Исроил барои кумак ба саркуби тазоҳуротҳо дар Туркия эълони омодагӣ кардааст
Манобеъи огоҳ мегуянд раиси Мусод дар сафар ба Анкара ва дар дидор бо мақомоти туркияӣ, барои кумак ба онҳо ҷиҳати саркуби тазоҳуротҳо эълони омодагӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", дастгоҳи иттилооти режими саҳюнистӣ ахиран ба туркҳо пешниҳоди ҳамкорӣ ҷиҳати саркуби тазоҳуротҳои Туркияро ироъа кардааст.
Манобеъи огоҳ рузи душанбе аз сафари Тамир Порду, раиси Мусод ба Туркия хабар доданд. Бинобар ин гузориш, сафари Порду ахиран пас аз сафари вай ба Амрико ва бо пушиши анҷоми музокира ҷиҳати таъиини ғаромати кушташудагон дар ҷараёни ҳамлаи исроилиҳо ба киштии Мармара, анҷом гирифтааст.
Як манбаъи огоҳ, ки мехоҳад номи у фош нашавад, ба хабаргузории "Форс" гуфт: Порду дар Амрико бо мақомоти Вашингтон дар мавриди авзоъи Туркия музокира карда ва аз онҳо барои кумак ба Туркия дар саркуби тазоҳуротҳо, чароғи сабз гирифтааст.
Вай афзуд: дар ин сафари раиси Мусод ба Туркия, эълон шуд, ки вай барои музокира ҷиҳати таъини мизони ғаромати қобили пардохт ба хонаводаҳои қурбониёни Мармара ин сафарро анҷом дода, аммо у дар хафо мавзуъи дигареро матраҳ кард. Вай дар дидорҳое, ки дошт, барои кумаки Исроил ва Анкара дар саркуби тазоҳуроткунандаҳо эълони омодагӣ кард, ва охирин таҳаввулоти Туркияро мавриди баҳс қарор дод.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи огоҳи дигар дар вазорати иттилооти Туркия таъид кардааст, ки Порду дар сафари моҳи июн ба Туркия, бо Ҳокон Фидон, раиси сервиси иттилоотии ин кишвар ва дигар мақомоти Туркия дидор карда ва тарҳи Исроил ҷиҳати кумак ба саркуби муътаризони туркро ироъа кардааст.
Туркия дар як моҳи гузашта шоҳиди мавҷе аз тазоҳуртоҳои густардае буда, ки оташи он аввалин бор бо бархурди хашини полис бо як таҷаммуъи эътирозии ҳомиёни муҳити зист дар наздикии майдони Тақсим шуълавар шуд. Ҳамин бархурд буд, ки муҷиб шуд ин тазоҳуротҳо хеле зуд фарогир шуда ба ва маҳалле барои эътирози мардуми Туркия ба сиёсатҳои давлати Раҷаб Тайиб Урдуғон табдил шуд. То кунун дар ин тазоҳуротҳо чаҳор нафар аз муътаризон ва як неруи полис кушта ва садҳо нафар низ захмӣ шудаанд.