Бахшҳо

Исмонов ва Ғаффоров дар бораи ҳукми зиндони Зайд Саидов

Раҳбарони ҳизби демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон дар робита ба 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав изҳори назар карданд.


Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ:

“Ман як чиз мегӯям. Албатта, ин бояд ба иззати нафси рӯзноманигорон ва тарафдорони Зайд Саидов нарасад. Аз ин қазия чунон ҳангома ва силсилае сохтанд, ки шояд дар аввал ҳукумат ба ҳамин Зайд Саидов 5 сол ҳукм бароварданӣ буд. Аммо баъд аз ин ҳама сарусадо 26 сол гирифт. Баъзан, онҳое, ки худро муҳофиз ва тарафдорони Зайд Саидов мегиранд, аз дасташон чизе намеояд, то охир ҳифз карда наметавонанд. Аз тарафи дигар он муҳофизонаш дониши хуби ҳуқуқӣ ҳам надоштанд. Компромисро дар миён ёфтан лозим буд. Аммо аз дасти инҳо чизе наомад. Корро тарзе карданд, ки агар ҳукумат 10-15 сол ҳукм бароварданӣ буд, дар натиҷа он 26 сол шуд. Чунки атрофи ин қазия як фоҷиа сохтанд. Ба ин ончунон обуранг дода барои ҳукумат як мушкили ҷиддӣ “тарошиданд”, шояд дар он сатҳ чунон набуд. Кӣ метавонад бигӯяд, ки Зайд Саидов ҳеч гуноҳе накардааст ва фарзанди беҳтарини Тоҷикистон аст? Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин шахс аз рӯи Қуръону Конситутсия амал ва зиндагӣ мекард? Инро касе гуфта наметавонад, агар гӯяд ҳам, дурӯғ мегӯяд. Дуруст аст, ки Зайд Саидов як тоҷири муваффақ буд. Атрофи ин қазия гапҳо зиёд. Ҳоло дигар бояд муфассалтар баромад кунанд. Азбаски моҳҳои охир аз ин қазия зиёд гуфтанд, пас, ҳоло ба мардум расонанд, ки он чӣ буд: Ҳақиқат ё қасдгирӣ? Вой, бар ҳоли онҳое, ки корашон ба чунин вакилони дифои “чалласавод” мерасад. Коре аз дасти ин вакилон наомад.”

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалист:

“Ман ин ҷо додрас ва ё додгоҳу додситон нестам, ки бигӯям чӣ камбудӣ ва ё норасоие инҷо ҳаст. Ман наметавонам қазияро пурра мавриди баррасӣ қарор диҳам. Ҳадди ақалл барои он ки тамоми далели парвандаро надидаам. Дуруст аст, ки Зайд Саидов барои рушди Тоҷикистон ҳамчун як соҳибкор мавқеи муаяйн дошт. Он чизе, ки ман медонам, навиштаи рӯзномаву маҷаллаҳост. Агар додгоҳ дар нисбат ба Зайд Саидов ҳукми ғайриқуонунӣ баровард, пас, вакилон бояд аз болои он ба мақомҳои болоӣ шикоят бубаранд. Дуруст ё нодуруст буданро ман на ҳамчун раҳбари сиёсӣ ва на ҳамчун шаҳрванд наметавонам қазоват кунам. Агар тамоми он айбномаҳое, ки дар баробари Зайд Саидов эълон карданд, дуруст бошад, пас, ман аз ҳукми баровардаи Додгоҳи олӣ дастгирӣ мекунам. Агар он туҳмат дар ҳаққи Зайд Саидов бошад, ман ҳеч гоҳ чунин ҳалномаи додгоҳиро тарафдорӣ нахоҳам кард.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Доно
Дастоварди демократхо дар натичаи кашмокашихояшон хамин Исмонов бошад, пас ХДТ дигар хизб нест. Наход шумо раиси дигареро наёфтед, ки хамин аз сиёсат бехабару бемасъулро раис интихоб кардед, кани ХДТ собика, кани муборизхои он, чаро ХДТ-ро беобру кардед, дигар шармандаги аз ин зиёд намешавад.

Бовар
Бисёрихо аз он хафа шудаанд, ки чаро аз Исмонову Гаффоров Озодагон назар мепурсад? Вале ба назари ман нашрия кори хуб кард, ки онхо бо чавобхои бесаводона ва пучу бемагзи худ боз як бори дигар мо чи гуна сиёсатмадорхо ва чи гуна хукумат доштанамонро нишон доданд. Зеро мо чи гуна хизбхо дошта бошем, монанди он хукумат дорем, ё баръакс...Хукумати сусту заиф ва бесалохият оппозитсияи зур ва хизбхои зурро намехохад... Исмонов, ту хакикатан арзандаи рохбари хизби демокат дар Точикистони имруза хасти ва модари точик дар хазор сол хам ту барин демократро ба дунё намеорад, албатта, мувофик ба шароити демократияи Точикистони имруза , ки он демократияро интихобот ва туву дигар шариконат-- рохбарони хизбхои дигар дар он маърака нишон додед... Факат аз он хайфам меояд, ки туву дигар хизбхои кисаги бо хидмати хирсонаатон на танхо ба пешравии чомиа сахм намегузоред, балки яке аз сабабхои пасмонии он хам хастед. Шумо хизбхои кисагии ба ном демократ ва сотсиалисту аграри... на танхо моро аз худ дур карда, ба дод овардаед, балки бо ин корхои номардумиатон Шумо рухи бузургонамон Тохири Абдучаббор, Аслиддини Сохибназар, Чумъабой Ниёзов, Отахон Латифи ва дигаронро хам озурда месозед.

Озодагон, чаро посуххои моро хам чоп намеккунед? Маъракаи анти-Исмоновро сар кардед? Шумо дар хакикат сайти Озодагон хастед, ё сайти Провокаторхо?
Ба посух навиштагон: Мо аз Исмонов оиди ин посуххо пурсидем, у гуфт :Ман ягон бор аз Зайд Саид ягон сомон нагирифтаам, дар кабулгохаш хам нанишастаам, баръакс , вакте ки Зайд Саид аз Маскав пеш аз вазир шудан омада буд, мо хамкурсхояш ба у ёрии зиёд дода будем, аз чумла оиди баргардонидани амволаш аз силохбадастон, ягон бор аз З.Саид карз хам напурсидаем, дар ягон маъракааш хам набудам. Агар Зайд Саид гунох дорад ё не суд муъаян мекунад.
Аз ин гуфтахои Исмонов бармеояд, ки чанобон, посухнавиштагон аз Зайд Саид малоика натарошед, маълум аст, ки хама посухро 2 нафар навиштааст ва сайт хамдасти кардааст. Озодагон агар инро чоп накуни, вой бар холи шумо барин озодфикрхои фурухта шуда !!

мне смешно до боли.

Далер
Гаффоров чавоби хакикии политик! Исмонов, Ин чи маъни дорад 5 сол додани буданд, 26 сол доданд. Ин бозори Саховат бошад, ки аз руи табат ба мардум соли махкумият дихи. Охир хаст конун, хаст далел. Лекин нест одаме, ки аз руи конун карор бароранд.
Ин, Исмоновро чи хел калони хизб интихоб карданд, ман хайрон. Майдаш ин агар ягон радикал е ки узви хизби хоким мебуд майлаш. Вале ин нафар ба номаш калони ДЕМОКРАТХО! Хохиши ман аз демократхо ин аст, ки аз хизб баромада ба хизби сотсиалист бипайванданд.

Хайр ин ду нафар маълум. Гапи худро гуфтанд, хох дуруст бошад хох не. Лекин ман аз он хайронам, ки ин хахизбонашон чаро дар имони инхоянд. Наход нафари боаклу матинирода ва бофаросате дар байнашон набошад, ки инхоро рохбар номидаанд. Баъди чунин суханпардозихои инхо ба хулоса омадам, ки чунин хизбхо умуман вучуд надоранд

777
Худо мардуми точикро ба панохаш нигох доштааст... Хайрият Исмонов президент интихоб нашудаст... Ана фикронию мавкеъ.... Боз мо точикон худро Рудакию Руми дорем гуён тарифу тавсия мекунем.. Агар Раиси хизб хамин хел бошад.вой ба холи аъзохои он... Акнун фахмидам барои чи дар Чумхурии мо калимаи демократ хамаънои хакорати кабех шудааст....

Кодир: ба Рачаб
Чаро шумо ба Исмонов нагуфти, ки наход то андозае савод надори, ки хукмро суд мебарорад, на хукумат. Саводи хукукиро, ки надори, он гох барои чи вакилонро бесавод гуфтаи? Он гох ки бесавод аст?

khoja nasreddin
betamizihoi odam dar sukhan paido shavad))))dar haqqi usmanov)))

и мардака бинее мегад хайохуй бисёр шуд махкумаш каданд ба 26 сол ба гуфти и хап мешиштен суду прокурорхо хакша мегирифтан мемонданша, ирааа бинен и бори дигар тасдик мена ки о хама чи фурушист дар ин точикистони мо...э вой бар холи демократияи мо....хай кисаги да. кисаги

man shahrvandi Tojikiston shuda yagon bor dar borai in kas nashunidaam, ruze didam ki pesh az intixobot bud, aslash kase izhori nazar kunad ki kamtar insoni ba hama malum boshad. mui sari Ismonov az ta'siri oftob kamtar rextagi. az donishmandi ne. vakte ast ki in kas rafta istirohat kunand. Gaphoi bemantiq, xom, bema'ni, be asos. in xelba daf'ai digar nomzadii in kas dakor nest. hayfi quttihoi intixobot hayfi bilet ast. isrof harom.lol ba har nav chand foiz girift imsol, bo bovarii tom guftan mumkin ki in daf'a intixobot natijai inkas minusi .... meshavad. (natija sohibi rekordi jahoni meshad)а,

Biyoed bazmi Xanda nisbati dui inho ogoz kunem! ISMOnOV prezidentzeb nest!

гуё худашон бо савод бошанд мехоханд мардумро фиреб диханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)