253 ҳазору 298 сомонӣ ҷарима ба буҷаи кишвар ворид гардид
Дар нимсолаи аввали соли равон фурўши 5 ҳазору 224 дона лампаҳои тафсон ва 2 ҳазору 417 то фурӯзонакҳои каммасраф дар бозорҳои кишвар манъ карда шуд.
Масъулини агентии Тоҷикстандарт сабаби аз муомилот баровардани чунин лампаҳоро ба надоштани сертификати мутобиқат ва бо забони ғайридавлатӣ будани маълумотномаашон рабт доданд. Ба иттиллои масуълини ин агентӣ дар шашмоҳаи соли равон барои риоя накардани меъёри стандартҳо, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям ва вориду фурўши маҳсулоти ғайристандартӣ 1 ҳазору 285 нафар ба маблағи 253.298 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки ин миқдор маблағ ба буҷаи давлат ирсол гардид. {jathumbnail off}