ВКД куштори бераҳмонаро дар Ҳисор тасдиқ кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки як сокини ноҳияи Ҳисор аз рашк занашро бераҳмона куштааст.
Ин ниҳод мегӯяд, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҳисор ҳамчун гумонбар дар куштор шаҳрванд Сафаров Бахтиёр Зубайдович соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҳисорро, дастгир кардаанд, ки “ӯ рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 09:00-дақиқа, аз сабаби ба миён омадани рашк, ҳамсараш Нозимова Фараҳноз Муродалиевна соли таваллудаш 1983-ро бо корди хоҷагӣ бо бераҳмии махсус 14 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа Нозимова Фараҳноз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”
Гуфта мешавад, боздоштшуда, ҳангоми муҳоҷират дар Русия шунидааст, ки занаш ба ӯ хиёнат кард ва баъди бозгашт ба Ватан ба куштори ҳамсараш даст задааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 104 қисми 2, банди «е» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.