Бахшҳо
04 апр 2013 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.

Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
АЗИЗ
Салом чаноби вазир.Оё рост аст, ки Шумо таъсиси як телевизиони мустакили Вазоратро доред?
Агар чунин бошад пас икдоми хубаст ва боиси истикбол хам хаст.
Шумо бештар дар ин тв ба кадом нерут кори такя мекунед?
Чаро дигар дар фак журналистика дарс намедихед ?

Мӯҳтарам вазир! Якчанд савол дорам:
1. Барои чӣ Вазорати маориф то ҳол нисбати рафтори дағалонаи Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати корманди Азия-плюс ягон чора наандешидааст?
2. То инҷониб ман шахсан ба Дастгоҳи президент аз болои талаботи Фарҳод Раҳимов. ки муовини аввалатон мебошад, шикоят нависта будам, ки онро ба Вазорат фиристоданд, аммо ба ҷои он ки шикоятро худи шумо баррасӣ кунед, онро шахсан худи Фарҳод Раҳимов дида, ҷавоб навистанд, ки дар амалҳояшон ягон қонунвайронкунӣ нест. Ин то чӣ андоза дуруст аст, вақте ки шикоятро аз болои ягон шахс худи ҳамон шахс баррасӣ мекунад, на ин ки роҳбари ӯ, яъне Шумо?

матни шикоятро метавонед дар ин ҷо дастрас намоед:
https://blogiston.tj/index.php/ru/blogi/shikoyat-ba-prezident-az-boloi-vazorati-m

aorif

носолим 99%
Нуридин салимов
Шумо дар бонкхои хорича маблаг доред
хисоби шахсиатон чи кадар аст
сотаи дастатон арзишаш чанд сум
мошини таги пойи бачаатон чанд хазор меистад (лутфан ман медонам ки бачаи шумо мошин дорад)
бо раиси чумхур хешигари доред
Абдучаббор Рахмонов барои шумо кист
аз хама киро бад мебинед
чаро доим дуъо мекунед ки дасти маколанависии журналистон хушк шавад
шумо ягон маротиба донишчеро афтат мисли маймунбарин гуфтаед агар раисе чунин гуаед дуруст аст
ба мансаби балантар орзумандам
озодагон эхтромона чоп кунед 7 бор менависам нашр намешавад инсоф кунед охир

Vaziri Maorif..
1) Charo dar makotibhoi Badakhshon ba omuxtani zaboni modari (yane pomeri) ijozat namedihed? Xudat nedoned ki in zabon Alifo dorat, (xatt), gulatgoi zaboni pomeri dar du jild az tarafi Karamsho Dodikhudoev...
2) Charo sathi donishi talabagoni maktab va Donishgohi Xorug ruz ba ruz ba pasti harakat karda istodaast?
3) Charo Sarvaroni maktab va Raisi Maorifi Badaxshon badi 4 - soli ivaz namekuned? Onho pusida shudand va man mebinam ki ba muderiyat javobguy nestand.
4) Charo javononro ki oyandai millat astand ba kasbi omuzgori jalb karda nametavoni? Javon omuzgori - tamom kard namedoni kim-kujo kor mekunad gayriiixticoc.
5) Charo shumo dar makotibhoi Tojikisoton va maktabhoi TJ ya formai xucuci talabagi (donishjui) jori karda nametavoned?
6) Charo Donishgohoi Tojikiston ba yak bozor tabdil eytast? (dar nazar doram puljamkuni az tarafi muallimon az donishjuon)
Tashakur,

Чаро шумо конуни конистутсияро риоя намекунед?
Чаро дар тули 4 соли раёсати ДМТ бар ухда доштанатон ягон кадрхои шумо ба хусус занон то хол депламат ё сафир? нашудаанд?
Шумо барои занон ва ё духтаронро дастгири карданатон барои илм омузи чи курбонихо кардаенд ё гузашт кардаед?
Чаро шумо дар вакти кабулатон ки рузи Шанбе аст шахрвандонро кабул намекунед?
Ё суистифода аз мансабатон мекунеду дагалона рафтор мекунед?
Маро аз донишгох барои саривакт насупоридани маблаги шартнома хорич кардаанд. чун падарам дар мухочират мехнати дар Маскав аст сариват маблаги лозимаро равон карада навонист шумо барои ман мусоидат мекунед ки ман тахсиламро давом тиям ман гоибхонам?

Абдуллох
Салом Н. Сайидов. Хадамоти алока пешниход кард барои катъи сайтхои фахшо шумо бояд ин пешниходро хаматарафа дастгири кунед ва барои манъи ин сайтхо Вазорати маориф бояд кушиш кунад. Шумо чи назар доред ба ин мавзуъ? Чун ки мактабачагони имруза ба ин гуна сайтхо бештар дастраси доранд, ки окибати хуб надорад. Агар чи пешрафти техналогия хам боша вазорат рохи ин сайтхоро дар кишвар бигирад.

Toxic
Салом вазири мух тарам
Шумохам мисли вазири пешинаи маориф мухолифат ба гуфтахои худованде ки шуморо инсон офарид ва дигар неъматхояшро ба ту арзони дошатааст мекунед?

Али
Мухтарам вазир як савол доштам .
Модаронеки 30 соли собикаи коридар сохаи маориф бе танафус доранд новобаста аз сину сол метавонанд ба нафака бароянд.

Мухтарам вазир як савол доштам .
Модаронеки 30 соли собикаи коридар сохаи маориф бе танафус доранд новобаста аз сину сол метавонанд ба нафака бароянд.

Духтарчаам дар мактаби миёнаи раками59-и нохияи Рудаки вокеъ дар махаллаи Гулбутта тахсил мекунад. Хар мох барои муаллимааш хаки тахсил 5 сомони бурда месупорад. Барои зодрузи муаллима , 8 март ва дигар чашнхо низ пул мебарад. Инак барои таъмир аз хозир 20 сомони бурд. Оё хамаи ин аз руйи конун аст? Волидон ин кадар маблагхоро аз кучо ёбанд?

Салом, устоди гироми!
Ташаккур ба Шумо ки барои сухбат розиги додед!
Устоди азиз! Намешавад хамаи донишкадаву донишгоххо тобеъи Вазорати маориф бошад?
Мисол ман дар Донишкадаи санъат кор мекунам. Ин донишкада тобеи Вазорати фарханг аст, вале ин ректор хичкира писанд намекунад. Тамоми хамкорони мо аз дасташ ба дод омадаанд.
Котибахою донишчудустонаш хукукашон аз мо боло аст.
Хамаи донишмандон тарки донишкада карданд. Пагох ба ин кишвар санъат лозим нест?
Хамин донишкада барои макотиб муаллим омода намекунад?
Хохиш ин масъаларо чидди бигиред ва бо сарвари давлат дар миён бигзоред.

Салом Вазири Маориф.
Лутфан бигуед директорони мактабхои миёнаро ки интихоб ва озод мекунад? Директори мактаб интернати №13и Шурообод 20 сари сол шуд иваз намешвад магар ин аз руи конун дуруст аст?
Ман аъзои ягон хизб нестам омузгори чавонам рузи маошгири рафтам 100 сомони маошамро гардонидан, пурсидам барои чи? гуфтанд барои суми обунаи газеттахои хизби. Ин чи гап аст? бародарам дар система кридити мехонад дар вакти санчишхои фосилави ретингсупори баъзе устодон маблаг мегуянд агар надихем холхои гирифтаро минус мекунанд. Дар як сесия се маротиба пул гирифтанро магар вичдонашон мебардорад? ду санчиши фосилави 1 имтихон 20 сомони гирад 60.

Ассалому алекум вазири мухтарам. Ба Шумо ки кори раёсати маъорифи кишварро пеш мебаред, хамчун шахрванди ин кишвар ташаккур мегуям. Шумо ки инак дар руё руи мо нишастеду мехохед ба саволхои мо чавоб гуед, суолхои бешумор дорам. Аммо зарур мешуморам, ки суоли камтар дихаму посуххои вокеи шунавам. 1. Дар муддати чанд соли охири сохибистиклолии кишвар хонандагони мактаби миёнаи раками 13-и чамоати Лахши нохияи Чиргатол дар олимпиадахо фаолонеа иштирок намуда, шумораи зиёди онхо сазовори чойи ававл мегарданд ва баъди голиб омадан дар олимпиадахои нохияви кам мешавад, ки онхоро барои иштирок дар олимпиадахои минтакави биёранд. Агар биёранд хам онхо наметавонанд, дар олимпиада озодона ширкат дошта бошанд, ки чунин шикоятхо зиёд аз забони хонандагони ин мактаб садо додааст. Масалан порсол аз ин мактаби дурдаст 15 нафар бояд дар олимпиядаи минтакави ширкат кунад, вале ягон нафар натавонист иштирок кунад. Чунки бо "сабабхо"-е онхоро наоварданд. Имсол 22 нафар хоанда аз нохияи Чиргатол ва аз ин наздики 10 нафар аз мактаби раками 13 дар олимпиадаи шахри Душанбе иштирок карданд. Аммо ягон нафари онхо сазовори чойи аввал нагардид. На бо сабаби надоштани дониш балки бо сабаби надоштани "таго" Дар квотахо президенти низ ин гуна беадолатихо нисбати хонандагони мактаби мазкур сурат мегирад. Оё шумо ба ин бовар мекунед?

Ҷаноби вазир!
Чӣ хеле ки борҳо таъкид гаштааст, он либоси ягонае, ки барои донишҷӯён омода гаштааст дар асл характери тавсиявӣ дорад, яъне пӯшидан ё напӯшидани он аз хоҳиши худи донишҷӯён вобаста аст ва дар ҳолати напӯшидани фарз намудем галстук донишҷӯро набояд аз дарс ронанд ё ин ки аз донишгоҳ хориҷ намоянд.
Дар асл бошад тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон онро ҳамчун на ин ки либоси тавсиявӣ балки фармонӣ эътироф намуда, донишҷӯёнро бе галстук ё духтаронро бо сатр ба донишгоҳ омадан намемонанд. Ин як намуд табъиз (дискриминатсия) ва монеагӣ барои гирифтани таҳсил мебошад.
Шояд вақти он расидааст, ки ин тавсиянома аз байн бурда шавад?

Аввал салом вазири мухтарам Нуриддин Саидов!
Банда устоди донишгохи миллии Точикистон хастам. Нахуст сипосгузории ахли устодони чавони яке аз факултахои донишгохро ба Шумо ирсол менамоем. (дар сухбати иртиботии сайти азия плюс ба Шумо изхори сипос намуда будем) Чун вокеан Шумо тавонистен, ки дар муддати кутохии раиси ДМТ будан ин муассисаи олиро ободу зебо ва сатхи ин Донишгохро ба зинаи боло бароред. Албатта раиси имрузаи донишгох низ икдомхои начибонаи Шуморо идома дода истодаанд. Аммо чун як нафар устод якчанд пешниходи кучаке дорам, ки шояд бо амали шудани он таъсире ба низоми маориф расонида тавонад.
1. Агар имкон бошад, намояндагони Вазорати маориф, шуъбахои маориф дар нохияхо дар як мох як маротиба аз донишгоххо ё мактабхои тахсилоти хамагони рейд гузаронанд, ки бархак ба бехтаршавии раванди таълим мусоидат хохад кард. (зеро хислати танбали дар тинати баъзе нафарон монааст, то онхоро назорати пурзур накунему фишоровари накунед кор намекунанд)
2. Дар мавриди мачбури вориди китобхонахо намудани хам устодон ва хам донишчуён бояд чорахои мушаххас андешид, зеро имруз хам устодон ва донишчуён рохи китобхонахоро фаромуш намуданд.
3. Дар мавриди эхтироми номи муаллим дар чомеа талоши Шумо зарур аст. Зеро имруз дар миёни устодон хастанд, нафароне, ки номи омузгорро хор мекунанд, ки дар симои хамаи устодон дар чомеа хамаро олудаи пораву порахури медонанд. Дар кадом маърака ё чорабинихое нанишинем, мегуянд вакти кор муаллим омадааст, як бахо ин кадар пул фалон бахо ин кадар пул меистад корди муаллим болои равган. Хол он, ки муаллим акл дорад, фаросат дорад у китоб менависад, дар проектхо иштирок мекунад, тичорат мекунад дигар манбахои даромади рузгузарони дорад. Муаллим худ дарси ахлок меомузонад худ донишчуро ба рохи рост хидоят мекунад чигуна у метавонад, дидаву дониста хамаи инро мекунад.
4. Дар мавриди интихоби мудирони кафедрахо тибки низомномаи он мудир нахуст, бояд дар чаласаи кафедра, баъдан Шурои олимони факултет ва дар охир дар Шурои олимони донишгох бо рохи овоздихи интихоб карда шавад. Аммо як мушкили ва ё проблема дар ин самт мавчуд аст, ки чаро номзаде, ки дар чаласи кафедра 18 овози рад, дар Шурои олимони факултет 17 овози рад мегирад дар ШО калони донишгох бо гирифтани овози зиёд мудир интихоб мешавад. Ин чо суол пайдо мешавад, ки мудире, ки интихоб мешавад, дар коллективи кафедра ва факултет кор мекунад ва ин тарзи интихоби мудир самаранокии кори мудирро пассттар мекунад. Ин суол пайдо мешавад, ки барои чи овоздихии аъзоёни кафедра ва Шурои олимони факултетхо ба инобат гирифта намешавад. Агар хуб мешуд бо дарназардошти овозхои гирифтаи номзад дар кафедра ва факултет бо Шурои олимони калон таксим мешуд кафедраву факултет 50 Шурои олимони калон 50.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)