Бахшҳо

Ҳиҷобдор чӣ мегӯяду аврупоипӯш чӣ? 2 назар ва 2 мавқеъ

Хабарнигори “Озодагон” бо ду сокини шаҳри Душанбе, ки яке ҳиҷобдору дигаре аврупоипӯш аст, сӯҳбате орост ва аз ҳардуи онҳо далели дилбастагӣ ба либосҳояшонро пурсид. Назару мавқеи онҳо бидуни таҳрир нашр мешавад.


Меҳрангез -- донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон:
“Сатр, пеш аз ҳама, барои занҳои мусалмон фарз аст. Ман дар яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург таҳсил мекардам ва баъд аз хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар назди як зан сабақ гирифтам. Пеш аз сабақ гирифтан, бо либосҳои аврупоӣ мегаштам ва ҳаракат мекардам, либосҳои гаронарзиш бихарам. Ба сатрпӯшҳо муносибати хуб надоштам, чун мегуфтанд, баъзеяшон корҳои ношоям мекунанд. Аммо муаллимае, ки асосҳои дини Исломро таълим медод, бо панду насиҳатҳои худ маро ба пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ водор кард. Ман ҳоло либосҳои ба қавле исломиро аз маркази савдои “Саодат” харидорӣ ва ба бар мекунам, ки қиаматаш аҳ 200 то 600 сомонист. Аз ин кор пушаймон нестам ва худро ором ҳис мекунам. Бо он ки дигарон чӣ мепӯшанд, коре надорам. Ин хоҳиш ва интихоби ҳар нафар аст, ки чӣ бипӯшад ва ё напӯшад. Вале агар либос нимбараҳнаву шаҳватбарангез набошад, хубтар аст. Ман ҳоло дар Донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунам ва аксари духтарон бо ҳиҷобу рӯсарӣ мегарданд. Ҳоло ба ин муҳит одат кардаам.”

Таҳмина, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Бештар либоси аврупоӣ мепӯшам, чун барои ман мақбул аст. Ман худро бо ин гуна либосҳо озод эҳсос мекунам. Либоси кӯтоҳ, танг ва кушодро танҳо дар тобистону аввалҳои тирамоҳ мепӯшам ва ҳамеша мехоҳам, ки аз дигарон фарқ кунам. Вақте ман ба харидкунӣ меравам, албатта, барои худ либоси босифат ва замонавиро интихоб мекунам ва бисёр вақт ҳаракат мекунам аз либосҳои хонаҳои муди “zara”, “fendi”, “gucci”, “prada” бошад. Нархи он либосҳое, ки ман ба бар мекунам, аз 300 то 800 доллари амрикоист. Ба фикри худам низ хеле гарон аст, аммо ҳаракат мекунам, ҳадди ақал чоряки нархи он либосҳоямро бо маошам рӯйпӯш намоям. Медонам, ки мардум дар ҳаққи мо ҳар хел сухан мегӯянд, вале ҳар кас хуб медонад, ки ба ӯ чӣ зебанда аст. Гузашта аз ин, агар ҳиҷоб дошта бошиву бештар гуноҳ кунӣ чӣ? Магар ҳоло сафи онҳое, ки сару рӯи худро пӯшондаву дар паси парда чи корҳое намекунанд, каманд? Хуб нест, ки ошкор бошиву ба роҳи рост биравӣ? Худо инсоф диҳад, вагарна на ҳиҷоб кумак мекунад, на панду насиҳат.”


Акс аз Интернет

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Умуман, бародарону хохарони азиз! Ислом худ панду насихат асту озоди, на зуровариву фишоровари. Баъдан, гури хама чудо аст. Танхо Худованди Бузург худ медонад, ки дар он дунё чи хабар аст. Хеч кас хеч касро хукуки мухокима кардан надорад. Кабл аз оне, ки як касро мухокимаву тахкир мекунед, худ ба худ суол кунед, ки "Худ бегунох" хастед?

Асрори азалро на ту дониву на ман,
Ин харфи муаммо на ту хониву,на ман.
Хаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда барафканад, на ту мониву на ман!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)