Боксчиён барои Ҷоми раиси Душанбе сабқат мекунанд
Рӯзи 22-юми июни соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мусобиқаи бокси ҳирфаӣ барои Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа ду муштзани шинохтаи тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев ва Шералӣ Достиев бо муштзанҳои Гурҷистонӣ қувваозмоӣ мекунанд.
Муштзани шинохтаи тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев бо Ҷаба Шалуташвили ва Шералӣ Достиев бошад бо Кахабер Аветисиён ба ринг мебароянд.
Шералӣ Маҳмадалиев ҳамагӣ 31 сол дорад, ӯ соли 2010-ум камарбанди WBO EUROPEAN-ро соҳиб шуда, ва PABA (Созмони аврпоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардидааст. Ин варзишгари бомаҳорат ду сол қабл унвонашро аз даст дод. Шералӣ, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” ном баровардааст, аз соли 2008-ум ҳамагӣ 18 маротиба ба ринг баромада, 16-маротиба (9-бор бо нокаут) пирӯз шуда ду бор ( дар яке бо нокаут) мағлуб гаштааст.
Шералӣ Достиев бошад 27-сола аст, ӯ аз соли 2009-ум дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад ва ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ анҷом додааст, ки ҳашт маротиба пирӯз гашта, якмаротиба мусовӣ карда як бор шикаст хурдааст.
Мусобиқаи мазкурро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти шаҳри Душанбе ва ширкати “Taj Promot ions” ташкил кардаанд.
Дар акс Шералӣ Маҳмадалиев