Бино ба гуфтаи яке аз духтарон, ки худро Ҷаннат муаррифӣ кардааст, пулис бо тафтиши ҳуҷҷатҳои онҳо ва пайдо накардани ишкол дар ҳуҷҷатҳояшон қаноат накарда, аз чӣ бошад, ки гурӯҳи фавриро даъват карда, онҳоро маҷбуран гӯё барои тафтиши бағочашон ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Дар шӯъбаи пулис бошад, аз онҳо «террорист» ном бурда, расмашонро гирифта, бо навбат аз сӯҳбати 10 нафар гузаронида, нақши панҷаҳои дастонашонро гирифтаанд.
Дамира, Ҷамила ва Ҷаннат муддати 2 соат мавриди истинтоқи пулиси Маскав қарор гирифтаанд ва аммо касе бағочи онҳоро тафтиш нанамудааст. Ҳамчунин аз ин 3 нафар маълумотро дар хусуси қайди маҳалли зисташон, дар қайди духтури рӯҳшинос қарор доштан ва дар қайди дармонгоҳи нашъамандӣ буданашонро ба тариқи хаттӣ тақозо кардаанд.
Бино ба гуфтаи коршиносони масоили ҳуқуқ ироаи ин гуна маълумот ихтиёрӣ буда, касе ҳақ надорад дар ин бора аз шаҳрвандон хаттӣ ва ё умуман ба таври дигар маълумот бипурсад. Ин амали пулиси Маскав миёни намояндагони созмонҳои мусулмонии Русия вокунишро ба бор оварда, ҳамакнун духтарони таҳқиршуда якҷо бо вакили дифоъи ботаҷриба, ки яке аз созмонҳои ҳуқуқҳимоякунанда манзур кардааст, ба додситонӣ аз болои ин амали пулис шикоят бурдаанд.