабур аст, аммо таҳқирро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад. Кам пеш омада, ки интиқомро бахшида бошанд. Фарзандони бонангу номуси миллат таҳқиру туҳматро нахоҳанд бахшид ва ҳатман интиқом ситонда хоҳад шуд. Дер ё зуд.
Мӯҳр
э.р.,
Ту, як бандаи ғафлатзада, магар бо ман нишаста, чою нон хӯрди, ки ба бесаводии ман шоҳид шудӣ? Ман, шукри Худо, касбу кор дар Ватани азизам дорам. Бо маъоши хуб ва меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунам. Касе саводи кофӣ ва касбу кори хуб дорад, ба муҳоҷират рафтан ҳоҷат нест. Ба ту барин бесаводҳои истеъморзада раҳмам меояд, ки на дар мактаб дониш гирифтеду на аз паси маълумоти олӣ ё касбу кор шудед. Дар натиҷа дар ба дар шуда, билохира ба пасттарин кор дар муҳоҷират розӣ мешавед. Аз оне ки забону рафтори русҳоро намедонед, онҷо ҳамарӯза бо таҳқиру дашному масхараи онҳо бо тарсу таҳлука зиндагӣ мекунед. Воқеъан, барои русҳо фарқе надорад, забони онҳоро медонӣ ё на? Ҳар як шахси сиёҳсари гандумранг барои онҳо "ЧУРКА" (кунда) аст. Медонӣ, "бародарони русат" чӣ мегӯянд? "ЧУРКА, ОН И С РОССИЙСКИМ ПАСПОРТОМ ЧУРКА!" Маънои инро нафаҳмӣ, аз рафиқонат пурс.
То ба Ватан меоед, ки фарзандонатон номи падарро фаромӯш кардаанд. Шумо, мардикорони аробакашу мусуркашро дида, русҳо ба хулосае омадаанд, ки ҳамаи тоҷикон ҳаминхеланд. Ҳамин аст, ки дар ВАОи он кишвар дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон мавод ва барномаҳои масхараомез, пур аз таҳқир ва пастзанӣ нашр мешаванд. Русҳо ҳанӯз солҳои Шӯравӣ миллатгаро буданд, ҳоло ба авҷи миллатчигӣ баромадаанд. Инро фақат кӯр намебинад, халос. Минбаъд забонатро дор. Бидон, ки ту ва тамаллуқкориат пеши русҳо чормағзи пуч барин қадр надорад. Душман рақиби мағрур ва далерро эҳтиром мекунад, на тарсу, хазанда ва чоплуси тамаллуқкорро.

э.р.
Кулли шорехони сомона медонанд,ки чохилу лаганбардори. Садхо олимони варзида,табибони ботачриба,чавонони сохибмаълумот ту барин тамаллуккори накарда ,тарки ватан карданд. Рост, ки дар Точикистони азиз мардум мехнатдустанд,аммо маъоши хуб нест. Магар,ки ба фасод даст зада боши. Войи ту,ки боз беш аз дах сад хазор мухочири точикро таъна мезани! Дар холе,ки накши эшон дар иктисоди милли муассир ва шоени тахсин аст. Ту барин "саводи кофи"дорхо миллатро парешон карда боз маломат доред ."Касбу кори хуб"-и тубаринхо бардоштани андозу рушди фасод ва шиорхои популисти мебошад. Нону намаки мухочирон кур мекунад ва дуои ин мусофирон мустачоб аст. Омин.

Носир аз Рашт
Басир аз Вахё,
Ака, худат хамин маколая пурра хонди? Охи бо мисоло нишон дода, ки точику Точикистона тахкир карданд. Ба назари худат факат очаву хохара хакорат кунанд тахкир мешаваду халос? То точик ту барин фарзандони руспараст дошта бошад уно нотарсона ба мо тухмат мезананду тахкир мекунанд. Ту агар марди ун русоеро, ки хаммиллатонатро тахкир мекунанд, мезананд, сараша мебуранд ба суд те! Рут курут бо ин зурит, ки Озодагона ба суд медодаи...

Саидкосим
Одина,
Агар ту дар Русия хизматгори накарда, яъне Одина дар дасти Арбоб Камолхои урус набуда меомади дар Ватан аз хукумат чои кору барк талаб мекарди, маошу нафакаи нормал талаб мекарди, таъмини зиндагии нормал талаб мекарди, чои ин саволат набуд. Ту ва хазорхо нафари дигар Одинаи урусед ва агар бар зидди хочагонатон касе чизе гуяд аламатон мекунад. Худом бузург, ин кавмро аз хуи гуломи халос кун, Омин!

Аслиддин
Офарин ба эътирозат, Зафар.
Ва дар хамин хол, "фарзандони баномусу хам беномуси миллат" -ро ба бахс дароварди, ки халолат бод. Харчанд беномусон аз эътирози Ту бепарвоанду харза мегуянд

Парвизчон рахмат бар падарат гапи хакро гуфти он таъхирхое ки русхо точикхоро мекунанд дар ватан гушна гарди хубтар аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)