Бахшҳо
28 май 2013 17:19Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

САВОЛИ ШУМО БА САОДАТ АМИРШОЕВА

Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешниҳоди манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, омодааст, ба саволҳои хонандагони “Озодагон” посух гӯяд.

Пешниҳоди Амиршоева дар бораи манъи издивоҷҳои хешутаборӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон садо дода, мавриди истиқболи аксари депутатҳо қарор гирифт. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфта буд, “ин масъала бояд 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт.”

Зеро ба бовари ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд. “Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст”,-таъкид дошта буд Саодат Амиршоева.

Ҳоло ин вакили Маҷлиси Намояндагон омодааст, дар робита ба ин масъала ва кораш дар парлумон ба саволҳои хонандагон посух бигӯяд. Вале бояд гуфт, саволҳо ва пешниҳодҳое нашр ва ба он посух гуфта мешаванд, ки таҳқири якдигар набошад.

Саодат Амиршоева соли 1953 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Узви фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ва узви Кумитаи ин маҷлис оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният аст.

Дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 ва медали ҷашнии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Мӯҳр
Savol
Agar nafare xeshi nazdikashro dust doshtu pinhoni oila barpo kard . Yo dar rasiya oilador shud badan ba tj omad shumo chikor mekuned? Onhoro az hamdigar bo taloq judo mekuned? Magar shumorai taloq bozham afzoish nameyobad? Yo onhoro jarimai kalon mekuned ki be hamin ham mardum qashshoqand? Rohi porasitoniro ba hamagon boz mekunam gued muhtarama. ? Fikr namekuned ki in qonun hejgoh amali nameshavad?

Дуруд бар Шумо, апаи Саодат! Хеле хушнудам, ки чунин конун дар бораи манъи издивоҷҳои хешутабориро пешниход намудед. Паёмбари акрам (с.а.в.) мефармоянд, ки: "Бо бегона издивоч намоед, то ки бегона ба Шумо хеш шавад. Бо хешованд издивоч накунед, то ки хеш ба Шумо бегона шавад". Яъне аксари волидон бо максади канда нашудани хешутабори, фарзандонашонро бо хешутабор ба издивоч медиханд, ки ин сурати аксро мегирад.

Muhtaram Amirshoeva, tayi chand soli akhir az shahrvandoni China kudak tavallud kardani zanoni tojik bisyor shudaast. Charo az in parvoe nadored, oyo in ba genofondi milli taasiri musbat dorad?

Карим
Боз сафи порахурону ришвагиронро зиед мекунед хонуми мухтарам,бе инхам як кадам бе пора монда намешавад.

Шумо кафолат дода метавонед ки баъд аз манъи никохи хешутабори дар кишвари ягон Тифли маъюб таваллуд намешавад?

Эзоҳ илова кунед
Маълумот
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)