Бахшҳо

"Озодагон" ва ҷонибдорону мухолифони Шабнаму Фарзона

Нашри хабари вориди бозор шудани клипи нави хоҳарон -- Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар “Озодагон” корбарони торнамои моро, ки онро хондаанд, ба ду гуруҳи асосӣ тақсим кард. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки аз “Озодагон” интиқод кардаанд.

Ин хабар дар як фурсати кӯтоҳ дар қатори матлабҳои серхонандаи торнамои мо барои худ ҷой дуруст кард ва корбарон ҳам зери онро шарҳборон карданд. Мавзӯи аслии баҳси онҳо пӯшиши либосҳои нимбараҳнаи гуруҳе аз раққосон аст, ки дар ин клип мерақсанд. Баъзеҳо одоби баҳсро сарфи назар намуда, ба таҳқиру дашном гузаштанд, аммо масъулини нашри матлабҳои “Озодагон” чунин комментҳоро иҷозаи нашр надоданд.

Ҳоло як чашмандозе ба ин шарҳҳо хоҳем дошт. Тавре болотар ишора рафт, шарҳнависон аслан ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки иддао мекунанд, дар ҷомеае, ки мақоми демократиро дорад, ҳар нафар дар интихоби либос озод аст ва онҳое, ки мегӯянд, дар ҷомеае, ки бахши аъзамаш мусалмон аст, набояд нимурёнҳо намоиш дода шаванд. Нахустин шарҳи омада интиқод аз “Озодагон” аст, ки онро корбаре бо номи “Сорбон” навишта: “Хай Озодагон рафта онҳоро дар суд деҳ! Шумо ба либоси онҳо чӣ кор доред охир?” Шояд, ба Сорбон ҷумлаи “...аммо ба назар мерасад, дар баробари ҳаводорон, мунақиддони ин клип ҳам кам нахоҳанд буд. Дар ин клип гурӯҳи духтарон бо либосҳои нимурён рақс мекунанд ва чунин наворҳо дар ҷомеаи суннатии кишвар ҳамеша бо вокунишҳои тезутунд рӯбарӯ мешавад”,-и ин хабар писанд наомадааст. Ва як шарҳнависи дигар низ моро дар паҳн намудани ба қавли ӯ навори фаҳшо муттаҳам кардаву гуфта, мо ҳам дар “гуноҳ”-и Шабнаму Фарзона шарикем.

Нафароне ҳам ба пуштибонӣ аз мо шарҳ коштаанд. Аммо ин ҷо бояд зикр кард, ки ҳадафи хабаргузории мо танҳо пешниҳоди хабар аст ва ҳеч мавқееро пуштибонӣ намекунем. Агар аз ин шарҳ бигзарем, бо комментҳои зиёди мунаққидону тарафдорони клип рӯбарӯ мешавем.

“А” менависад, ки “AЛЛОҲ безор аст аз чунин мусалмонӣ”. Аввалин вокуниши манфӣ дар нисбати ин клипро ҷонибдорони он зуд бо як коммент мусовӣ кардаанд. “Сомон” дар шарҳи худ гуфта: “Ееее Мулоҳо ай паи кори хутон шен кортон чияй? Мон касе да чӣ хеле мефора пуша. Ба шумо боша ами духтарора ҳамаша мекушен меген духтар дар ҷомеаи мо даркор нест”.

“Руслан” мегӯяд: “Озодагон” шумо бо ин мақолаҳоятон якхел "муллоҳо"-и чашмгуруснаи тангфикро аз хоб мехезонед-да”. “А Шабнам басай охи. Бо сар каден”,-навиштааст “Иброҳим”, аммо нагуфта ки чиро дар назар дорад ва ба чӣ ишора мекунад. Корбари дигар ба ин аст, ки “чун ҷои ин ду нафарро дар саҳнаҳои "ҳукуматӣ" танг карданд, бо ин роҳ мехоҳанд гӯянд, ки "Агар маҳдуд ҳам кунед, ҳаводоронамонро аз даст намедиҳем".

“Салим” бошад, ба Фарзона аз “тоату ибодатҳояш” ёдрас кардааст: “Он тоату ибодатҳои дар маҳбас мекардӣ чӣ шуд? Бо Холиқи якто ваъдаҳоят баъди озод шудан ҳамин буд?” Аммо “Алӣ” ба қазияи пурсарусадои соҳибкори маъруф Зайд Саидов ишора кардааст: “Хайрат ин килип аз тарафи Зайд Саидов ба навор набаромадааст агане кормандони Агентии коррупсия боз як делаи нав мекушодан барои вайрон кардани тартиботи миллӣ ё сунатии миллати тоҷик гуфта. Худованд раҳмта хурдай Акаи Зайд”.

“Зафар” бошад, гуфта, ки “ба ҳамааш демократия гунаҳкор”. “Суруш” аз тарафдорони Шабнаму Фарзона ба назар мерасад: “Охир шумоён, ки худ даъвои демократия доред, монед онҳо ҳам озодона фаъолият намоянд. Як кас мегӯяд, ки шумо чӣ кор мекунед? Мо ки ҳоло дар кишвари исломӣ нестем-ку? Дигар ин ки онҳо биҳишт мераванд ё дузах ин кори шумо не. Ин кори Худо. Мисссияи Худоро шумо иҷро накунед. Ба ҷои эрод гирифтан рафта китоб хонед!!!”

“Фирӯз” навишта: “Инҳо боз пеши Ҳоҷӣ Мирзо мераванду дуъо металабанд”.

“Модари тоҷик”: “Ба Шабнаму Фарзона!!! Ба хонандагони ин расона! Рости гап дилам сахт андуҳгин шуд аз хабари клипи нави ин ду санъаткори тоҷик, наход Фарзона ва Шабнам шарм надошта баъди ду моҳ аз даргузаштани падарашон сурудхонӣ ва рақсиданро сар карданд. Куҷост он меҳри фарзандӣ? Ақлу фаросат, нангу номус,муҳаббат ба падару модар, қадрдонӣ нисбаташон... Эй кошки Худованд агар фарзанд атоят намояд танҳо банангу номусдоштаашро... бехтар мебуд агар чунинҳоро насиб нагардонад. Фарзона! Кори нағз накардӣ наход дилат ба падари ғурамаргат насухт ва кайфу сафои ҷавонии худро аз пос доштани хотири падар боло донистӣ... Санъат ин фарҳанг аст, аммо агар дарки он кардан хоҳӣ ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, шарму ҳаё дохили онанд ва агар дар ҳақиқат ҳамаи ин шумурдаҳоро санъаткор фаҳмад дар ҳақиқат ҳам санъаткори асил аст...”
“Ростгӯ”: “Аслан ҳамин ду хоҳар хуб медонанд, ки ҳунаре чуз нимурён баромад кардан дигар коре наметавонан ва бо ин роҳ диққати мардуми ба худашон монандро ҷалб мекунанд на овоз доранду на дигараш бо краскаи бисёр рӯи саҳна мебароянд ман бисёр мехостам ки инҳо рафта дар назди Манижа як даҳ сол шогирд мешуданд, аққалан тарзи дуруст хонданро ёд мегирифтанд. Ҳамаи сурудҳои ҳофизони номиро расво кардиян вақте суруди инҳоро мешунавам дилхарош ва бисёр нороҳат мешавам”.

“Сафӣ” танҳо ба гуфтани “шармовар аст” иктифо кардааст.

“Ҳитлер”: “Шабнаму Фарзонаро, ки Худо ҳидоят накунад, касе коре карда наметавонад. Наход ҳамон ҳодисаи бо Фарзона рухдода (аз панҷара мекард нигоҳ, бо ду то чашмони сиёҳ) барояш дарси ибрат нашуда бошад?” Баҳсҳо ҳамоно идома дорад. Муҳаррирон мисли ҳамешагӣ шарҳҳои олудаи таҳқиру тавҳинро иҷозаи нашр намедиҳанд. Зимнан, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки агар мехоҳед шарҳе бинависед, пас, марзи одобу ахлоқро убур накунед.

PS: Имлои комментнависон бе тағйир гузошта шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
1
Сорбон

Ту аз афташ бебало нести.

ффф
Шабнам зурида дидаги кайф мекна.

Таъсири Чакиши Саг ба харакати шутурони корвон баробар ба СИФР яъне 0 аст! Зинда бошед дар зери Арча

Мусолини
Аз пайдоиши Одам то Хотам ва аз Хотам то индам ин тоифа хечвалт сохиби обру набуд ба ин тоифа агар яке каф занад пас хазорон лаънат мехонанд

Фирдавс
авалан салом ба кулли кормандони озодагон рости бади ин хама афкори баъзе шахсонро хондан хостам фикри худро низ баён кунам пештар бояд бигуямки хеч гарази шахси ва кинае ба ин оила надорам амо бояд бигуям ки чунин ахлок барои модар ва духтари точик зебанда нест ва он касонеки тарафдори чунин амалан аз фарханг ва дини худ огохи надоранд бояд кабул кунанд ман на мулоям ва на аз суханони ягон мулло фикри баён мекунам факат хамчун шахрванди точикистон ва марди точик аз чунин духтари точик доштанамон шармам меояд хуб бигузорем Исломро як тараф чун баъзехо бо шунидани калимаи Ислом дар хол хулоса мебароранд ки ягон муло аст ё аъзои ягон хизб суол ин чост ки магар либоси милли точики хамин аст ё оё занони орёи нажод чунин фарханг доштанд албата чавобашхам маълум аст ин санат нест ун нафаронеки инро санъат мегуянд санъатро аслан намедонанд ки чист дигар ин ки ин ду нафар ба чуз коста кардани ахлоки чавон духтарон ва чавон писарон фоидае ба чомеа намеоранд ба чуз зарар хуб агар идао доранд ки сароянд хастанд бисароян мисли модари точик то дигар миллатхо бидонандки точикхам санъаткор аст бо ин таклиди куркурона ба гарбгарои факат сари гарбихо ва бегонагонро баланд карда забонашонро дар мукобили миллати худ дароз мекунанд бояд модари эшон Сураё Косимова эътироф кунад ки аз ухдаи тарбияи духтаронаш баромада наметавонад хуб агар бигуяд ки ман дар рохи санат тарбия кардам мутаасифона дар рохи санъатхам тарбия карда наметавонад агар сурудхонии ин ду нафарро гуш андози асабхлоят хаста шуда худро норохат хис мекуни масалан як суруд мехонанд "Блитузат хуяа" охир аз хамин кадар шоири форсу точик шеъре наёфтанд барои хондан худ казоват кунед дигар ин ки ман ба баъзе аз марду зани точик хайрон мпешавам чунин суханони бе маъниро гуш медихан ва вакти худро сарфи чун кор мекунанд бояд бигуямки чаро чавони точик ихтироъ карда наметавонад магар кудрати чавони хитой ва амрикоиро надорад бале алабата дорад амо мутаасифона чавонони имруз гуё инки хамингуна кор санат аст бо чунин амал руй овардаанд ва хондану мутолиаро як су гузоштан Худо баракат дихад як сиёсат мадори точикро номашро зикр намекунам чунки бо шунидани ин ном баъзехо худро норохат хис мекунанд ва ун нафарнеки медонанд кист бозхам хуб эшон дар як суханрониаш чунин гуфта буд: " Бисёр сурудем ва раксу бози карде акнун вакти он расидаастки ба илму фарханг ва маърифат руй биёварем" албата чавони точик ба чойи инки 70-100 сомон супорида билет барои чунин консертхои бе маъни ва холи аз фарханги точки харидан китобе ё барои омузиши дарсхои забони хоричи сарф намояд бехтар аст ва маслихати бародаронаам чунин аст ки хамин гуна шахсонро худи мо тарафдори дар чунин корхояшон мекунем агар мо фитахояшонро харидори накарда тарафдори накунем онхо кори худро бо чунин бе ахлоки ва бе фарханги анчом намедиханд.

манзура
хуб мешуд ки тарзи либоспушиашон ва раксиданашон дуруст мешуд дар назди мардум ачоиб касро дар хайрат мегузоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)