Мақомоти амниятии Русия аз пешгирии боз як амали терорристӣ дар Маскав хабар медиҳад.
Тавре сардори Хадамоти федеролии амният (ФСБ)-и Русия Александр Бортников ба президенти ин кишвар Дмитрий Медведев гузориш дод, як гурўҳи муташаккили ифниҷоргари иборат аз 4 нафар сокинони Қафқози шимолӣ, ки мехостанд дар ҷойхои сериздиҳом , бахусус дар нақлиёти тезрави метро таркишҳо роҳандозӣ намоянд, боздошт шудаанд. Аз ин гурўҳи ҷинояткор ба андозаи 10 кило маводи тарканда, харита ва нақшаи таркиш, миқдоре аслиҳа дарёфт ва мусодира гардидааст. Ҳамаи боздоштшудагон аз сӯи мақомоти амнияти мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, аллакай ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, президенти Русия Дмитрий Медведев аз мақомоти амнияти тақозо кардааст, то тафтишоти ҳодисаи мазкурро ҳарчӣ зудтар ба анҷом бирасонанд. Ҳамчунин президент Медведев фаъол гардидани фаъолияти ниҳодҳои амниятиву интизомиро аз сарварони ин мақомот тақозо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш таркишҳое дар метрои Маскав ва Мински Белорус чандин мардумро кушта ва чандеи дигарро ҷароҳатбор карда буданд.{jathumbnail off}