Бахшҳо
02 мар 2013 16:55Рӯ ба рӯ

Посухҳои Акбари Турсонро интизор бошед!

Посухи Акбари Турсон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, ба суолҳои хонандагони торнамои “Озодагон” базудӣ дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

Ҷаноби Турсон баҳори соли 2011 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом, 15 сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиста, ба таҳқиқ ва инчунин тадриси донишҷӯён машғул буд.

Ахиран номи ӯ дар робита ба баҳси имлои нави забони тоҷикӣ вирди забонҳо шуд. Баъзе расонаҳо аз қавли Акбари Турсон имлои нави забони тоҷикиро ноқис номиданд, дар ҳоле ки худи ӯ баъдан ин ҳама навиштаҳоро бепоя хонд.

Акбари Турсони 74-сола аз донишмандони шинохтаи тоҷик аст, ки дар замони ҷанги дохили Тоҷикистон кишварро тарк карда, баъдан бо даъвати раисиҷумҳур ба кишвар бозгашт. Ҳоло ӯ омодааст, ба ҳама саволи Шумо, хонандагони азиз, посух бигӯяд.
Мӯҳр
Ҷаноби оқои Акбари Турсон.
Дар як навори интернетӣ дар кадом як ҷангали ИМА Шумо атрофи як иттиҳодияи ақлию зеҳнии сегонаи мардуми тоҷику афғону форс фикрҳои ҷолиб гуфта будед. Оё ҳоло ҳам сари ҳамон ақидаи худ ҳастед? Зимнан, барои бозгашт ба хатти форсӣ ва таъсири ин дабира барои рушди илм ва сатҳи забондониву василаи андешапарварии халқи тоҷик чи заруратеро қоилед?

Салом бар Шумо мухтарам А.Турсунов. Мехостам оиди хамкорихои дохиливу хоричии Институт иттилоъ пайдо бикунам. Ман феълан донишчуи соли охирам хастам ва минбаъд барои тахкики худро дар риштаи фалосифа анчом додан аз сохибназарон машваратро нигаронам. Назари Шумо....

Салом устод! Ба хамагон маълум аст, ки забони суруду мусики, кино ва дигар ВАО ба талабот чавобгу нест. Масалан хамин репхонии "сарояндахоро" бинед, кинои "Синон"-ро тамошо кунед, бовар мекунед, ки ин забон соибашро гум кардааст.Саволи ман хамин аст, ки барои аз байн бурдани ин бефарханги кореро дар оянда анчом додани хастед?

Салом устод.
Бовари дорам таҷрибаи илмии хеле калон доред ва бисёр ҷойҳоро дида, оид ба олимон ва рушди илм дар дигар кишварҳо маълумоти зиёд доред.
Ман бошам як корманди техникии Ташкилоти Ҷамъиятӣ мебошам ва тез тез бо ҷавононоид ба техника ва технологияҳои нав сӯҳбатҳо мегузаронам, аз он ҷумла оид ба маънии ин ё он калимаи техникӣ ва дурустии тарҷимаи он.
Модоме Шумо роҳбари Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон бошед чи хуб мешуд агар дар он (Пажӯҳишгоҳ) чор гурӯҳ таъсис дода мешуд; гурӯҳи фанҳои гумантирарӣ, гурӯҳи фанҳои риёзӣ, гурӯҳи фанҳои техника ва технологӣ, гурӯҳи фанҳои тиббӣ. Дар ҳар як ин гурӯҳҳо 2 мутахассиси соҳавӣ ва 2 мутахассиси забоншинос ҷамъ омада яктои фарҳанги забони англиси, русӣ ва тоҷикиро созанд, ҳамагӣ чорто. Ин фарҳангҳо аз нуқтаи назари илм ва тадқиқотҳо бояд сохта шаванд, на аз нуқтаи назари бобои Шариф, ки аз қишлоқ омада фикри худро баён кунаду мо аз ҳурмати риши сафедаш инро қабул кунем.
Фикр мекунам ин фарҳангҳо ҳамаи баҳсою нофаҳмоиҳои байни минтақавиро аз байн мебарад.
Барои иҷрои ин кор албатта дастгирӣ ва маблағ лозим аст ва чун Президенти кишвар дар баромадҳои худ посух менамояд ин иқдом дастгирӣ мешавад ва маблағ ҳам пайдо мешавад.
Аз тарафи худ гуфтани ҳастам, ки дар ин иқдом метавонам саҳми хурди худро гузорам.

Донишчу
Дуруд Устод гироми! Оё идеология миллии мо чугуна ва бо кадом рох амали мегардад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)