Боздиди кори Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Файзобод
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод дидан кард.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмон дар маросими ба истифода додани чанд иншоот ширкат карда дар маркази ноҳия бо сокинони Файзобод мулоқот дошт.
Боздиди кории президент аз деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинобод бо шиносоӣ бо парвариши картошкаи тухмӣ дар КВД ба номи Абдувоҳид Назиров оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, аз 746 га замини корами ин корхона 528 гектараш обӣ аст. Картошка дар майдони 65 га кишт карда шудааст. Дар тамоми ноҳия, ки дорои 3700 га замини обӣ аст, дар майдони 300 гектар картошка кишт карда шудааст.Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ноҳияву ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ба ҳазор гектар расондани майдони кишти картошка дар ноҳияи Файзобод тадбирҳо андешида, амалӣ намоянд.
Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бо иштироки президент як мактаби дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба иттилои масъулин, мактаб дар зарфи ду сол бо харҷи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд сохта ва бо асбобу ашё ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, қисми зиёди ин маблағ қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд, боқӣ саҳми ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод сарвари давлат бо кори ибратбахши хоҷагиҳои деҳқонӣ аз наздик шинос шуд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо истифодаи босамари заминҳои обӣ, аз ҷумла кишти такрориро хуб ба роҳ монда, аз он самараи дилхоҳ мегиранд. Бобои Аҳмад Бердиеви 88 сола низ, ки иштироккардаи ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва маъюби гурўҳи якум мебошад, бо фарзандону наберагон дар 4 га замин хоҷагии деҳқонӣ созмон дода, вақти бештари худро дар майдонҳои кишт мегузаронад. Бобои Аҳмад мегӯяд, кор дар саҳро ва тарзи солими ҳаёт ба ў қуввату дармони ҷавонӣ мебахшад.
Бо иштироки президент дар маркази ноҳия осорхона як чойхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт.Зимни боздид аз осорхонаи ноҳиявӣ Эмомалӣ Раҳмон бо осори таърихии шаҳри бостонии Вашгирд ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.Чойхонаи миллӣ бошад, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврўз Бобиев бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, толори асосии он дар ошёнаи дуюм дорои 130 ҷойи нишаст мебошад.Ошёнаи якумаш бошад, дорои толори бозиҳои гуногуни варзишӣ ва толорҳои дилхушӣ аст.Дар боғи марказии ноҳияи Файзобод Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли заҳмати ноҳия мулоқот намуд.Миёни сарвари давлат ва сокинони ноҳияи Файзобод маҳфили ошкору самимии пурсишу посух сурат гирифт. Зимнан, соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ҳакимов ӯҳдадорӣ гирифт, ки дар ноҳияи Файзобод як корхонаи бузурги ресандагӣ ва як мағозаи фурўши тухму гўшти мурғ ифтитоҳ менамояд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаҳои мавҷуда ва иҷрои дархостҳои имрўзаи мардум то охири соли равон татбиқи лоиҳаи расондани оби нўшокӣ ва тармиму навсозии беморхонаи марказӣ ба поён мерасад ва барои барқарор намудани 40 чоҳи амудии обкашӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва қабул хоҳад шуд, то ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон маркази лизингии техникаи кишоварзӣ бо 10 адад техникаи нав ба кор шурӯъ хоҳад кард. {jathumbnail off}