Арабистони Саудӣ ба китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу компютер тӯҳфа карданист
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон китоб эҳдо мекунад.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа, қарор аст ин тасмим рӯзҳои наздик амалӣ шавад ва дар доираи он осори гаронарзиш ба китобхонаи нави миллии Тоҷикистон тақдим гардад.Гуфта мешавад, китобҳо аз 650 номгуй ва зиёда аз 1000 нусха иборат буда, ба унвони сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ё маъмурияти китобхонаи миллии Тоҷикистон қабл аз баргузории ҷашни истиқлол хоҳанд расид. Ҳамзамон, намояндаи вазорати фарҳанг ва иттилооти ин кишвар ният дорад, аз фурӯшгоҳҳои Душанбе компютеру фанноварии муосир харидорӣ карда, ба китобхона тӯҳфа кунад. {jathumbnail off}