Кароматулло Холиқов дар зодгоҳаш ба хок супорида мешавад
Шаби гузашта Кароматулло Холиқов, муовини райиси КМИР-и Тоҷикистон, ҳамзамон декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе аз дунё чашм пӯшид.
Тибқи иттилое, ки то ин замон ба «Озодагон» расидааст, сабаби фавти марҳум марги нобаҳангом унвон мешавад. Маросими ҷанозаи Холиқов соати 11 дар Душанбе сурат мегирад ва баъдан майитро ба зодгоҳаш- шаҳри Ваҳдат мебаранд.
Холиқов Кароматулло Назруллоевич, дар соли 1957 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омада, соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1980 ба ҳайси муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик шурӯъ карда, аз соли 1982 то поёни умраш дар донишгоҳ ба ҳайси устоди таълимгоҳ адои вазифа мекард. Моҳи феврали соли 2006 декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ таъин гардида, ҳамзамон дар моҳи феврали соли 2011 мансаби муовини райиси КМИР-и Тоҷикистонро ба ӯ лоиқ донистанд. Марҳум номзади илми ҳуқуқ, дотсенти донишгоҳ буд. Хизматҳои Кароматулло Холиқов бо нишони «Меҳнати шойиста» ва унвони «Корманди шойистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.{jathumbnail off}