«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба самти Деҳлӣ оғоз менамояд
Хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе мунтазам рӯзҳои ҷумъа тавассути ҳавопаймои бароҳати Боинг-757-200 иҷро гардида, вақти парвоз аз Душанбе 07:30 дақиқа муқаррар шудааст.
Тавре Лола Кенҷаева, сухангӯи “Тоҷик Эйр” ба “Озодагон” хабар дод, давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши чипта ба як самт 1450 сомонӣ мебошад.
“Барои ҷалби мусофирон ба хатсайри мазкур меъёри интиқоли ройгони бор то 30 кило зиёд карда шуд”- афзуд манбаъ.
Парвози нахустин дар хатсайри мазкур санаи 31-уми май ба нақша гирифта шудааст.