Ҳукми момодоя. Ҷазо барои марги Заррина ва тифли навзодаш
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Тӯтиннисо Эгамбердиева, як сокини 45-солаи Душанберо, “барои худсарона машғул шудан ба момодоягӣ”, ки боиси марги модару кӯдак шудааст, ба се соли зиндон маҳкум кард. Аммо Рухшона Одинаева, қозии парванда, гуфт, ин ҳукм шартан татбиқ намегардад ва ба маҳкумшуда 2 (ду) сол муҳлати санҷишӣ муқаррар шудааст.
“Ҳолатҳое, ки ҷазои Эгамбердиеваро сабук мекунанд, ин зани танҳо будан ва доштани ду фарзанди кӯчак аст. Ҳамчунин ӯ аз кардааш пушаймон асту ба гуноҳаш иқрор кард аз ҷои зисташ хислатномаи мусбат дорад”,-афзуд Рухшона Одинаева.
Дар ҳалномаи додгоҳ гуфта шудааст, ки Тӯтиннисо Эгамбердиева маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ дошта, аз соли 1987 то соли 2008 дар беморхонаи Маркази саломатии шаҳри Душанбе ба ҳайси момодоя кор кардааст. Аммо ӯ аз соли 2008 то инҷониб бидуни иҷозатнома дар манзили зисташ ба фаъолияти хусусии тиббии момодоягӣ машғул шудааст.
Масъулони додгоҳ мегӯянд, марги Заррина Умароваи 32-сола ва тифли навзодаш дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ дар манзили Тӯтиннисо Эгамбердиева пинҳонкориҳои ӯро рӯи об баровард. Тибқи қарори додгоҳ, Эгамбердиева ҳарчанд медонист, ки вазъи саломатии Зарина Умарова хуб несту манзилаш ба шароити таваллудкунӣ ҷавобгӯ намебошад, аммо ӯро қабул кардааст.
“Бе муоинаи тиббӣ ва муайян кардани вазъи саломатӣ, тахминан соатҳои 24-00 дақиқа худбоварӣ ва бепарвоӣ зоҳир намуда, ба дохили раги хунгарди Умарова 500 мл маҳлули “Глюкоза-05%” ва ба миқдори 1 мл маҳлули доруи “Оклитацил” гузарондааст. Баъдан Эгамбердиева бо ин роҳ тифли навзоди Умароваро дар ҳолати мурда берун оварда ва шавҳари ӯро даъват карда гуфтааст, оилаатонро барои табобати минбаъда ба таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе баред. Рӯзи 24-уми январ ҳангоми ба тавалудхона бурдан Зарина Умарова ба халокат расидааст”,-омадааст дар қарори додгоҳ.
Эгамбердиева дар мурофиаи судӣ худашро бо айби эълоншуда пурра гунаҳкор ҳисобида, иқрор кардааст, ки аз соли 2008 инҷониб дар манзили зситаш ба шиносҳои наздик барои таваллуд ёрӣ мерасондааст. Судшаванда қайд карда, ки Заррина Умарова, ки пештар дар ҳамсоягияш зиндагӣ мекардааст, зимни таваллуди се фарзандаш аз хидмати ӯ кор бурдааст ва ин аст, ки ҳангоми таваллуди фарзанди чорум низ ба ӯ муроҷиат намуд.
Эгамбердиева таъкид намудааст, ки ягон бор барои хизматҳояш пул талаб накардааст ва шиносҳояш бо хоҳиши худ вобаста ба шароитҳои доштаашон ба ӯ ягон миқдор пул медодаанд.