Нигаронии Достиев аз рейдҳои ҷавонони ниқобпӯшу мусаллаҳ
Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав вобаста ба рейдҳои ғайриқонунии як гуруҳ ҷавонони ниқобпӯшу мусаллаҳи Русия алайҳи муҳоҷирон, имрӯз, 1-уми июл, ҷаласа доир намуда, аз масъулин расидагӣ ба чунин қазияҳоро талаб намудааст.
Достиев аз ҷумла рейди ахири аъзоёни ҳаракати «Щит Москвы»-ро, ки бо таппончаҳо ва зарфҳои газӣ мусаллаҳ шуда, дар хобгоҳи муҳоҷирони корӣ дар кӯчаи Ян Фабритсиуси Маскав санҷиш гузарондаанд, зикр карда, ҳушдор додааст, ки такрори он метавонад бо даргириҳои оммавӣ анҷомад.
Сафорат мегӯяд, намояндагони ҳаракати «Щит Москвы»-28-уми июн бе ҳузури мақомоти расмӣ худсарона муҳоҷирини корӣ аз ҷумла тоҷиконро мавриди санҷиш қарор додаанд ва онҳоро бо таҳқиру зӯрӣ аз иқоматгоҳ берун намудаанд ва ҳузурашонро дар Русия ғайриқонунӣ хондаанд.
Намояндагии Тоҷикистон дар Маскав ҳушдор медиҳад, ки чунин санҷишҳои худсарона бе ҳузури намояндагони мақомоти расмӣ дар оянда метавонад ба даргириҳои оммавӣ анҷомад. Баъди муроҷиати сафорат мақомоти Русия ваъда додаанд, ки ҷузъиёти ин қазия таҳқиқ хоҳанд шуд.
Аъзои созмони ҷамъиятии «Шит Москви», ки ҳадафашро ҳимоя аз пойтахти Русия медонанд, алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ баромад мекунанд.