Тоҷикистон аз рӯи навоварӣ пеш рафтааст
Тоҷикистон дар гузориши имсолаи “Нишондоди ҷаҳонии навоварӣ-2013” (Global Innovation Index 2013) миёни 142 кишвар ҷойи 101-ум гирифтааст, ки нисбати соли гузашта шаш зина пеш аст.
Таҳиягарони гузориш – Мактаби байналмилалии тиҷорат “INSEAD”, донишгоҳи Корнел ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба навовариҳо дар 142 кишвари дунё баҳогузорӣ кардаанд, ки 95 дарсади сокинони сайёраро фаро мегиранд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, дар баробари зарфиятҳо инчунин ба шароити татбиқи навовариҳо диққат додаанд. Дар сархати кишварҳои навовар Швейтсари, Шветсия, Британияи Кабир қарор гирифтаанд.