Бахшҳо

Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.

Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”

Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.
Мӯҳр
ТУРО САДКАИ НОМИ БОЗОР КУНАД.БОЗОРХОИ ШАХР АЗ ТУ ДИДА ТОЗАТАРАНД. ВАТАНРО ФУРУХТИ,ИМОНРО ФУРУХТИ,БОЗ ЧИ МОНД ДИГАР.ФАРЗАНДОТ ДАР ЧОИ ТЕНЧАН.БО МИСЛИ СОЛХОИ 90 ИГВОАНГЕЗИ МЕКУНИ?

Устод Рудаки бо сухани худ шохро мачбур сохт ,суйи Бухоро пойи луч равад,агар шоирони даврони мо як нимчашоир дар байнашон медоштанд,кор ба ин дарача намерасид,бехтараш 75-солагии ягон кампиракеро,ки аз дасти чунин шоирони замона фарзандашро гум кардааст,чашн гиред.

Мирзои ХОЧИМУХАММАД
Бо як чумлаи кутох иктифо мекунам: Мутаассифона Бозор огохона ё ноогох куфрро интихоб кардааст...

Донишчу
Аз устод Бозор Собир чунин умед надоштем)))

Фируз
Ба устод Бозор Собир гуфтаниям
"О нас думают плохо лишь те, кто хуже нас. А те, кто лучше нас, тем просто не до нас..._Умари Хайём". так что устоди азиз ахамаият надихед ба он комментхо

чунки бозорак марди Худонотрс , чохил , лаганбардор мебошад

Тоҷик
Ба назар чунин менамояд,ки Бозор баъди гузашти муддате пушаймон мешавад! Бовари дорам баъди гузашти чанд мудат аз ин гуфтаҳояш низ пушаймон мешавад!! фақат метарсам ки мабодо дер нашавад ва пушаймони дигар ба дардаш нахурад

беозор
шеърхои у маъне надорад ягон навчавон уро намешиносад

Саид
Маъно дорад шеърхояш.Чавонхо? махсусан ту Бе савод мондаи.

Salom
У шоъир нест шоъиро мурдан и шоъир шуд !!!

хамма ашори шумо ба як газали Хофиз намеарзад.

РАХИМИ
Офарин!!!! Хакикатро бо забони худ гуфти. Ба синни 75 расидию холо хам Худованд туро хидоят накардааст.Агарчанде чахонро давр задед, вале....

Бозор Собирро шоир мегуянд, оё ягон шеъраш хамчун хикмат истифода мешавад? чунончи аз Саъдию Соибу Хофизу ...?
оё суханхои у ба фоида миллати точик хаст?
у дар хама давру замон бар хилофи об чараён дорад.
оё шеърхои замонавии у бар ахлоки чавонон меафзояд?
Бозор сухане хубе нагуфтааст, ки дар оянда ба кор ояд.
аз ЧО оли хохиш ки уро ба холи худаш гузорад рафта дар Амрико зиндаги кунад, то игвои наве наандозад дар байни ин мардуми шеърудуст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)