Бахшҳо

Маҳмадов дар бораи ... бозгардондани Самарқанду Бухоро

Масъалаи бозгардондани Самарқанду Бухоро, аз шаҳрҳои қадимии тоҷикон, ки ҳоло дар қаламрав ё ҳудуди Узбакистон воқеъ аст, дар мизи гирде дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Абдураҳмон Маҳмадов, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент, ки рӯзи 10 январ дар мавзӯи “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” суҳбат мекард, ба ин мавзӯъ дахл намуд.

Оқои Маҳмадов гуфтааст, “дар оғози садаи 20 бо аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва қатлу бадарғаи афроди донишманд ва соҳиби хатту саводи миллати тоҷик руҳияи мо воқеан шикаста шуд. Аммо имрӯз агар мо бигӯем, ки рӯҳи мо шикастааст ва то Самарқанду Бухороро ба мо надиҳанд рӯҳияи худро барқарор сохта наметавонем, ин хато аст. Руҳияи мо аз нав бояд эҳё шавад, мардумро аз нав тарбия кунем.

Ин корманди Дастгоҳи иҷроияи президент афзудааст, “ин нукта собит аст, ки баъд аз сари мо фарзандонамон низ ормони Самарқанду Бухороро дар дил хоҳанд дошт. Вале руҳия ва ғурури миллиро аз сари нав тарбият кард ва ҷасоратро ба мардум баргардонд. Зеро миллати тарсу ба ҳеч коре муваффақ намегардад.” Ба таъкиди профессор Абдураҳмон Маҳмадов, “шикастани рӯҳияи як миллат саҳл, вале барқарор кардани он мушкил аст.” Вай дар идомаи сӯҳбат гуфта, ки насли Шӯравӣ то ҳол арзишҳои он давронро муқаддас меҳисобад, то ҷое ки ватандорӣ ва ифтихори миллиро аз он зовия мебинанд. “Аммо дар бештар аз 20 соли истиқлолият, арзишҳои муқаддастаре падид омадаанд, ки бояд инҳоро қадр кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Силсилаи мизҳои мудаввар таҳти унвони “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” дар як моҳ як бор баргузор мешавад. Дар ин мизои мудаввар масъулон, доишмандон ва донишҷӯён иштирок ва бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд.

Мӯҳр
Абдуазизов Рахмачон
Баргордонии Самарканду-Бухоро ба Точикистон ин сарчамшавии миллати Точикон аст. Ахсан ба он шахсе ки ин фикро баен кард.

аввал зисту зиндагии мардуми точикистонро бехтар кунед аккал бо барк таъмин кунед баъд проблемхои мухочиронро хал намоед . ба самарканду бухоро чи кор доред зисту зиндагонии онхо аз мо бехтар аст. мабодо ин гуфтахои махмадовро бухориву самарканди нахонад, ки боз ба мо дандон тез накунанд барои он ки ин сарзамини онхо мебошад на ин ки аз тты.

сафар
бародароне, ки посух менависанд. аввалан бояд одоб ва маданияти истифодабарии интернетро хуб аз худ кунанд. баъдан ба нуктахо ва гуфтахои олимон ва донишмандон гуш диханд. он чизеро, ки намедонанд ва намефахманд ба он посухи ба кавле "ХАВОИ" НАНАВИСАНД. Махмадов, яке аз олимони шинохтаи точик аст. ва мардум бояд дарк намояд, ки ин суханон аз забони ин шахс садо дода истодааст. ва мо бояд ба ин диккат ва эътибор дихем. Он масъалахое, ки дар боло овардаед- мухочират, нарасидани барк ва дигару дигар ин мушкилии танхо як чумхурии мо нест ин проблемаи глобали - чахони аст. барои хамин хамватанони азиз бо диккат бошед. аз он, ки якдигарро паст мезанем бояд дастгири якдигар бошем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)