Бахшҳо

"Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист"

Зафари Суфӣ

Ростӣ намехостам чанд рӯзи дигар чизе дар бораи қазияи боздошти Абдураҳим Шукуров бинависам. Зеро як усули доимӣ барои навиштан доштам, ки эҳтимолан имрӯз барои аввалин бор ва умедворам барои охирин бор шикаста мешавад. Ман ҳеч гоҳ бар мабнои бардошт аз нигоҳи нафрат чизе нанавиштаам, ҳарчанд ҳамарӯза ва гоҳо сари ҳар қадам рухдодҳои нафрангезро шоҳид будаам, тамоми тавонамро ба кор гирифтаам, ки дар бораи он чизе нанависам ва бардоштамро дар қалбам бигӯронам. Дарк мекунам дилам як қабристони бузурге шуда ва шояд рӯзе битаркаду ману ин қабристонро бифиристад ба водии хомӯшон...

Агар милиса инест, ки тайи ин ду рӯзи ахир бо он рӯ ба рӯ шудам ва дидам, ки барои хуш омадан ба касе ва дар талоши рӯйпӯш кардани амали ғайриқонунии ҳамкораш тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро зери по мекунад, ман безорам аз ҳафт пушташ ва аз ин пас онро душмани ҷони худ медонам!

Агар милиса инест, ки худро ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳофизи назми ҷомеа мехонаду огоҳона тавтеагарона ва дар камоли ҳамоқат ҳуқуқи шаҳрвандонро зери по мекунаду ҳеч масъулияте дар баробари амали ғайриқонунияш ҳис намекунад ва дар камоли такаббур назми ҷомеаро барҳам мезанаду қудратнамоӣ мекунад, ман нафринаш мекунам! Ҳаром бод ноне барои худашу фарзандонаш аз ҳисоби буҷа, ки ҳосили пардохти андози шаҳрвандон ва аз ҷумла ману ҳамкоронам аст! Ман аз ҳамаашон безорам! Ҳоло шояд иддао бикунанд, ки байнашон хубу бад ҳаст. Набуд! Бовар кунед, бо ҳар кадомашон бархурд доштам, ҳосиле ҷуз фиреб, найранг, дурӯғгӯӣ ва бадӣ надошт. Оне, ки ширинзабонӣ мекард, дар камоли номардӣ фиреб медод! Тасаввури мани сода дар бораи милиса, ки бояд афроди ростгӯ, ахлоқмадор, ҷавонмард ва қонунгарову ҳомии ҳуқуқ мебошад, саробе беш набудааст.

Ман солҳо пеш ба низоми додгоҳӣ боварамро аз даст дода будам. Аз он вақте ки як қозии порахӯр ва қаллоб дар додгоҳи олии кишвар се нашрияи мустақилу вакили мудофеъро барои нашри изҳорот ба додгоҳ кашонду як солу ним саргардон кард, ман безори низоми додгоҳӣ шудам. Ҳарчанд пас аз гузашти соле чанд ин қозиро ба ҷурми қаллобӣ дар ҳамон парванда, ки мо перомунаш навишта будем, гунаҳкор донисту барои ҳашт соли зиндон маҳкум кард, безории ман аз низоми додгоҳӣ бештар шуду камтар не! Дирӯз ҳам кирдори қозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар баррасии ғайриқонунии парвандаи ҳамкорам Абдураҳим боз як бори дигар безориям аз низоми додгоҳиро бештар кард.

Ба назар мерасад дигар дар ин ниҳодҳо меъёр қонун, ахлоқ, номус, шараф, мардӣ ва аз ин қабил арзишҳои инсонӣ нест. Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, фиреб, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист ва муҳим ҳисобот додану пеши роҳбарият ҷойгоҳи худро ҳифз кардан аст. Инҳо ба ҳадде оҷиз, нотавон ва беғайрат, ки сахт бовар доранд, агар аз ин мавқеи доштаашон барканор шаванд аз гуруснагӣ мемиранд. Инҳо ризқро аз Худо неву аз бандаи Худо мехоҳанд. Чун худашон гирифтори ҳама навъ таҳқир будаву ҳастанд, мехоҳанд дигаронро низ монанди худашон бибинанд. Яъне, ҳама гирифтори маризии худкамбинӣ ҳастанду бо зери по кардани ҳуқуқи дигарон, нодида гирифтани арзишҳову қонун мехоҳанд ин худкамбиниро ҷуброн кунанд. Ман аз ҳамаатон нафрат дорам! Ман безори ҳамаатон!

Дар қазияи Абдураҳим ҳеч пирӯзие дар миён нест! Дарвоқеъ, агар пирӯзие ҳаст, он пирӯзии беадолатӣ бар адолат аст. Мо дар камоли мазлумият дар баробари поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳирфаии як ҳамкорамон қарор гирифтем.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо зери по кардани тамоми меъёри қонунҳои кишвар наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум ба ҳафт рӯз боздошти маъмурӣ кард. Пас аз ҳамраъйии ҷомеаи рӯзноманигории кишвар ва роҳбарони расонаҳои хабарӣ буд, ки мақомоти ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таку дав уфтоданду бо сад роҳ Абдураҳимро розӣ кардаанд, ки ба додгоҳи шаҳри Душанбе ариза бинависад. Ин ҷо аз ҳамаи рӯзноманигорон ва азизоне, ки моро дар ин қазия пуштибонӣ карданд, сипосгузорем. Шумо воқеан нишон додед, ки дар баробари беадолатӣ хомуш нахоҳед буд!

Аммо корзор барои барқарории адолат ҳамчунон идома хоҳад дошт ва мо ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестем худро мадюни илтифоти ин ё он мансабдоре бидонем. Мо хостори пирӯзии қонун будему ҳастем ва то охир чунин хоҳем буд ва барояш талош хоҳем кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Said,
Said,
Чаро аз худ касеро метарошед, ки гуё надонад холи хозири милисаю милисахона чист?... Аз афташ ба чанголи милиса холо наафтодаед. Ба калби руси недаром дар урфият мегуянд "худо накуна, ки ба дасти милисаву балнисаш буафти.." Як бор худ ба милисахона ташриф кардаед ё не?... Биёед ман киссаи шахсии худро ба Шумо накл менамоям, ки он аз гуфтаи ч. Суфї оиди амал/рафтори аксари милисахо кам тафовут дорад. Ва ба ин монанд киссахо бисёранд. Ба мо бовар накунед, мард шавед як бор ба хамон милисахонаи номбурдашуда раведу гуш андозед ба мардуми корафтода! Лекин ба ман менамояд Шумо шахси бино хастед, акси холро нагзакак медонед вале аз худ нобиноро метарошед - ба чашм айнаки сиёх кашида ба даст асо гирифтаниед. Вале намефахмам ин хама пуштибонихоро ба кадом максад мекунед? Оё шумо худ милисаед ё ин як шакли изхори лагандбардори аст? Ман ба иззати нафси шахсоне ки касбан милиса хастанд/буданд ва худро боинсофу адолатпарвар мешиносанд ва дар амал чунинанд расидани нестам. Лекин бубинед, мо ба чи хол расидаем. Шахс агар бо милиса вохурад бештар тарсу вохимааш зер мекунад бачои он, ки дар калбаш дилпури ва амниятро хис намояд. Чунон, ки дар солхои шурави буд. Номи милиса холо "наритсательный", чи хел гуем ба точики… "масхараовар" шудааст. Милисаи хозираи "среднестатистический" дар шахр, ин як шахсест, ки «недавно» аз рустохо ба шахр омадааст, аз фанну касби худ хело кам омухтааст (агар умуман аз мактаби милиса гузашта бошад). Худаш коидаву конуне, ки аз шахрвандон риояи онро талаб менамоянд кисман ва ё ба пурраги намедонад. То хатто тартиби муоширати касбиро намедонад ва наметавонанд бе дагали, бе лахча ва бе тарс додан бо шахрванд гап занад. Ва як чизи дигар, агар ба чашмони ана хамин «среднестатистический нигаред» хатман дар он лахчаи сузони харисиро мебинед. Боз хатман ба гўшат инро мерезанд: "... хай ягон чиз (пул) буте, чавобут метум...". Бозориву точир гуё ба инхо комилан карздор бошанд. Борхо дидаам/шунидаам аз точиру дехкони гизофуруш: ... ба чурми ягон гунох борашонро "асир" гирифта тороч мекунанд. Сохиби молро тарс дода моту хайрон чавоб медиханд... Аз сари ман хам гузашта буд ин хол. Инчо саволи дар бахсхо изхоршударо ман хам такрор менамоям: ба ман, ба шумо, ба чомеъа чунин хифзгарони тартибу низом чи лозиманд? Чи кори зарур ро анчом медиханд барои мардуми катори? Ба инхо барои кадом хизмат маош медиханд ва нигох медоранд? Сару садохои азобу шиканчадихии шахрвандон, ва хатто куштор аз дасти баъзе кормандони милиса то ба сатхи умурхои хифзи хукуки башари байналмилли расидаанд, вале шумо чаноби Said хамоно чашмро кур мегиреду гушро кар?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)