Бахшҳо

Видео аз бойгонӣ: Мулло Абдураҳим зидди Мулло Абдураҳим?

Навори видеоие тавассути як хонандаи торнамои “Озодагон” дастраси мо шуд, ки дар он суханронии Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) дар бораи дини Ислом ва пайванди он бо сиёсат сабт ёфтааст. Ин суханронӣ моҳи январи соли 1992, ҳанӯз 21 соли қабл, наворбардорӣ ва дар яке аз бойгониҳо нигоҳдорӣ мешудааст.

Ин видео дар ҳоле дастраси мо гардид, ки тайи як моҳи охир номи Мавлавӣ Абдураҳим дубора рӯи забонҳо омадааст. Вай рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон иштирок ва тақрибан ним соат суханронӣ кард. Оқои Абдураҳим, ки дар рӯбарӯи президент ҳарф мезад, аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.

Аз ин пештар ҳам, Мавлавӣ Абдураҳим дар чандин маҳфиле, ки бо ҳузури намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд, иштирок карда, дар бораи ҳизб дар Ислом ва пайванди он бо сиёсат суҳбат кардааст.

Аммо дар наворе, ки ҳамакнун дастраси мо шуду мо ҳам дар ихтиёри Шумо мегузорем, дида мешавад, Мавлавӣ Абдураҳим чигуна дар бораи алоқамандии Ислом бо сиёсат ва махсусан фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ суҳбат мекунад. Вай аз ҷумла дар суханронии худ мегӯяд, “ҳамаи мусулмонон, ҳамаи масҷидҳо, хусусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ман огоҳ ва водор мекунам, ки агар ягон инсоне гӯяд, ки Ислом ба сиёсат чӣ кор дорад? Худованд оятеро барои дар сиёсат дахолат кардан ва як гуруҳ бояд ба сиёсату фалсафаву руҳияти инсониятро ба корҳои дунёӣ вобаста гардонидан ва мардумро аҳамият додан, барои зинда гардонидани миллат ва талаби ҳаққу ҳуқуқи худ, ҳам оят омадааст ва ҳам ҳадис. Ин оят кадом аст? Худован дар Қуръон мефармояд (Астаизубиллоҳ) ”Валтакун минкум умматун ядъуна ила ал-хайри ва яъмуруна бил маъруфи ва янҳавна ъанил мункарӣ” (Оли Умрон. Оят - 104). Бояд дар мобайни шумо эй миллат як гуруҳе махсусе бошанд, ки мардумро аз нуқтаи назари сиёсӣ огоҳ кунад ва шумо аз майдони сиёсат берун бароварда дар як майдони беруҳу беҳуқуқ набошед. Як гуруҳ бояд мардумро ба сиёсат даъват кунад.”

Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкадаи исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.


Мӯҳр
Тарчумаи ин ояти 104 сураи Оли Имрон: "Ва бояд аз шумо гурухе бошанд, ки ба суи некукори бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурухи растагоронанд. (Яъне: вочиб би-л-кифоя аст, ки чамъе ба амр ба маъруф ва нахй аз мункар кием намоянд).

musamon
эй мардум шайтонро дар сурати инсон дидан хохед мархамат
шумо худ казоват намоед ин мард девона аст ё рондашуда аз даргохи Худо
бубинед чикадар одамон аз дасти вай кушта шуданд ва бо фатвои вай кушта шаданд аммммо имруз шарм накрда чи мегуя

Бузургон фармудаанд, ки "Инкилоби будан мухимм нест, балки инкилоби мондан мухимм аст"
Аммо, болотар аз харфеву каломе каломи Рабул оламин аст, ки фармуда аст:
Их,динас-сиротал мустаким. Сиротал-лазина анъамта алайхим.
Пайваста ва мудом хондани ин оёт тавассути мо дар шабонаруз, ба маънои истикомати дар рох аст, зеро ЭХТИМОЛИ ИНХИРОФ АЗ СИРОТИ МУСТАКИМ ДАР Х,АР ВАЧАБЕ АЗ РОХ ВА Х,АР СОАТЕ АЗ ЗАМОН ВУЧУД ДОРАД!!!
Шаби торик, биму мавч, гирдобе чунин хоил,
кучо донанд холи мо сабуксорони сохилхо....

Аӣюб
Оят будаст дар ин бора фаҳмонен мардума то каӣ аз пушти фикри фалони фикри фалони мерем ғарқ шудем аз дасташон

mukim
oyathoro bachahoi nav khonda medonan pesh khondagiho sher bait meguyan baroi hamin az bachahoi nav khonda purs

Қиём
Бачаҳоеки ояту ҳадис хондан кани чикор кунем мисли муло Абдураҳим ояту ҳадис гуеми Ҳизби Наҳзата хафакунем Муло Абдураҳим барин ояту ҳадис мухолифат кардан вазминми рузи қиёмат пеши Худо ёки Ҳизби Наҳзата

sardor
o barodar vakti hizbi nahzatu digar kasoneki monandi nahzatan guzasht khudat khon bo olimonu donishmandoni hakiki bosuhbat shav in gaphoi nahzatu ashonu zoyotiand

У замоне соли 1997 барои мансаби вазири аз рохбаронаш талаб кардани шуду барои ин мансаб хун хам резондани шуд. Имруз дигар Нури нест ки вазифа талаб кунад ва рохи дуруягиро гирифт. Хамаи ин самимияташ барои мансаб аст.

Лави ҷар
Вазифара аз Нури талаб карда будан ёки аз призидент Эмомали Раҳмон ҳамира соз фикркун ба назарам дар ҳақи гузашта ва мегузаштагиё туҳмат кардестаӣ рапиқ Насим

bozoraki
Nuri vazifa medod dar khonash kudakoshda dar hukumat budagi ast prizident vazifameta in tarifhoi khayoli baroi peshvoyashon nuri

саид
Алкашхои рус то ин дарача паст намеран ,ки ин рухони рафт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)