Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи тағйирот ва мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур, ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад.

Кабирӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст. Ба қавли раиси ҲНИТ, Тоҷикистон танҳо дар либос ва ороиши бинову маъракаҳо ҳамчун кишвари муосир ва мудерн дида мешавад: “Вале дар воқеъ, ба як кишвари феодалӣ табдил ёфтааст.”

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “вокуниши мухолифони тоҷик ба ин мансаб таъйин шудани Рустами Эмомалӣ чист?” иброз медорад, ки инҷо дигар вокуниши мухолифин зарурат надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми худ миссияи мухолифинро дар ин бора иҷро кардааст. Раиси ҲНИТ мегӯяд, вазифаи мухолифин ошкор ва гуфтани камбуди ҳукуматҳо аст. “Дар бархе аз кишварҳо, ки ҳукумат барои пӯшонидани камбуду мушкилоти худ талош мекунад, ин кор барои мухолифин мушкил пеш меорад, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин амал вазифаи мухолифинро иҷро кард ва акнун барои мухолифон ҳатмӣ нест, камбуди ҳукуматро ҷӯянд, чун он алакай ошкор аст”,-гуфтааст ӯ.

Оқои Кабирӣ илова намудааст, омадани писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин симат аз иштибоҳ ва эҷоди як мушкил барои ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Ӯ бар ин аст, ки ба ин таъйинот аз ҷониби бисёриҳо баҳои манфӣ дода шуда, норозигӣ на танҳо миёни мухолифин, балки байни тарафдорони худи ҳукумат низ эҷод кардааст. “Ба чунин масъалаҳо, бахусус дар як кишваре, ки худро демократию дунявӣ меҳисобад, бояд хеле эҳтиёт кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин сиёсатмадори тоҷик афзудааст, ҳарчанд аз ташкилшавии ҳукумати нави Тоҷикистон ягон иллюзия надошт, вале умедвор буд, сафи аъзои ҳукумати навташкилро бештар ҷавонон ва намояндагони аҳзоби гуногун, ё ҳадди ақал муттахассисон ва технократҳои бидуни ҳизбу берун аз қабилагароӣ ташкил медиҳад. Ӯ таъкид дорад, ки дар Тоҷикистон бо ивазкунии аъзои ҳукумат, ки ин ҳам дар тими нави Раҳмон тақрибан ягон чеҳраи нав дида намешавад, ҳеч чиз тағйир нахоҳад ёфт. Чун дар ин кишвар дар ҳама соҳа президент тасмим мегираду вазирон танҳо иҷрокунанда мебошанд: “Мутаассифона, дар мо вазириро танҳо иҷрокунанда медонанд, аммо дар асл масъулияти вазирӣ танҳо бо ин хатм намешавад, балки ӯ бояд худ низ қарор қабул кунад ва барои ин амали худ ҷавобгар бошад. Вале дар Тоҷикистон танҳо президент ин ҳамаро мекунаду фақат худи ӯ ҷавобгар аст.”
Мӯҳр
ЧО хотя бы короша рупуш намекунад бачаша монд через телевизор нишон дод, ту боши пеш аз интихобот гум шуди рафти охи сиёсат кори сахл нест натони накун, Зоиров мухолифай маълумай мардак гурда дора ту боши факат гапут бади сухтанай, ман тарафдори ягон кас нестам як одами одди неки илтимос халка дуруга накун.

муаллим
мо нахзатихо аз сиесати пешгирифтаи раиси худ рози хастем.назархои иброз намудаи Устод Кабирй аз вокиияти чомеаи мо бар меояд.бо мавке гирихои худ харифони ХНИТ ро замингир карда аст.барои дарки суханони Устод бояд аз шъуури сиесй боло бархурдорбуд то ин ки ба чои хазорй фикр кардан милиорди бояд андешид .

мо нахзатихо аз сиесати пешгирифтаи раиси худ рози хастем.назархои иброз намудаи Устод Кабирй аз вокиияти чомеаи мо бар меояд.бо мавке гирихои худ харифони ХНИТ ро замингир карда аст.барои дарки суханони Устод бояд аз шъуури сиесй боло бархурдорбуд то ин ки ба чои хазорй фикр кардан милиорди бояд андешид .

абдуллох
аллох худаш бузург аст дили хамара медонад. Шумо чи дили уро дида шиштиед ми шумо хак надоред уро мутахам созед агар ягонтаи шумо мард бошед илтимос ба руйи хамон кас хамин гападро гуй шумоё худотон одами давлат хастед одам ин хел аз пушташ гап намезанад аз пушт гап задан ин хислати одами нест.

Кабири тебя некто неспрашивал...

vazirho koru nafaronro peshnihod mekunand ba prezident bad prezident imzo mekunad...yane hama kori xudashro mekunad.

админ не все коментарии принимается почему...

sadokat
ягон нишонае аз он нест ки Кабири сиесатмадор бошад
ягон баромаде намекунад, ягон акцияи сиеси намекунад
ягон амале намекунад ба зидди хукумат то ки мардум бархезад аз паси у

Яъкуб.
Як нохуни Кабирида намебуроену шаф шаф мекуне! Шумо одат карде дар тамалуку мадху сано , ки дар камтарин хакикат ларза фаро мегиратона.Хозир номзадиатро намонди гуфта танкид доре, агар, ки номзадиашро мемонд сад бор зиедтар танкид мекарде.Чунки макспди шумо шахсони саршиносро танхо сиех кадан хаст.

سلطان
Салом кабири худо умри шумора дароз кунад ба гапхои ин мардуме ки худованд чашмхояшонро ва гушхояшону ва калбхои инхоро мухр задаги ва хисийооти одамгари надоран фардо рузи кийомат чашм гуш калби инхо шохиди метан бепарво бош дар чое кй мусо боша и фиръавнам хамуча аст

умед
Ягон гапи хато нагуфтай Кабири. Дар ягрн давлат набуд дар 26 солаги рутбаи Генерали гирифтан. Дар ягон давлат нест президент худашро кахрамон кунад. Дар дунё танхо 2 кас худашро кахрамон кардаги. 1 Брежнев. 2 Э.Рахмон. Ба хар хол содикона ба халк ва пешравии давлатамон хизмат кунанд таввакалшон ба Худо.

Дилшод
Озодагон, барои чи комментхои моро чоп намекуни? Кадом шархе, ки бар зидди Кабири гуфта шудааст, чоп кардиву халос. Ягон сарпарасти нав аз мухолифони Кабири пайдо карди чи?

саша
ин хама дуругай аслан касонеки М Кабириро эрод мегиред аз сиёсат буе набурдаед Кабири дуруст посух додааст ва шуморо кинаи дохили калб гам додесай метонед табобат гиред сурогаи беморхона кунчи танхои тарси аз Худо.

Cавдогар
Хамин гапоро аробашои бозор зиёд мегуянд,аммо касе чизе намегуяд. ИН исломии "шик"гуяд фанатикои исломи офарин мегуянд.

Хонанда
Ман хамчун як шахрванди Точикистон аз режими хозира комилан рози нестам ва мукобили вазифа гирифтани бачаи президент хастам. Аммо Кабири бояд аз сиёсат даст кашад. У одами сиёсат нест, у як бизнесмени хушгапу хушчакчак аст. Бовар дорам, ки у Рустамро бинад, бо тухфа вазифагириашро табрик мекунад. У сиёсатмадор нест, уро дар садри ХНИТ бо шаст (крючок) нигох медоранд. агар аз бини боло гап занад, бизнесашро аз дасташ кашида мегиранд. Аз хамин ру у хеч гох барои нафъи миллат фикр нахохад кард.
Чаноби Кабири, илтимос, истеъфо дихеду ба бизнес машгул шавед! Чоро холи кунед, то ки ягон сиёсатмадори часур ба ХНИТ омада аз давлат хакки мардумро талаб кунад ва вазъро тагйир дихад.

Чаноби Х
Офарин Кабири!!!! Мусли Шумо ва Ойнихол се чор каси дигар пайдо шавад Иншооллох Давлати феодалии мо ба як давлати пуркудрати дуняви табдил меёбад..... Ана хамин нафарон метавонанд ба мо демократияро нишон додаистодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)